Борону барф: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Наталья СеливерстоваДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст.
Дар баъзан ҳолатҳо боришоти бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 15-20 то 22-27 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Боз хунукӣ меояд: КҲФ аз боронгариҳо ва резиши барф ҳушдор медиҳад
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 200 метр боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 200 метр борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ба амал омадани он пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2+7 то 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0