Четки, архивное фото

Тумори навиштаашро хондан натавонист: пулис ҷодугари навбатиро боздошт кард - навор

880
(Таҷдидшуда 14:55 21.02.2021)
Ҷодугарро кормандони милитса дар ҳоле боздошт карданд, ки манзили ӯ пур аз муроҷиаткунандаҳо буд ва дар берун низ чанд "муштари"- и дигараш интизорӣ мекашиданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Валиев Муҳиддин ном ҷодугар аз ноҳияи Восеъро кормандони пилиса барои мардумфиребӣ боздошт карданд.

Ба иттилои кормандони Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи мазкур, Муҳиддини 71 - сола қаблан низ аз ҷониби кормандони пулис боздошт ва ҷаримабандӣ мешуд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои зиёд, ӯ ҳамоно бо кори ғайриқонунии худ идома медодааст.

Манбаъ меафзояд, Валиев ягон дониши динӣ ва ҷамъиятӣ надорад. Илова бар ин, туморе, ки барои муштариёни худ менависад, ҳатто онро равон хондан ҳам наметавонад ва умуан ба маънои он сарфаҳм намеравад.

Вале барои фиреби мардум мизи кории ин ҷодугар пур аз ашёҳои карахт, аз қабили шамъу собун, теғу гӯгирд, пиёзу сирпиёз, чойи қоқ ва чандин китобу дафтарҳо буд.

Аснои бозпурсӣ, аз Валиев кормандони ҳифзи ҳуқуқ суол намуданд, ки оё хондани китобҳое, ки дар рӯи мизи кории худ қарор доранд, метавонад, вале ӯ ҳиҷолатомез посухи рад дод.

Тафсилоти боздошти муллои ҷодугар: танҳо бо тилло бахткушо ва табобат мекардаст - навор

Валиев изҳор доштааст, ки тавассути ашёҳои карахт ӯ ба корафтодаҳо кушоиши кор, дамгарӣ ва фолбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ин навбат низ нисбати Валиев Муҳиддин дар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протаколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ барои пардохт кардани ҷарима муваззаф шуд.

880
Мужчина плачет, архивное фото

Барои рафтан ба Латвия раводид мекунам гуфт: боздошти сокини пойтахт барои қаллобӣ

29
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ меттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, марди 34-солаи сокини пойтахт дар пайи аризаи шикоятии сокини дигари 32-солаи пойтахт боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, марди 32-сола 18-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи дигари пойтахт даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 33 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, на раводит гирифтаасут на маблағашро барнагардонидааст.

Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд

Ҳамзамон, гумонбар бо ҳамин роҳ рӯзи 19-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

29
Барчаспҳо:
ВКД, раводид, қаллобӣ, сокини пойтахт, боздошт
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард

268
(Таҷдидшуда 10:49 09.03.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисордар дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад. 

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.

268
Барчаспҳо:
пахш, пирамард, Ҳисор, садама, Тоҷикистон