ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳайати кишварро дар ин ҷаласа Вазири умури хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва роҳбарӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки рӯзномаи нишаст ҷанбаҳои калидии ҳамёрӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавиро дарбар гирифт.
“Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ батафсил баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд”, - таъкид доштааст ВУХ-и Тоҷикистон.
“Худатон рафта, бинед!” Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳаст ё нест?
Ҳамзамон зикр шудааст, ки ҳайатҳо бо қаноатмандӣ аз натиҷаи ҷаласаи 9-ми Шӯрои ҳамкорӣ омодагии худро барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда ва таҳкими тавсеаи доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид доштанд.
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон дар як наворе ҷузъиёти пуррраи ин ҷиноятро мадҳушро шарҳ додааст.
Ба гузориши ВКД номбурда санаи 15 феврал соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуровари автомашинаи мусофиркашони таксиии Эраҷи Эмомалӣро манъ карда бо корди ба ӯ ҳамла намуда аз ӯ ронанда талаби пулӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда 42 маротиба зарба зада бо як бераҳмии махсус дар кӯчаи деҳоти ба ҳалокат расонидааст.
Худи Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурси гуфт: “гуфтамаш, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.
ВКД таъкид доштааст, ки Муҳиддинов Саймумин ба шаҳри Душанбе омада ба чанд рӯз ба айшу ишрат ва беҳудагарди машғул будааст.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баъд аз куштори ронандаи такси номбурда аз ҷайби ӯ 60 сомонӣ ва телефони мобиливу дигар ҳуҷатҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсияи дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳишро таъмин карданд ва муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Ӯ аз зодгоҳа дастгир ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда Саймумин Муҳиддинов дар Прокуратураи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда мавриди тафтиш қарор дорад.
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода шаби 1 марти соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанб рафта, беморонро аёдат намуданд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе рафта, бо фаъолияти шабонаи онҳо шинос шудаву бо беморон суҳбат кардаанд.
Аснои мулоқот бо беморон роҳбарияти вазорат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар, ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, айни замон ҷиҳати расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам овардааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки маҳз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифтааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад
Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти вазорат, пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аёдати беморон ва гуфтугӯи озод бо онҳо, таҳлилу баррасии вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.
Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.
Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар кард.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.
Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» баргузор гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.
Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.
Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.
Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ.
Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.
Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.
Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.
Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.