ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш имрӯз гуфт, кормандони “Амонатбонк” зимни як санҷиши муштарак бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шуъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии аҳолии Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии шаҳри Душанбе боздошт шуданд.
Ба иттилои манбаъ, давоми солҳои 2017-2019 кормандони филлиалҳои 06 ва 07 “Амонатбонк” дар навоҳии Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт Аширов, Хушвахтов ва Камолзода дар асоси маслиҳати пешакӣ бо корманди ғайриштатии Толибов беш аз 43 ҳазор расидҳои бонкиро сохтакорона омода намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо бо ин роҳ 12, 4 миллион сомонӣ маблағи пардохти 15 ҳазору 730 адад шиносномаҳои хориҷии биометриро тасарруф намудаанд.
Султонзода гуфт, дар пайи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Сару садоҳо атрофи боздоштҳои кормандони “Амонатбонк” кам нестанд.
Қаблан додситонӣ аз боздошти Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории "Амонатбонк", хабар дода буд, ки бо бародарон Ғуломовҳо, ки чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул будаанд.
Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин мақомдор ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд
Манбаъ гуфт, бо мусоидати ӯ, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо” 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (287 ҳазору 797 доллар) гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон доштааст, новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.
Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Сабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.
“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун 103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-уи шаш ҳолат зиёд аст.