Акция борьба с коронавирусом в ГБАО

Дар Бадахшон бемори коронавирус дар як ҳафта чанд нафарро сироят мекард: шарҳи вазир

1451
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо вуҷуди номбар кардани дастоврдҳои кишвар дар роҳи пирӯзӣ бар коронавирус, мушкилиҳоро низ гуфт

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ба қавли Ҷамолиддин Абдуллозода пеш аз ҳама надоштани ташхисгоҳҳо дар минтақаҳо ва ё шумораи ками онҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи пандемӣ мушкилии калидӣ дар роҳи мубориза бо коронавирус буд.

Ба гуфтаи ӯ, вақте коронавирус шуюъ кард, Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория дошт.

"Дар даврае, ки мо бемориро ба қайд гирифтем, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория фаъолият мекард. Имконияти ҳамаро аз ташхис гузаронидан, надоштем", - изҳор дошт вай. 

Дар ҳамин ҳол, ба қавли вазир дар ВМКБ умуман лаборатория набуд.

"Онҳо таҳлилҳоро ба Душанбе равон мекарданд. Дар натиҷа, то муайян шудани ташхис як ҳафта мегузашт. Дар як ҳафтаро ҳамон одаме, ки касал буд чанд нафарро сироят мекард", - таъкид кард Абдуллозода.

Дору, дастгоҳи нафасдиҳӣ: маълум шуд, ба маблағҳои суратҳисоби махсус Ҳукумат чӣ мехарад

Ба қавли вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 18 дастгоҳи "ПЦР" ва 32 лаборатория фаъолият мебаранд.

1451
Барчаспҳо:
Душанбе, ташхис, ВМКБ, Тоҷикистон
Денежные купюры: евро, доллары и российские рубли.

Ҷаҳиши қурби Евро ва рубли русӣ дар Тоҷикистон

5
(Таҷдидшуда 09:44 04.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби Евро ва рубли русӣ боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6377 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1530 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

5
Барчаспҳо:
рубл, евро, асъор, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе

Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

13
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Тибқи таҳлилҳои ситоди вазорат тандурустӣ, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон доштааст, новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир,  сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.

13
Барчаспҳо:
муътадил, вазъ, тандурустӣ, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон