ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ омори гирифторӣ ба вируси корона дар минтақаҳоро ном бурд.
Бино ба иттилои вазир аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Суғд - 4300, Душанбе - 4100, ноҳияҳои тобеи марказ - 1500, вилояти Хатлон - 1998 ва ВМКБ - 1196", - гуфт Абдуллозода.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ аз гирифтории 13 ҳазору 308 нафар дар саросари кишвар хабар медиҳад.
Аз ин теъдод кунун 13 ҳазору 218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон гирифтори коронавирус нашуд: ӯ сабабашро шарҳ дод
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.
Дар баробари ин раисиҷумҳур таъкид кард, ки ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст.
Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд.
Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард.
Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст.
Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки қарори раёсат дар ин бора санаи 4 марти соли равон ба имзо расидааст.
Тибқи иттили манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонк таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард.