Свечка, архивное фото

Мотам дар соҳаи фарҳанг: даргузашти 25 шахсияти барҷаста дар Тоҷикистон

863
(Таҷдидшуда 12:40 12.02.2021)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода гуфт, бахши фарҳанги кишвар имсол 25 шахсияти барҷастаро аз даст дод, ки ин боиси таассуф аст

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Раҳбарияти Вазорати фарҳанг ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи кумаку дастгирӣ дар давраи маросими дафни 25 нафар аз аҳли фарҳанг изҳор дошт, ки албатта аз ҷониби Вазорати фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

"Ҳамаи мо инсон ҳастем. Ҳамаи мо дар ин дунё меҳмон ҳастем, ягон кас абадуддаҳр намемонад. Худи роҳбарияти вазорат иштирок карданд, масъулон ба хонаи онҳо ташриф меоранд, бо аҳли хонаводаашон - (шарҳ аз идора) телефонӣ суҳбат мекунем",- гуфт Давлатзода.

Вазир афзуд, ки даргузашти бузургон боиси таассуф ҳаст, вале аҷал ки омад аз он роҳи гурез нест. Он аз даргоҳи ҳар яки мову шумо гузар мекунад, таъкид кард вазир.

Ӯ афзуд, ки ҳамеша дар фикру зикри бузургони гузашта ҳастанд.

"Мо он шахсиятҳоеро, ки миёни мо нестанд ва он бузургонеро, ки хушбахтона бо мо ҳастанд, хабар мегирем. Кумакҳои молӣ шояд ночиз бошад, вале тибқи имкону шароит ва дарёфтҳои Вазорати фарҳанг мо албатта дастгирӣ мекунем", - гуфт Зулфия Давлатзода.

Ёдрас мешавем, ки аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар соли 2020 шахсиятҳои бузурги зиёдеро аз даст дод. Бархеи онҳо қурбони ҳамагирии коронавирус шуданд.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳоро намебинад.

Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин Саид

Ӯ гуфт гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.

863
Барчаспҳо:
ҳунарманд, Тоҷикистон, даргузашт
Душанбе плаза

Бонки миллӣ ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолият иҷозатнома дод

26
(Таҷдидшуда 00:11 08.03.2021)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои 5 соли оянда иҷозатномаи фаъолият дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки қарори раёсат дар ин бора санаи 4 марти соли равон ба имзо расидааст.

Тибқи иттили манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонк таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард.

26
Барчаспҳо:
фаъолият, Тоҷикистон, ширкат, иҷозатнома, Бонки миллӣ
колодец

Амрико барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт

55
(Таҷдидшуда 00:07 08.03.2021)
Сафорати Амрико дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ, ба Горди миллии Тоҷикистон чоҳ сохт

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими супоридани чоҳи навсохта атташеи ҳарбии Амрико, подполковник Ҷошуа Мадлингер ва муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, генерал-майор Ализода Ҷонибек, иштирок доштанд.

Сохтмони лоиҳаи “Чоҳ” дар чаҳорчубаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар, тибқи боби 10-и моддаи 284-и Вазорати мудофиаи Амрико, аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда шудааст.

 Арзиши умумии лоиҳа 110 ҳазор доллар мебошад. Ин иншоот чорабиниҳои Маркази таълимии Горди миллиро, ки барои гузаронидани машқҳои муҳим, баҳри бехатарии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, дастгирӣ мекунад.

Таҳкими иқтидори Маркази таълимии Горди миллӣ имкониятҳои Марказро дар самти таъмин намудани омӯзиш барои хадамоти амнияти Тоҷикистон, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмонҳои ифротгарои зуровар, ба таври назаррас васеъ мекунад.

“Амрико, чун ҳарвақта, садоқати худро баҳри шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии пойдории амният, соҳибихтиёрӣ ва нақши он дар суботи минтақавӣ, тасдиқ менамояд.  Ин талошҳо нақши мусбиеро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, дастгирӣ менамоянд”, таъкид доштааст сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ИМА тули 29 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва дар ин муддат тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд.

55
Барчаспҳо:
обтаъминкунӣ, Горди миллӣ, об, Амрико, Тоҷикистон
В учебной аудитории Кабульского политехнического института

Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд

0
(Таҷдидшуда 00:17 08.03.2021)
Пас аз се моҳ таътилӣ ба хотири маҳдудиятҳои ворид шуда ба хотири паҳншавии вируси корона донишгоҳҳои Афғонистон дубора дарҳои худро барои донишҷӯён боз карданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.

Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
таътил, донишҷӯён, донишгоҳ, вируси корона, вирус, Афғонистон