Се корманди гумрук низ барои талоши қочоқи 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул боздошт шудаанд

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
Роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон даст доштани кормандонаш дар талоши қочоқи 90 кило тилло ва садҳо ҳазор пулро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ имрӯз зимни нишасти хабаре ба рӯзноманигорон гуфт, дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се кормандашон боздошт шудааст.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Тилло ва долларҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон: кӣ аз куҷо ба куҷо мехост барад?
Ба иттилои манбаъ, кормандони ин ниҳод бо чор шаҳрванди дигар аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шуда, алайҳашон тафтишот идома дорад.
Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, боздошти гуруҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардидаанд.
“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон зимни ҳисоботи ахираш ба Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки маблағи умумӣ зиёда аз 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
Боздошти гуруҳ 15 ноябри соли 2020 сурат гирифтааст.
Қаблан бархе аз манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ин тиллову пулҳо аз Афғонистон ба Душанбе қочоқ шуда буд, мебоист ба Дубай баранд.
“Ин пулу тило аз тариқи марзҳо ба Тоҷикистон қочоқ шуда, гуруҳи қочоқбар мехост, онро тариқи Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб интиқол диҳад. Аммо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин гуруҳ боздошт ва пулу тилои онҳо мусодира шудааст”, - гуфта буд як манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0