День 20 февраля нац

Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих

196
(Таҷдидшуда 19:55 19.02.2021)
Рӯзи 20 - уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ дониста мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз Амрико аз Рӯзи Президент таҷлил мекунад

Рӯзи 20 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1872 дар ИМА лифти электрикӣ ихтироъ карда шуд.

Кабина лифта, архивное фото
© Sputnik / Виталий Аньков
Кабина лифта, архивное фото

Соли  2017 ВАО хабар доданд, ки телефоне, ки Адолф Гитлер дар раванди Ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда буд, дар музояда бо арзиши 243 ҳазор доллар (295 ҳазор фунт стерлинг) фурӯхта шуд.

Рӯзи 20 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ"- и Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Лондон ҷамъомади ҷамъияти Британияву Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ гардиданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

Соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ипотека" тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри  Душанбе намоиши молҳои Ҳиндустон доир шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба алоқаи байнифарҳангии Тоҷикистону Русия муҳокима гардиданд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 феврал

  • Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ.
  • Дар ИМА – Рӯзи Президент.

Рӯзи 20 феврал кӣ таваллуд шудааст

Соли 1926 - коргардони синамо Мукаддас Маҳмудов.

Соли 1929 - шоир Абдуҷалил Воситзода.

Соли 1929 - оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.

Соли 1936 - доктори илмҳои тиб, профессор Мухтор Муродов.

Соли 1936 - шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.

Соли 1940 - шоир  Ғоиб Сафарзода.

Соли 1943 - олим  Миродасен Худоиев

Соли 1948 – доктори илмҳои филология Мирзо Муллоаҳмадов.

Соли 1950 - Собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон  Гул Шералӣ.

Соли 1951 - собиқ роҳбари Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров.

Соли 1955 - оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.

Соли 1966 - бонкдор Ниёзмурод Саидмуродов.

196
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

53
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

53
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

865
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

865
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бисзен" мекунад: шикояти муҳоҷирон

0
(Таҷдидшуда 01:13 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

 

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

0
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон