Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Баъди дастури Рустам шаҳрдорӣ роҳи ҷалби ҷавонон ба артишро пайдо кард

2474
(Таҷдидшуда 12:41 20.02.2021)
Мақомоти пойтахт бо баргузории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон таҳти унвони "Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!", мехоҳанд таваҷҷуҳи ҷавононро ба артиш ҷалб намояд то онҳо итиёран ба хизмати ҳарбӣ раванд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ахиран раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт нақша-чорабиниҳои Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони "Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!" ташкил шуда, давоми 7 рӯз аз 17 то 23 феврали соли равон дар қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. 

Гуфта шудааст, ки Фестивал бо намоиши дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дар саҳни Гвардияи миллӣ оғоз ёфт.

Умедҷон Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар рафти кушодашавии Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт гуфт,  мақсад аз ташкил ва баргузории ин маҳфили фарҳангӣ, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон мебошад.

“Ба ин васила баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ ва ошно шудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ мебошад”, - гуфт муовини шаҳрдор.

Гуфта шудааст, ки фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштии миллӣ ва варзиши сабук ташкил медиҳад. Даври ниҳоии фестивал бо барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи "Суруди сарбоз" бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб анҷом мешавад. 

Қисмати ниҳоии фестивал 22 феврал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардида, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо диплом, медал ва ҷом сарфароз мешаванд.

2474
Барчаспҳо:
хизмати ҳарбӣ, артиш, сарбоз, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе

Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

0
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Тибқи таҳлилҳои ситоди вазорат тандурустӣ, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон доштааст, новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир,  сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.

0
Барчаспҳо:
муътадил, вазъ, тандурустӣ, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
Ссора, архивное фото

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо кам шуд

20
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ахиран эълон доштанд, ки дар ноҳия дар ду моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷудашавии оилаҳо коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

Сабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.

“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-уи шаш ҳолат зиёд аст.

20
Барчаспҳо:
коҳиш, оила, ҷудошавӣ, ноҳияи Ҷайҳун, Тоҷикистон