День 15 февраля нац

Шикасти Муҳаммад Алӣ ва манъи никоҳи шаҳрвандони ИҶШС бо хориҷиён: имрӯзи таърих

214
(Таҷдидшуда 20:58 13.02.2021)
Рӯзи понздаҳуми феврад Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон буда, зимнан дар Канада – Рӯзи парчами миллӣ, дар Сербия – Рӯзи давлатдорӣ ва дар Афғонистон – Рӯзи миллии наҷот мебошад

Рӯзи 15 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 аввалин Конститутсияи Куба қабул карда шуд.

Соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ никоҳи шаҳрвандони иттиҳод бо хориҷиён манъ карда шуд.

Соли 1978 Муҳаммад Алӣ дар муҳориба барои дарёфти  унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокс аз ҷониби Леон Спинкс шикаст хӯрд.

Соли 1989 ҷангиёни Шӯравӣ аз Афғонистон баромаданд.

Соли  2010  калонтарин садамаи қатораҳо дар таърихи Белгия ба амал омад, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, 171 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии "Релиф Интернейшнл" созшномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2011 дар Қасри "Рӯдакӣ" дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд бо варзишгарон баргузор гардид. Беҳтарин варзишгари вилоят дар соли 2010 Мурод Тӯйчиев- барандаи Бозиҳои осиёӣ оид ба муҳорибаи гурҷӣ-румӣ интихоб шуда, ба  ӯ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мошини  тамғаи "Жигулӣ" тақдим гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи муштараки ҳайати намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Соли 2015  дар вилояти Суғд нисбати 13 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳукм содир гардид.

Судебный молоток, архивное фото
© Sputnik / Андрей Старостин
Судебный молоток, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти  Душанбе баргузор шуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп

Ҷашнҳои рӯзи 15 феврал

  • Рӯзи байналмилалии кӯдакони ба бемории саратон гирифтор.
  • Дар Канада – Рӯзи парчами миллӣ.
  • Дар Сербия – Рӯзи давлатдорӣ.
  • Дар Афғонистон – Рӯзи миллии наҷот.

Рӯзи 15 феврал кӣ таваллуд шудааст

Соли 1907 — Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҷид Ҳамидов.

Соли 1936 — шоир Салимшо Ҳалимшо.

Соли 1939 — Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Почомуллоев.

Соли 1937 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов.

Соли 1937 – журналист Мазҳабшо Муҳаббатшоев.

Соли 1945 – арбоби давлатӣ, дипломат Рамазон Мирзоев.

Соли 1946 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун.

Соли 1947 – актёри театру кино Исфандиёр Ғуломов.

Соли 1962 – журналист Мухтор Боқизода, муассис ва сардабири газетаи "Нерӯи сухан".

214
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Памятник Ленину в городе Пенджикент

Коммунисти содиқи ҲХДТ: Шарифзода гуфт, то Муъминобод ҳаст, Ленин мемонад

157
(Таҷдидшуда 16:42 25.02.2021)
Раиси тозатаъйини ноҳияи Муъминобод ба саволи чаро ҳайкали Владимир Ленин, поягузори револютсияи сохти сотсиалистии асри пор, то ҳанӯз дар маркази ин ноҳия барқарор мондааст, посух гуфт

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Лутфия Шарифзода, зимни нишасти хабарияш гуфт, ки то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд, менависад, сомонаи “Пайк”.

“Мо Ленинро чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем ва то вақте Муъминобод ҳаст, ҳайкали ӯ низ хоҳад монд”,- гуфт Шарифзода.

Ӯ ҳамзамон ба суоли оё раиса узви ҳизби коммунистанд, низ посух гуфта, изҳор доштааст, ки узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.

“...ман узви ҲХДТ ҳастам, аммо ба партияи коммунистӣ ва Ленин содиқам”,- таъкид кардааст Шарифзода.

Муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси замони Шӯравӣ қариб дар ҳама марказҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро буданд.

Тадриҷан тайи солҳои ахир онҳо барчида шуда ба ҷояшон рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ҳамзамон пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, парчам ва ё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иваз шуданд.

Нахустин ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе бо дастури шаҳрдори он замон Мақсуд Икромов дар тирамоҳи соли 1991 канда шуд, ки эътирозҳои густурдаи ҷонибдорони коммунистҳоро дар пайи дошт.

157
Асозода Дилшод Алимурод, раиси шаҳри Норак

Раиси шаҳри Норак вакил интихоб шуд: Асозода Дилшод кист?

226
(Таҷдидшуда 16:32 25.02.2021)
Ахиран дар вилояти Хатлон интихобот вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакилони хориҷшуда интихоботи миёнадаврӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари амтбуоти мацомоти вилояти Хатлон, дар ин маъракаи сиёсӣ он Асозода Дилшод Алимурод ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид.

“Дар ҳавзаҳои интихоботии №10 –оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда интихоботи миёнадаврӣ дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ баргузор гардид”, - таъкид доштааст манбаъ.

Асозода Дилшод 7 июли соли 1983 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст.  Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (рӯзона)  бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак буда,  донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки 11 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Асозода Дилшод ба ҷои Маликшо Неъматзода, ки ба вазифаи дигар гузашт, раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид.

Асозода Дилшод Алимурод солҳои 2005-2006 ҳамчун муҳосиби маркази инкишофи ҷамъияти “Парастор”-и шаҳри Норак кор кардааст.

Дар соли 2006 ҳамчун мутахассиси заминсозии гурўҳи худтаъминкунии “Барқ-Замин”-и шаҳри Норак ва солҳои 2006-2007 ба ҳайси сармутахассиси бахши ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият кардааст.

Ӯ солҳои 2007-2011 мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таъйин шуд ва соли 2011 дар вазифаи мутахассиси маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Норак кор кард.

Солҳои 2011–2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ ва дар солҳои 2014-2020 муовини якуми раиси шаҳри Норак кору фаъолият кардааст.

226
Барчаспҳо:
Интихобот, интихобот, вакил, Норак, Хатлон, Тоҷикистон

Дар Чин ягон камбизоат намонд? Син Ҷинпин аз пирӯзӣ бар фақр хабар дод

0
Кишвардори Чин мегӯяд, давоми ҳашт соли ахир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонист аз фақр берун оянд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин аз пирӯзии давлаташ бар камбизоативу нодорӣ хабар дод, менависад агентии "Синхуа".

Ба иттилои манбаъ, кишвадори Чин дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба натиҷаҳои мубориза бо камбизоатӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи роҳбари Чин, дар тӯли ҳашт соли охир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонистанд аз сатҳи камбизоатӣ бароянд.

"Ба туфайли саъю кӯшиши якҷояи Ҳизби коммунистӣ ва халқи Чин мо дар мубориза ба муқобили камбизоатӣ ғалабаи комил ба даст овардем", - шарҳ дод Ҷинпин.

Ӯ инчунин зикр кард, ки тайи солҳои охир 98,99 миллион нафар сокинони деҳот аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуданд.

Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки 832 шаҳристон ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоати Чин хориҷ карда шуданд.

"Бо чунин муваффақиятҳо Чин мӯъҷизаи дигаре эҷод кард, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд", - илова намудаст роҳбари Чин.

Бояд тазаккур дод, ки бори аввал Син Ҷинпин ғояи коҳиши мақсадноки камбизоатиро ҳанӯз соли 2013 зимни сафари санҷишӣ ба музофоти Хунан дар маркази Чин эълон карда буд.

Аз оғози сиёсати ислоҳот ва бози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз охири солҳои 70-уми асри гузашта амалӣ мешавад, 770 миллион сокини деҳот аз камбизоатӣ раҳо карда шуданд.

0
Барчаспҳо:
фақр, пирӯзӣ, Чин