Портфель, архивное фото

Қарори КМИР дар бораи интихоби се вакили нав дар парлумони Тоҷикистон

464
(Таҷдидшуда 10:08 18.02.2021)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор дар бораи таъин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшударо қабул кардааст

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Бар асоси қарори МИР интихобот дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов № 16, Деваштич № 24, Ҷалолиддини Балхӣ № 30 ва Вахш № 32 гузаронида мешавад, менависад нашрияи “Садои мардум”.

Комиссияи марказии интихобот санаи баргузории раъпурсиро ба 18 апрели соли ҷорӣ гузоштааст.

Ёдовар мешавем мешавем авохирҳои соли гузашта се вакили парлумон бинобар таъйин гаштанашон ба вазифаҳнав фаъолияташон дар парлумони кишвар қатъ гардид.

Ҳаминтавр моҳи октябри соли 2020 намояндаи ҳизби ҳоким ва вакил аз ҳавзаи ноҳияи Вахш Бахтовар Сафарзода бинобар таъйин шуданаш ба вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ аз ҳайати парлумон хориҷ шуд.

Ҳоким Холиқзода бошад, қаблан вакили парлумон аз ҳавзаи Ҷалолиддини Балхӣ буд, ки бо фармони президент  тобистони гузашта муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуд ва фаъолияташ дар парлумон қатъ гардид.

Ҳамзамон Зуфар Исмоилзода низ вакил аз  ҳавзаи интихоботии Деваштич ва намояндаи ҳизби ҳоким пас аз нишастан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколати вакилияш қатъ шуд.

464
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд акс

28
(Таҷдидшуда 10:46 04.03.2021)
Роҳбарони ширкати сохтмонии “Тех строй”-и шаҳри Маскав ба Тоҷикистон ба суроғи муҳоҷирони меҳнатӣ омадаанд. Онҳо нахуст дар Хуҷанд ва сипас ба шаҳри Душанбе сафар карда бо сокиноне, ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, шартномаи меҳнатӣ ба имзо мерасонанд

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бо шунидани ташрифи корфармоёни Русия, ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.

Азизмат, сокинони ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳ бо ду ҳамсолаш барои дарёфти кори хуб дар Русия ба Хуҷанд омад. Ӯ иброз намуд, ки дар гузашта дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 бо кори пештараи худ расида натавонист.

Ин сокини ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки таҷрибаи кориаш дар сохтмонро роҳбарони ширкати Русия дар Хуҷанд дуруст дарк карданд ва онҳо барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

“Ҳангоми суҳбат мо иброз намудем, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи андовагар, сенгчин, кошинкориро ба иҷро расонида метавонем. Роҳбарони “Тех строй” дар навбати худ иброз намуданд, ки чунин мутахассисонро сатҳи баланд ҳисоб мекунанд ва асосан ба чунин мутахассисон шартномаи ҳамкорӣ бастанианд”, -мегӯяд Азизмат.

Зариф Шодиев, як сокини 35 солаи ноҳияи Деваштич гуфт, даҳ сол ба ин тараф умдатан ҳисоби зиндагии хонаводашро аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷирати Русия таъмин мекунад. Ӯ гуфт, хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ба мисли ӯ, ба иқтисодиёти даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ расонд.

“Аввалҳо дар муҳоҷират боркашонӣ мекардам. Баъдан як муддат ронандаи таксӣ ҳам будам. Таҷрибаи панҷсолаи кор дар сохтмони иборатҳои баландро дорам. Мо дар Хуҷанд бо корфармоён суҳбат кардем дар баробари дигар шартҳо додани маош дар вақташро пешниҳод кардем”, гуфт Шодиев.

Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд
© Sputnik (sputniktj_photo)
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Барои ҷалб намудани қувваи корӣ ташриф оварданд. Ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй” шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.

“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй” и Маскав.

 Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.

Ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расамиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.

28
Барчаспҳо:
шартнома, Русия, Хуҷанд, муҳоҷират, Маскав, ширкат, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: ронандаи "Опел-Зафира" марди 59 -соларо пахш кард

26
(Таҷдидшуда 11:47 04.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад, ки дар паи он марди 59 - сола ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазортаи корҳои дохилӣ ин садамаи маргбор рӯзи 2-юми март, шабонгоҳ тахминан соати 23:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Опел-Зафира", Зарифов Сафармад Самадович, сокини 38 - солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагард Шукуров Файзалӣ Эмомович, сокини 59 - солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, Шукуров Ф.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

26
Барчаспҳо:
садамаи маргбор, маргбор, Тоҷикистон, садама