Здание Хукумата в Таджикистане

Бӯйи баҳор меояд: ҳавошиносон дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мекунанд

468
(Таҷдидшуда 09:49 13.02.2021)
Ҳавошиносон мегӯянд, имрӯз дар водиҳои вилояти Хатлон рӯзона то 19 - 24 дараҷа ҳаво гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон имрӯз камабру тағйирёбанда мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси ҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои алоҳидаи  ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад, Дамои ҳаво бошад, дар шарқи вилоят шабона то 30 дараҷа хунук аммо рӯзона то 6 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ҳавои вилояти Суғд камабр ва бебориш мешавад. Дар водиҳо рӯзона то 19 дараҷа ва шабона то 9 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Дамои ҳаво дар водиҳо рӯзона то 24 дараҷа ва шабона то 14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  

Меғ мефарояд: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  9+11 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

468
Барчаспҳо:
гармӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Раҳмон: CASA 1000 миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иқдоми саривақтист

13
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва сузханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Саммити ЭКО имрӯз 4 март дар шакли онлайнӣ баргузор гардид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ аз аҳамияти “CASA-1000” ёдрас шуд.

Ӯ аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ кард.

Президент изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои Саммит ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Покистон мехоҳад созишномаи тарҳи CASA - 1000 - ро ислоҳ кунад

Зимни суханронии президенти Тоҷикистон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва дар бахши аграрӣ таҳлил намуд.

Ӯ густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шуморид.

13
Женщина на прогулке с ребенком

Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод

75
(Таҷдидшуда 19:54 04.03.2021)
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҷудо кардани маблағ ба поккорон ба муносибти Рӯзи Модарон қарор баровард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи ин қарор аллакай 1169 занону бонувон кумакпулии яквақтаинаи худро дарёфт карданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, маблағи умумии ҷудошуда ба занони тамизкор 3 миллиону 633 ҳазору 450 сомонӣ мебошад.

Ҳаиминтавр, тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ, дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода ширкат карда, масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуд.

"Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим карданд", - омадааст дар хабарнома.

Соли гузашта Рустами Эмомалӣ амр дод, ки барои тӯҳфаҳо ба занон ба ифтихори Рӯзи модарон ва Наврӯз 3,19 миллион сомонӣ (329 ҳазор доллар) ҷудо карда шавад.

Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021

Шаҳрдори пойтахт занони тоҷикро табрик гуфта, модаронро ба "офтоб" муқоиса кард, ки ба ҷаҳон файзу шодмонӣ мебахшад ва меҳру шафқати модаронро манбаи зиндагӣ хонд.

75
Барчаспҳо:
Рӯзи модарон, маблағ, Рустами Эмомалӣ, Душанбе