Тахмина Раҷабова, ҳунарпешаи тоҷик

Хуш омадед, писарам: шукргузории Таҳмина Раҷабова пас аз таваллуди фарзанд

2776
Таҳмина Раҷабова, ҳунарманди номии тоҷик ва ҳамчунин ровии собиқи телевизион аз таваллуди муваффақи фарзанди дуюмаш хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Таҳмина Раҷабова рӯзи 20 феврал соҳиби фарзанди дустрӯ шуд. Дар ин бора худи ҳунарманд дар сафҳаи Инстаграми худ акси кӯдаки навзодро ҷо дода, хурсандияшро бо ҳаводорони худ қисмат кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Тахмина Раджабова (@tahmina_rajabova_)

Раҷабова дар зери акси гузошта, қудуми меҳмони навро хайрумақдам намуда, аз Худованд барои ин ҳадяи ноёфт шукргузорӣ намудааст.

"Хуш омадед, писарам! Акнун шумо ду нафаред, Алҳамдулиллоҳ. Чӣ хуш аст ба забон овардани калима "фарзандони ман", - навиштааст Раҷабова.

Зимнан, ӯ аз фарзанди нахусташ, ки Муҳаммадҷовид ном дорад, ёдовар шуда гуфт, акнун ӯ танҳо нест ва соҳиби бародар шуд.

Ҳунарманди номӣ аз Худованд барои фарзандони худ саломатӣ ва некуаҳволӣ талаб карда гуфт, "муҳим саломат бошанд ва дигар ба ҳама чиз дастёб мегарданд".

Қаблан, Раҷабова дар сафҳаи худ хабар дод, ки дар интизор фарзанд аст. 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Тахмина Раджабова (@tahmina_rajabova_)

Ин бонуи ҳунар чанде пеш дар барномаи "Ногуфтаҳои"- и Орзу Исо дар бораи аз ҳамсари аввалаш ҷудо гаштану бори дувум хонадор шуданаш хабар дода буд.

Рост: Таҳмина Раҷабова хабар дод, ки дар интизори фарзанд аст

Ӯ гуфта буд, ки бо шавҳари дуюмаш то ҳол ягон фарзанд надоранд ва  пас аз хатми таҳсил, албатта барои ҳамсараш фарзанде ба дунё меоорад.

Ҳунарпеша аз  шавҳари аввалаш як писар дошт.

Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова соли 2019 ба Донишгоҳи ВГИК-и Маскав дохил шуд ва аввалҳои соли 2020 бо далели пандемия бар қасди Душанбе тарки Маскав кард.

2776
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

513
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

513
Эмомали Рахмон и Си Цзиньпин

Ваксинаи ройгони Чин: Раҳмон изҳори сипос кард

625
(Таҷдидшуда 22:04 01.03.2021)
Чин изҳор доштааст, ки омода аст Тоҷикистонро бо ваксинааш бепул таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо роҳбари Чин Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксини ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин  муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони натиҷаи пандемия баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин миннатдории Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати  ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

625
Барчаспҳо:
Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон