Логотип youtube

"Акаи братан": мақомот ба "шикор" и студияҳои ютубӣ сар карданд

1952
(Таҷдидшуда 12:13 15.02.2021)
Дар пайи ташхиси мақомоти Тоҷикистон 4 студияи ютубӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ шуда, таҳқиқи кори 30 студияи дигар идома дорад

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён, директори "Тоҷикфилм" зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳафтаи равон таҳқиқи фаъолиятҳои ҳудуди 30 студияе, ки маводи видеоиро таҳия ё дубляж намуда, дар шабакаи "YouTube" пахш мекунанд, шуруъ шудааст.

"12 савол пеш гузошта мешавад. Аз роҳбарияту гардонандаҳо сар карда то ин ки чаро чунин матолибро таҳия ва дар Ютуб паҳн мекунанд, таҳқиқу ташхис мешавад. Пас аз анҷоми ташхис хулосаро ба мақомоти зидахл пешниҳод мекунем", - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Директори "Тоҷикфилм" аз мақомоти мушаххас ном набурд, аммо шуморе аз студия ва каналҳои фаъол дар шабакаи "YouTube" – ро ном бурд.

Инҳо аз қабили "Акаи братан", "Дустмурод Шарипов Донжуан", "Комрон Шоу", "Тупаланг филм", "Тв Тҷ", "Саъдӣ Арабшо", "СФ продюшн", "Қурбон Неъматов", "Ибрагимов", "Қаҳрамон Ютуб", "Олами синамо", "Раҳим Шоу про", "Чӣ ба кӣ", "Акбар Шоу", "Акбар про", "Ҳамнафас" ва "Новий оффис".

Ҳамчунин Маҳмадсаид Шоҳиён 4 студияеро, ки аллакай фаъолияташон аз сӯи "Тоҷикфилм" ё мақомоти дигар қатъ карда шудааст, номбар накард.

Тасмими “Тоҷикфилм” барои сабти филм дар бораи COVID-19

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, гуфт, ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин студияҳо аз имкон берун аст, чун "YouTube" моли Тоҷикистон нест, аммо он чӣ онҳо пахш мекунанд, воқеан нигаронкунанда аст.

"Ман имрӯз дар Фейсбук хондам, ки ҳамзабонони мо дар Эрону Афғонистон таҳлилҳое анҷом дода, ба контенти тоҷикӣ, он чиҳое, ки мегузоранд, хеле баҳои бад додаанд. Як санге ҳам ба фарҳанги мо ва ҳунари синамои мо андохта шудааст. Сохторҳои "Тоҷикфилм" шакл мегиранд ва ҳатман сари ин чизҳо ҷиддӣ машғул хоҳанд шуд", - гуфт Сафар Ҳақдодов.

Ӯ афзуд, "Тоҷикфилм" ду сол шуд, ки таъсис ёфт ва ҳатман механизмҳое пайдо мешаванд, ки чунин студияҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд ва афроди тасодуфиро канор мезананд. Ҳеҷ давлате иҷоза намедиҳад, ки студияҳо ба ин корҳо машғул шаванд, роҳҳои маъмурӣ ҳам ҳастанд, аз қабили мусодираи дискҳо, зикр кард Сафар Ҳақдодов.

Бино ба додаҳои "YouTube", студия ё каналҳои ютубии тоҷикиро, ки мавриди занну гумон ва ташхиси мақомот қарор гирифтаанд, аз 10 то 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.

Ба гунаи мисол, каналҳои "Дустмурод Шарипов-Донжуан" 226, "Акбар Шоу" 109 ва "Комрон Шоу" 36,3 ҳазор пайрав ё обуначӣ доранд.

Тибқи иттилои "Тоҷикфилм", соли 2020 ин ниҳод 29 ҳазор дискро, ки умдатан дубляжи филмҳои туркиянд ва ҳам мӯҳтавои заифу хилофи қонун дошта, ғайриқонунӣ паҳн шудаанд, тариқи шикастан нобуд кардааст.

Бино ба ин манбаъ, ин дискҳо ба ҳамон 30 студияи истеҳсолӣ тааллуқ доранд, ки на фақат бо студияҳои туркӣ созишномаи хариду фурӯши маводи аудиовизуалиро надоранд, балки фоқиди суроғаи ҳуқуқӣ ҳастанд ва худсарона ба истеҳсолу тариқи қочоқ пахш кардани маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд.

1952
Барчаспҳо:
мақомот, YouTube, шикор, Тоҷикистон
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

1
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.

Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва ҳамчунин аз 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.

Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.

Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.

Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.

1
Барчаспҳо:
ғолиб, тоҷик, рассом, Маскав, фестивал
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

59
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

59
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон