Дар Душанбе сохтмони Маркази нави идораи ҳолатҳои буҳронии КҲФ оғоз ёфт

90
(Таҷдидшуда 12:49 17.02.2021)
Дар Душанбе, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони бинои Маркази миллии идоракунии бӯҳронҳо оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон лоиҳаи мазкур 5 августи соли 2017 ба имзо расида, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки бинои махзкур сеошёна хоҳад буд. Бинои нав дорои як толори фаврӣ бо ҷойҳои кории автоматикунонидашуда барои мутахассисони навбатдор, инчунин таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои саривақтии вазифаҳо хоҳад буд.

Проект нового антикризисного центра КЧС в Душанбе
Проект нового антикризисного центра КЧС в Душанбе

“Ғайр аз ин, Марказ бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда мешавад ва он барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани идораи зиддибӯҳрон, қобилияти арзёбии хавфҳои пайдошаванда ва вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард”, - зикр кардааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бино то моҳи феврали соли 2022 сохта ва ба истифода дода шавад.

90
Барчаспҳо:
ҳолатҳо, Бонки Ҷаҳонӣ, буҳрон, марказ, КҲФ, Тоҷикистон
Дворец Кохи Навруз зимой

Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад

118
(Таҷдидшуда 12:10 28.02.2021)
Мирраҳмон Раҳмонӣ бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот низ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шоми дирӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парлумон) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.  

Раиси парлумони Афғонистон дар доираи сафари корӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода,  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

Интизор меравад, Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ  аз "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва "Кохи Наврӯз" дидан намоянд.

118
 Врач разговаривает с пациентом

Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид

211
(Таҷдидшуда 10:52 28.02.2021)
Узбакистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мактаб барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Бемористони сохти Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омодаи пазириши беморон, аз ҷумла афроди мубтало ба Ковиди 19 шуд.

Сохти ин бемористон соли 2018 бо ҳазинаи ҳукумати Узбакистон оғоз шуда буд.

Ин бемористон 200 тахти хоби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхиси вируси корона мебошад, ки дар Тоҷикистон беназир аст.

Ин таҷҳизот дар кӯтоҳтарин замони мумкин беморони мубтало ба вируси коронаро мушаххас мекунад.

Ӯзбекистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мадраса барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба Тоҷикистон низ бояд як мактаб барои 640 донишомӯз дар вилояти Самарқанд ва як боғчаи бачагон дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бисозад, ки ба далели густариши вируси корона ин ду нақша ҳанӯз такмил нашудааст.

211
Соҳибёр Толиб, коргардони ҷавони тоҷик ҳангоми наворбардории филм

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

0
(Таҷдидшуда 14:42 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир гузошта шуда,  ҳанӯз баргузор нашудааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад.  Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синоамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

0
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон