Панорама города Худжанд, архивное фото

Вокуниш мақомоти Хуҷанд ба корбарони Фейсбук роҷеъ ба сохтмони иншоот дар микроноҳияи 19

1626
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба навори корбарони шабакаи Фейсбук доир ба қазияи сохтмони иншоот байни ду хонаи баландошёнаи микроноҳияи 19-уми шаҳри Хуҷанд, ки ахиран сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, вокуниш нишон кардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъи мазкур, яъне байни ду хонаи баландошёнаи №1 ва 2-и микроноҳияи 19-уми шаҳри Хуҷанд ҳанўз соли 2016 тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои бунёди хонаи баландошёна пешбинӣ шуда буд.

“Баъди муроҷиати сокинон ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, комиссияи махсус таъсис дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ қатъ карда шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки имрӯз дар ҷойи зикргардида, ягон адад техникаву таҷҳизоти сохтмонӣ вуҷуд надорад. Майдончаи бачагона дар ҷойи худаш барқарор карда мешавад.

“Аз ин лиҳоз, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки беасос ва бехабар аз ҳолати воқеъӣ ҳамагуна наворҳои ҳангомаҷӯёнаро интишор накунанд, зеро масъала ҳалли худро ёфтааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

1626
Барчаспҳо:
иншоот, сохтмон, Фейсбук, корбарон, вокуниш, Хуҷанд, Тоҷикистон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

56
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

56
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

879
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

879
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бисзен" мекунад: шикояти муҳоҷирон

0
(Таҷдидшуда 01:13 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

 

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

0
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон