Прохожие на проспекте Рудаки в Душанбе

Баҳори пешқадам: имрӯз дар Тоҷикистон то 23 дараҷа гарм мешавад

173
(Таҷдидшуда 11:35 15.02.2021)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар бархе манотиқи Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 17-22  то  25-30 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1-6 то 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5+8 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз -1+4 дараҷа хунук то 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

173
Барчаспҳо:
гарм, обу ҳаво, Тоҷикистон
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

199
(Таҷдидшуда 10:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуб ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

199
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз

61
Сардори Ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, соли равон дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабиниҳои ин созмон баргузор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, ки дар як видеоконфронс суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, соли 2021 таваҷҷӯҳи вежае ба Тоҷикистон мешавад, зеро ин кишвар раёсати созмон СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст.

“Эҳтимолан ин нукта низ аҳамияти қобили таваҷҷуҳ низ хоҳад дошт, ки чорабиниҳои аслии органҳои созмони мо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар поёни сол ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст, ки дабирони Шӯрои амният, вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои моро гирдиҳам меоварад ва натоиҷи солро ҷамъбандӣ карда, вазоифи марбут ба сол 2022-ро равшан мекунад”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Ятимов бо дабири кулли СААД масъалаи қочоқи силоҳ ва маводи мухаддирро баррасӣ кард

Сардори Ситоди СПАД гуфт, бо дар назар гирифтани раёсати Тоҷикистон ва авлавиятҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳама сарони кишварҳо ироа кард, як барномаи корӣ барои соли 2021 танзиму мушаххас шуда, ҳафтаи гузашта дабири кулли созмон Станислав Зас дар Душанбе ин тарҳро бо раиси Шӯрои амнияти ҷамъӣ тасвиб кард.

“Нуктаи дигар ин аст, ки кор идома дорад ва иқдомот барои иҷрои тарҳи тавсеа ва таҷдиди манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли анҷом аст, ки дар он каму беш мушорикати ҳама кишварҳои узви созмон барномарезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД афзуд, бар асоси тарҳи размоиши амалиётӣ - стратегии "Бародарии размӣ - 2021", як размоиши вежа бо неруҳои истихборотӣ - "Ҷустуҷӯ-2021" , тамринот бо неруҳои тадорукотӣ - "Эшелон-2021" ва тамрини неруҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ - "Таомул -2021" – и СПАД дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.

“Инҳо се рӯйдоди аслиянд, ки дар хоки Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Ин як ҷузи комилан низомӣ аст. Мо нируҳои вежае дар созмони худ дорем. Ба мизони бештаре Котиботи созмони мо бо онҳо машғул аст, ки ҳамчунин тамриноти муштаракро бо мо ва ба таври мустақил анҷом медиҳад, аз ҷумла барномае низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Қаблан дар ин видеоконфронс сардори Ситоди СПАД ин таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистонро ба афзоиши хатари неруҳои созмонҳои террористии ҷамъшуда дар минтақаҳои марзӣ - Толибон ва Доиш (созмонҳои мануъ дар Тоҷикистону Русия) рабт дода буд.

"Дар тӯли тамрин, гурӯҳи неруҳои ҷамъӣ вазифаҳоеро барои ҷилавгирӣ аз талоши вуруди созмонҳои террористии байнулмилалӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД анҷом хоҳанд дод. Теъдоди ҷангиёни Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳудуд 15 ҳазор нафар аст", – гуфт Анатолий Сидоров.

СААД ният дорад, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 поягузорӣ шуда, соли 2002 созишномаи он ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд.

Сербистону Афғонистон аз соли 2013 ба ин сӯ нозирони назди ассамблеяи парлумонии СПАД буда, то соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ узви созмон буданд.

61
Барчаспҳо:
машқҳои муштараки ҳарбӣ, СААД, Тоҷикистон
Задержанный преступник, архивное фото

Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 11:31 26.02.2021)
Як марди 31-солаи вилояти Туркистони Қазоқистон бо ҷурми дуздии мошинҳои соҳибкори тоҷик равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Бино ба иттилои "Телевизиони Остона", шаҳрванди ин кишвар дар дуздии 9 мошини хориҷии шаҳрванди тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати чоруним сол равонаи зиндон гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон мошинҳои худро замони карантина дар ҳавлии судшуда, ки таваққувгоҳи пулакӣ ташкил карда буд, гузоштааст.

Гуфта мешавад судшуда таваққуфгоҳро дар назди гузаргоҳи марзӣ бунёд кардааст.

Аммо бо тасмими ба даст овардани даромади бештар соҳибкор шаш мошини дигарро фурӯхтааст. Сеи дигарро барои қисмҳои эҳтиётӣ фурӯхтанд.

Боздошти 15 мошини дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон

Гуфта мешавад, зарари умумии он 11 миллион танга ҳисоб шудааст.

Манбаъ мегӯяд, зода Қазоқистон пас аз фурӯши мошинҳо пинҳон шуд, аммо маъмурини пулис боздошт карданд ва маълум гашт, ки ӯ қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст.

0