Покупатель на рынке Мехргон в Душанбе

Ҷазои 14 соҳибкор дар Хатлон барои беасос баланд бардоштани нархи молу маҳсулот

536
(Таҷдидшуда 02:25 14.02.2021)
Дар соли гузашта 14 соҳибкори хатлонӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон барои беасос баланд бардоштани нархи молу маҳсулот, ки нархоҳяшон таҳти танзими давлат қарор доранд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik.  Фирӯз Юсуфзода, роҳбари Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки нисбати 14 соҳибкор парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 25 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима шуданд.

Вай афзуд, ки чаҳор нафар масъули дорухонаҳо, ки худсарона нархи доруҳоро баланд бардошта буданд,  ҷарима гардиданд.

Аҳмадзода баъд аз овозаҳои болоравии нарх ба бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе” рафт

Ҳамзамон намояндагони ин ниҳоди мазкур доир ба омили баланд шудани нархҳоро ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи воридотӣ, маҳдудияти интиқоли он бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус, болоравии қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла додар, ва дигар омилҳо рабт доданд.

Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон

Дар ҳамин ҳол ба иттилои бархе аз сокинони маҳалӣ дар баробари баланд шудани нархи маҳсулоте, ки аз хориҷа ворид мешаванд, арзиши маҳсулоти дохилӣ низ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

536
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

324
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

324
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

263
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

263
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон