Женщина в защитной маске

Мақомот шумори дақиқи занони сироятёфта ба коронавирусро эълон кард

399
(Таҷдидшуда 12:38 17.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон шумори дақиқи заноне, ки ба коронавирус ва ба дигар бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд, эълон кард

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта 4657 зан ба коронавирус гирифтор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъкид дошт, ки шумори занони фавтида бар асари ин вирусро дар даст надорад.

“Дар бораи фавти занон аз ин вируси корона дар ҳоли ҳозир маълумоте надорем”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оила сироятёбии занону бонувон ба бемориҳои сироятӣ дар давраи ҳисоботӣ аз шумори умумии 1084 нафар гирифторони бемории BHMO дар ҷумҳурӣ 437 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111 нафар кам аст.

Ҳамзамон, теъдоди нашъамандон аз ҳисоби занон дар сатҳи ҷумҳурӣ 110 нафар, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар кам, гирифторони бемории сил 1774 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 464 нафар кам мебошад.

399
Барчаспҳо:
эълон, бемориҳои сироятӣ, вируси корона, занон, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

6
(Таҷдидшуда 15:08 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

6
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия
Самолет, на фоне заката

Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт

377
(Таҷдидшуда 15:03 02.03.2021)
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.

Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Белорус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.

Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.

Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст

Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.

377
Барчаспҳо:
Афғонистон, Қазоқистон, парвоз, Тоҷикистон