Новорожденный мальчик

Агентии омор: дар ВМКБ марг зиёд шуду таваллуд кам

557
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 дарсад кам шуда шумори нафарони фавтида 26,0 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи иттилои Агентии Омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 239,7 ҳазор кӯдакони навзоди дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайян кардашуда ва 41,7 ҳазор шахсони фавтида аз он ҷумла 2,2 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтанд.

Агентии омор таъкид доштааст, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 3,8 дарсад зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст, ба ғайр аз ВМКБ.

Дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 4,3%, дар вилояти Суғд 2,1%, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 5,1% дар шаҳри Душанбе 4,4% ташкил намудааст.

Дар ВМКБ бақайдгирии таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% кам шуда, ҳамагӣ 4,0 ҳазор кӯдаки навзодро ташкил намудааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки бақайдгирии шахсони фавтида дар моҳҳои январ – декари соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 26,1% зиёд шуда, 41,7 ҳазор нафарро ташкил дод.

Агентии омор зикр кардааст, ки зиёдшавии бақайдгирии шахсони фавтида дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Дар вилояти Суғд бақайдгириии шахсони фавтида 24,8%, дар вилояти Хатлон 24,9%, Душанбе  38,1 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25,7%.

Инчунин агентии омор таъкид доштааст, ки дар ВМКБ бақайдгирии шахсони фавтида 26,0% зафзоиш ёфтааст.

557
Барчаспҳо:
афзоиш, омор, Агентии омори Тоҷикистон, марг, таваллуд, ВМКБ, Тоҷикистон
Женщина на прогулке с ребенком

Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод

17
(Таҷдидшуда 19:54 04.03.2021)
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҷудо кардани маблағ ба поккорон ба муносибти Рӯзи Модарон қарор баровард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи ин қарор аллакай 1169 занону бонувон кумакпулии яквақтаинаи худро дарёфт карданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, маблағи умумии ҷудошуда ба занони тамизкор 3 миллиону 633 ҳазору 450 сомонӣ мебошад.

Ҳаиминтавр, тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ, дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода ширкат карда, масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуд.

"Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим карданд", - омадааст дар хабарнома.

Соли гузашта Рустами Эмомалӣ амр дод, ки барои тӯҳфаҳо ба занон ба ифтихори Рӯзи модарон ва Наврӯз 3,19 миллион сомонӣ (329 ҳазор доллар) ҷудо карда шавад.

Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021

Шаҳрдори пойтахт занони тоҷикро табрик гуфта, модаронро ба "офтоб" муқоиса кард, ки ба ҷаҳон файзу шодмонӣ мебахшад ва меҳру шафқати модаронро манбаи зиндагӣ хонд.

17
Барчаспҳо:
Рӯзи модарон, маблағ, Рустами Эмомалӣ, Душанбе
Джахонгир Эргашев, архивное фото

Ҷаҳонгир Эргашев аз "Хуҷанд" рафт: корномаи варзишияшро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

117
(Таҷдидшуда 18:50 04.03.2021)
Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози шинохтаи тоҷик корномаи варзишиашро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад

Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.

Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.

Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт

Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд"  ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.

117
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 04.03.2021)
Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард, парвозҳоро ширкати "Эйр Астана" ва "Сомон Эйр" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо номбар кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.

Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.

Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.

0
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон