Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Ҷаласаи Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони амрикоӣ

267
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ муаррифӣ гардид, гузориш додааст "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, бо пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико ҷаласаи кории маҷозӣ доир намуд.

Дар ҷаласа роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико  Фаррух Ҳамрализода,  Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико Филлип де Леон иштирок доштанд.

Ҳамчунин доираҳои бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистон ва Амрико, аз қабили "American Councils for International Education", "Boeing, General Electric", "Caterpillar", "Coca-Cola", "Comsup", "John Deer", "Medtronic", "Silverleafe", "Valmont", "VISA", "Zeppelin", "Xenophon Strategies", "Somon Air", "Tojik Air" сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри  ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Харҷи наздик ба 1 миллион доллари Амрико барои азнавсозии посгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон

Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо оид ба имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон-об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имконияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.

Директори иҷроияи Шӯрои мазкур Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ҳарду кишвар ташкил гарданд.

267
Барчаспҳо:
тиҷорат, Амрико, Тоҷикистон
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

316
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

316
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

255
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

255
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

0
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

0
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон