Празднование Курбан-байрама в России

Кумитаи дин шарҳ дод, ки кадом китобу мақолаҳо дар Тоҷикистон ифротӣ дониста мешаванд

522
(Таҷдидшуда 13:23 10.02.2021)
Кумитаи дин таъкид доштааст, ки ба маводҳои ифротӣ, даъватҳои оммавӣ барои барҳам додани сохти конститутсионӣ, фаъолияти экстреместӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси гузаронидани ташхиси диншиносӣ муайян мешавад, дохил мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки нашри китобҳое, ки равияҳои экстремистиву террористӣ доранд дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.

“Масалан ташкилоти террористии ДОИШ як силсила китобҳои тарғиботӣ дорад, ки бо истифдаи оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ мехоҳад амалҳои худро дуруст нишон диҳад, яъне ҷиҳод, шаҳид шудан ва  кушатани мусалмонон ҳақ аст. Чунин маводҳои тарғиботӣ аз ҷониби аксари ташкилотҳои террористӣ ба назар мерасад”, - қайд карданд масъулини Кумитаи дин.  

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, бештари маводҳое, ки дар Тоҷикистон нисбати онҳо хулосаи манфӣ дода шудааст, маводҳое ҳастанд, ки дар шабакаи интернет нашр ёфтанд.

"Шахсон ва гурӯҳҳои муайян барои паҳн кардани ҳамин гуна маводҳои ифротӣ, даъватҳои оммавӣ барои барҳам додани сохти конститутсионӣ, фаъолияти экстремести машғул ҳастанд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда мешаванд ва дар асоси гузаронидани ташхиси диншиносӣ ба онҳо хулосаи дахлдор дода мешавад”, - қайд шуд дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон Кумитаи дин зикр кард, ки маводҳои дорои сиёсиро ташхис намегузаронанд.

Кумита танҳо маводҳои Ҳизбут-таҳрир, ДОИШ, Ҷабҳат-ан-нусра, Ансоруллоҳ, равияҳо ва ташкилотҳое, ки бо қарори  суди олӣ фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст, таҳлил менамояд.

Масъулин гуфт, ҳатто маводҳое ҳаст, ки ба ягон ташкилот рабт надорад.

"Мо ба маводҳои шахсоне, ки мақсадҳои ғаразнок доранд ба воситаи паҳн кардани фикру андешаҳои худаш бо истифодаи ояту ҳадисҳо фатвоҳои дуруғин ё фатвоҳое, ки хилофи мазҳаби Ҳанафӣ ҳаст хулосаи манфӣ медиҳем”, - зикр карданд масъулини Кумитаи дин зимни нишастӣ матбуотӣ.

522
Барчаспҳо:
ташхис, ифротӣ, китоб, кумитаи дин, Тоҷикистон
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

314
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

314
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

255
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

255
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

0
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

0
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон