https://sputnik.tj/20210216/beob-Sibir-kuch-Farhod-Raimi-iqlim-1032832022.html
“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлим
“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлим
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Академияи улум мегӯяд, Тоҷикистон то 150 соли дигар беоб нахоҳад монд 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T01:03+0500
2021-02-16T01:03+0500
2021-02-16T13:10+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032340760_0:1100:2047:2251_1920x0_80_0_0_87d979576fdbe96c38f175dd2921fe3e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Захираҳои обе, ки Тоҷикистон дорад, то 150 соли дигар эҳтиёҷоти мардуми онро бароварда мекунад ва мардуми кишвар метавонанд аз ин зовия хотирҷамъ бошанд.Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ ба Sputnik Тоҷикистон тафсилот дод.Президенти Академияи улуми Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати миёнаи замин, бахусус, ба обшавии бесобиқаи пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Ҳимолой ва Помир овардааст.Вай гуфт, аз 13 ҳазор пиряхе, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буданд, тақрибан 30% аз миён рафтаанд.“Ҳарчанд аксари ин пиряхҳо хурд буданд, аммо забонаи пиряхҳои бузург кӯтоҳ мешавад ва масофаашон коҳиш меёбад. Ин як хавфи ҷиддӣ дорад, ҳам ба кишвари мо, ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам кишварҳое, ки сарчашмаи обии онҳо пиряхҳоянд. Ба болои ин, соли гузашта бориши барф 40% камтар аз меъёри муқаррарӣ буд. Захираи барфӣ ҳам дар кӯҳистони мо кам шудааст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.Президенти Академияи улуми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пеш омадани чунин фоҷиаҳо дар таърихи минтақа бесобиқа нест. Вай гуфт, он чӣ таърих ривоят мекунад, дар асрҳои 10 – 11 мардуми Осиёи Марказӣ аз гармшавӣ ва беобӣ ба Сибир кӯч баста буданд.“Таҳқиқоте, ки дар китоби “Тоҷикони Сибир” анҷом шудаанд, ривоятҳои ҷолиберо дар ин боб ба даст медиҳанд. Масалан, дарёи Об ҳамон “об” ва ё Енисей “Аниса” – и тоҷикиянд.Ё катибаҳои рӯи қабрҳое, ки дар Сибир пайдо ва дар қайроқсангҳо ҳак шудаанд, бо сураи Қуръон шуруъ ва бо матни тоҷикӣ хатм мешавад.Масалан, дар онҳо навишта шудааст, ки “фалонӣ, фарзанди фалонӣ, руҳаш шоду макони охираташ ҷаннат бод”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2019 дар як ҷаласаи ЮНЕСКО (Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ) пешниҳод карданд, ки Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад.Ба қавли Президенти Академияи улуми Тоҷикистон, корҳои муқаддамотии эҷоди чунин як бунёд дар Тоҷикистон шуруъ шуда, аз сӯи академия консепсияи он таҳия шудааст ва ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои зидахл қарор дорад.“Пас аз ниҳоӣ ва таъйид шудан ин консепсия ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад шуд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 65% - и оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз куҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, ки манбаъи асосии он пиряхҳо мебошанд.
https://sputnik.tj/20210215/Tabarzoda-guft-imsol-narkhi-ob-bolo-nameravad-archand-kharooti-korkhonaro-nemepshonad-1032829246.html
https://sputnik.tj/20210203/omzishi-piryakho-Tajikistan-somoni--1032755050.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032340760_0:759:2047:2294_1920x0_80_0_0_56e8f4cac866a962a32d9e86476e466a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлим
01:03 16.02.2021 (Навсозишуда: 13:10 16.02.2021) Президенти Академияи улум мегӯяд, Тоҷикистон то 150 соли дигар беоб нахоҳад монд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Захираҳои обе, ки Тоҷикистон дорад, то 150 соли дигар эҳтиёҷоти мардуми онро бароварда мекунад ва мардуми кишвар метавонанд аз ин зовия хотирҷамъ бошанд.
Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ ба Sputnik Тоҷикистон тафсилот дод.
“Мо то 150 соли дигар об дорем, аммо тағйирёбии глобалии иқлим, ки гармшавӣ ва дар пайи он обшавии пиряхҳоро ба бор овардааст, зарарҳоеро дар пай хоҳад дошт. Ин ҳам зиёд шудани селҳо ва боло рафтани оби дарёҳо аст, ки харобиҳои маълумро пеш меоранд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати миёнаи замин, бахусус, ба обшавии бесобиқаи пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Ҳимолой ва Помир овардааст.
Вай гуфт, аз 13 ҳазор пиряхе, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буданд, тақрибан 30% аз миён рафтаанд.
“Ҳарчанд аксари ин пиряхҳо хурд буданд, аммо забонаи пиряхҳои бузург кӯтоҳ мешавад ва масофаашон коҳиш меёбад. Ин як хавфи ҷиддӣ дорад, ҳам ба кишвари мо, ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам кишварҳое, ки сарчашмаи обии онҳо пиряхҳоянд. Ба болои ин, соли гузашта бориши барф 40% камтар аз меъёри муқаррарӣ буд. Захираи барфӣ ҳам дар кӯҳистони мо кам шудааст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пеш омадани чунин фоҷиаҳо дар таърихи минтақа бесобиқа нест. Вай гуфт, он чӣ таърих ривоят мекунад, дар асрҳои 10 – 11 мардуми Осиёи Марказӣ аз гармшавӣ ва беобӣ ба Сибир кӯч баста буданд.
“Таҳқиқоте, ки дар китоби “Тоҷикони Сибир” анҷом шудаанд, ривоятҳои ҷолиберо дар ин боб ба даст медиҳанд. Масалан, дарёи Об ҳамон “об” ва ё Енисей “Аниса” – и тоҷикиянд.
Ё катибаҳои рӯи қабрҳое, ки дар Сибир пайдо ва дар қайроқсангҳо ҳак шудаанд, бо сураи Қуръон шуруъ ва бо матни тоҷикӣ хатм мешавад.
Масалан, дар онҳо навишта шудааст, ки “фалонӣ, фарзанди фалонӣ, руҳаш шоду макони охираташ ҷаннат бод”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2019 дар як ҷаласаи ЮНЕСКО (Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ) пешниҳод карданд, ки Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад.
Ба қавли Президенти Академияи улуми Тоҷикистон, корҳои муқаддамотии эҷоди чунин як бунёд дар Тоҷикистон шуруъ шуда, аз сӯи академия консепсияи он таҳия шудааст ва ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои зидахл қарор дорад.
“Пас аз ниҳоӣ ва таъйид шудан ин консепсия ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад шуд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 65% - и оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз куҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, ки манбаъи асосии он пиряхҳо мебошанд.