Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Расулзода дар Маскав оғози парвозҳо ва афви муҳоҷиронро хост: чӣ ҳосил шуд?

7783
(Таҷдидшуда 21:17 09.02.2021)
Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки тайи ду рӯзи охир таҳти роҳбарии нахуствазири тоҷик, Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати кишвари мизбон, Алексей Оверчук ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Расулзода бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ, ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд. Ҳайати меҳмон ба вазъи хуби эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таъкид намудааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират аз мавӯъҳои меҳварии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ буд.

Маликшоев роҳи русияравиро гуфт: аз пешвозу фатирхӯрии ноиби губернатор то маошу роҳпулӣ

“Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки зимни иқомат дар Русия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд”, - иттилоъ дод ВУХ.

Манбаъ афзуд, барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Русия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби мизбон муроҷиат сурат гирифт.

Вазорати умури хориҷӣ дар мавриди посухи Русия ба ин дархостҳои Тоҷикистон иттилое надодааст.

Дар ҷаласа инчунин ҳамкориҳо дар бахши беҳдошт, маориф, аз ҷумла бунёди макотиби русӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сайёҳон аз Русия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, афзоиши боркашонӣ ва тиҷоратро баррасӣ намудаанд.

Аз ҷумла ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Русия чораҳои зарурӣ меандешанд. Инчунин мувофиқа шудааст, ки барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Русия чораандешӣ хоҳад шуд.

7783
Барчаспҳо:
муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

375
(Таҷдидшуда 22:02 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи комсамоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

375
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор

355
"Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!" , навишта шудааст дар шишаи он, ки Яхдони меҳрубонӣ ном дорад

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.

"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат  гузошта шудааст.

Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон  аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.

Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.

Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

355