Башня независимости в Худжанде

“Тоҷ”-и Хуҷандро кӣ шикаст?: масъулин гуфтанд, ки минбаъд “боксер”-ҳоро дастгир мекунанд

3505
(Таҷдидшуда 12:09 14.02.2021)
Нашри навору аксҳое, ки ҳоли табоҳи маҷмааи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷандро инъикос мекунанд, масъулини ҳукумати вилояти Суғдро ба таъмир кардани ин иншоот водор намудааст

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Аз аксу наворҳое, ки корбарон дар шабакаҳои интернетӣ нашр карданд, дида мешавад, ки деворҳои зербинои Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” маъруф ба “Тоҷ” дар Хуҷанд аз зарби мушти афроди номаълум шикаста шудааст.

Башня независимости в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Маълум, ки ин рафтори ҷавонҳои бефарҳанг ва ё “боксер”-ҳоест, ки қувваи худро дар вайронкорӣ нишон додаанд, вале роҳбарони ин иншоот ҳам аз “ҳунарнамои”-и ин гурӯҳи сокинон бехабар мондаанд.

Шикаста шудани танаи деворҳои зербинои “Тоҷ”-и Хуҷандро рӯзноманигорон зимни нишасти матбуотӣ ба сардори Раёсати фарҳанги Суғд манзур намуданд.

Бахтиёр Қосимов сардори ин ниҳод гуфт, ки барои таъмир намудани ин иншооти ҷашнӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд дастур дода шудааст.

“Соли ҷорӣ таъмири маҷмааи “Истилол” дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло сохтмончиҳо таъмири онро ҳисоб доранд”,-тавзеҳ дод Қосимов.

 Сардори Раёсати фарҳанг ҳамчунин гуфт, ки баъди ба иҷро расидани таъмир дар ҳама кунҷи деворҳои ин иншоот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда мешавад.

“Минбаъд амали нафарони вайронкор аз назар пинҳон намемонад ва онҳо дастгир мешаванд”, - гуфт Қосимов.

Сохтмони маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”дар шаҳри Хуҷанд бо харҷи 37 миллион сомонӣ ба анҷом расида, он соли 2016, дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад. Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Дар ин ҷо харитаи Тоҷикистон, муқаддасоту арзишҳои миллии мардуми тоҷик тасвир карда шуда ва аз ҷойҳои сертамошобин барои сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди хуруҷи бемории ҳамагир масъулин гуфтанд, ки соли 2020, дар баробари 14 ҳазор сокинони кишвар, 60 сайёҳи хориҷӣ аз ин макон дидан кардаанд. Соли 2019, 1250 сайёҳи хориҷӣ ва 22 ҳазор сайёҳон аз дохилӣ кишвар барои тамошои ин маҷмааи фарҳангӣ омада буданд.

3505
Барчаспҳо:
иншоот, таъмир, Суғд, Истиқлол, Хуҷанд, Тоҷикистон
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

116
(Таҷдидшуда 10:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуб ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

116
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз

33
Сардори Ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, соли равон дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабиниҳои ин созмон баргузор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, ки дар як видеоконфронс суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, соли 2021 таваҷҷӯҳи вежае ба Тоҷикистон мешавад, зеро ин кишвар раёсати созмон СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст.

“Эҳтимолан ин нукта низ аҳамияти қобили таваҷҷуҳ низ хоҳад дошт, ки чорабиниҳои аслии органҳои созмони мо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар поёни сол ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст, ки дабирони Шӯрои амният, вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои моро гирдиҳам меоварад ва натоиҷи солро ҷамъбандӣ карда, вазоифи марбут ба сол 2022-ро равшан мекунад”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Ятимов бо дабири кулли СААД масъалаи қочоқи силоҳ ва маводи мухаддирро баррасӣ кард

Сардори Ситоди СПАД гуфт, бо дар назар гирифтани раёсати Тоҷикистон ва авлавиятҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳама сарони кишварҳо ироа кард, як барномаи корӣ барои соли 2021 танзиму мушаххас шуда, ҳафтаи гузашта дабири кулли созмон Станислав Зас дар Душанбе ин тарҳро бо раиси Шӯрои амнияти ҷамъӣ тасвиб кард.

“Нуктаи дигар ин аст, ки кор идома дорад ва иқдомот барои иҷрои тарҳи тавсеа ва таҷдиди манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли анҷом аст, ки дар он каму беш мушорикати ҳама кишварҳои узви созмон барномарезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД афзуд, бар асоси тарҳи размоиши амалиётӣ - стратегии "Бародарии размӣ - 2021", як размоиши вежа бо неруҳои истихборотӣ - "Ҷустуҷӯ-2021" , тамринот бо неруҳои тадорукотӣ - "Эшелон-2021" ва тамрини неруҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ - "Таомул -2021" – и СПАД дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.

“Инҳо се рӯйдоди аслиянд, ки дар хоки Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Ин як ҷузи комилан низомӣ аст. Мо нируҳои вежае дар созмони худ дорем. Ба мизони бештаре Котиботи созмони мо бо онҳо машғул аст, ки ҳамчунин тамриноти муштаракро бо мо ва ба таври мустақил анҷом медиҳад, аз ҷумла барномае низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Қаблан дар ин видеоконфронс сардори Ситоди СПАД ин таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистонро ба афзоиши хатари неруҳои созмонҳои террористии ҷамъшуда дар минтақаҳои марзӣ - Толибон ва Доиш (созмонҳои мануъ дар Тоҷикистону Русия) рабт дода буд.

"Дар тӯли тамрин, гурӯҳи неруҳои ҷамъӣ вазифаҳоеро барои ҷилавгирӣ аз талоши вуруди созмонҳои террористии байнулмилалӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД анҷом хоҳанд дод. Теъдоди ҷангиёни Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳудуд 15 ҳазор нафар аст", – гуфт Анатолий Сидоров.

СААД ният дорад, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 поягузорӣ шуда, соли 2002 созишномаи он ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд.

Сербистону Афғонистон аз соли 2013 ба ин сӯ нозирони назди ассамблеяи парлумонии СПАД буда, то соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ узви созмон буданд.

33
Барчаспҳо:
машқҳои муштараки ҳарбӣ, СААД, Тоҷикистон
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту

Иттиҳоди Аврупо шиносномаи COVID ҷорӣ мекунад

0
Ин шаҳодатномаҳои минбаъд ҳамчун замина барои сафар кардан ба Иттиҳоди Аврупо хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани шаҳодатномаҳои электронии эмгузаронӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар пайи як нишаст дар бораи коронавирус изҳор дошт.

"Барои коркарди масъалаҳои техникӣ ба Комиссияи Аврупо тақрибан се моҳ лозим аст", - илова кард вай.

Ба гуфтаи Меркел, чунин шаҳодатномаҳо заминаи сафар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вуруд ба қаламрави он аз кишварҳои сеюм хоҳанд шуд.

Инчунин, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Аврупо қайд карданд, ки онҳо ба мувофиқа расиданд, то тасдиқ ва истеҳсоли ваксинаҳоро тезонанд.

"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия надод, ки "шиносномаҳои ковид" -ро, ки барои сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд, пешниҳод кунанд.

Гап дар сари он аст, ки маъракаҳои эмгузаронӣ ҳанӯз характери оммавӣ нагирифтаанд ва маълум нест, ки ваксинаҳо ба паҳншавии COVID-19 чӣ гуна таъсир мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
шиноснома, Иттиҳоди Аврупо
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон