Здание Хукумата в Таджикистане

Ҳавоӣ баҳорӣ дар ҳамворию сардӣ дар куҳсорон: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

207
(Таҷдидшуда 11:55 19.02.2021)
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 25-30 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо охири рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда мешавад. Нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5+10 то 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

207
Барчаспҳо:
ҳаво, барои имрӯз, Тоҷикистон
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

20
(Таҷдидшуда 18:03 25.02.2021)
Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар фацат ба манфиати ДОИШ аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки  ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.

Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.

Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.

Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .

Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 3 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.

20
Барчаспҳо:
ДОИШ, террористӣ, неруҳо, Тоҷикистон, Афғонистон, СААД, Анатолий Сидоров
Пассажиры в зале ожидания аэропорта в городе Худжанде

Аз рухсатии бемузди кормандон то қарзи маош: зарбаи ҷиддии пандемия ба Фурудгоҳи Хуҷанд

63
(Таҷдидшуда 17:36 25.02.2021)
Парвоз нест, даромад ҳам нест: гуфта шуд, ки COVID-19, чи қадар ба хазинаи Фурудгоҳи Хуҷанд зарба задааст

ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Бино ба маълумоте, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар қиёс ба соли 2019, сатҳи даромади Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соли гузашта 122 милиону 848 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Соли 2019 ин корхонаи вилояти Суғд ба андозаи 81 миллиону 660 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварда буд.

Юсуф Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд иброз намуд, ки ба дунболи коҳиш ёфтани сатҳи даромад ҳаҷми хароҷот ҳам дар ин давра ба маблағи 34 милиону 819 ҳазор сомонӣ кам гардид.

“Фурудгоҳ натиҷаҳои молиявии худро дар соли 2020 ба маблағи 6 милиону 368 ҳазор сомонӣ зарар ҷамбаст намудааст”, гуфт Маюсуфов.

Масъулин дар нишасти матбуотӣ иброз намуданд, ки соли 2020, аз 2592 адад ҷамъи хатсайрҳои банақшагирифташуда, танҳо 619 парвоз сурат гирифта, бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19, 1979 парвози ҳавопаймоӣ иҷро нашудааст.

Фурудгоҳи Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 152 621 мусофир хизмат расонидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 77 % коҳиш ёфтааст.

“Соли гузашта 94 ҳазору 528 мусофир гусел карда шуда ва ҳамагӣ 58 ҳазору 93 мусофир қабул карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2019, 510 ҳазору 814 мусофир кам гуфта мешавад”, гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ширкати ватании “Somon Air” ва ширкатҳои байналмиллалии “Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Рус Аэро”, “Tianjin Airnines” ва “Bon Air Havacilik” анҷом дода шудааст.

Роҳбарони Фурудгоҳи Хуҷанд ҳамчунин гуфтанд, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми кору хизматрасонӣ, шурӯъ аз моҳи марти соли 2020, 70 % ё ҳудуди 600 нафар аз 824 кормандро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

Айни ҳол маблағи қарзи музди меҳнати кормандони ин корхона ба 1 миллиону 90 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон низ гуфта буд, солҳои қаблӣ бо фурудгоҳҳо мушкил дар андозсупорӣ надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 миллион сомонӣ қарздор шудааст.

Масъулин таъкид меварзанд, ки Фурудгоҳи Хуҷанд барои қабул ва гусели парвозҳои байналмилалӣ омода аст.

63
Барчаспҳо:
парвоз, фурудгоҳ, Суғд, Тоҷикистон