Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Китоб хону пул гир: президент маблағи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғ"-ро зиёд кард

1480
Имсол низ бо сарпарастии Президенти Тоҷикистон озмуни китобхонӣ баргузор мешавад. Ҳаҷми маблағи шоҳҷоиза имсол баланд бардошта шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бо як амри тозаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар имсол низ озмуни китобхонии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мешавад.

Тавре дар амри раисҷумҳур қайд мешавад, сарпарасти озмун президент буда, аз фонди ӯ барои баргузории озмуни "Фурӯғ" 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳамин тавр, барои гирандаи шоҳҷоизаи "Фурӯғ" имсол 70 ҳазор сомонӣ пешниҳод мешавад. Дар ҳоле ки соли гузашта он 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Озмун давра, аз моҳҳои майи соли 2021 то моҳи декабри ҳамин сол баогузор карда мешавад. Аз панҷ номинатсия иборат буда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.

Ин “план”- и пахта нест: Чанд андешаи Ҳафиз Раҳмон оид ба озмуни “Фурӯғ”

Барои баргузории озмун комиссия ташкил хоҳад шуд, ки ҳайъати онро президент тасдиқ мекунад.

Маълумоти бештар дар бораи озмун дар замимаи амри президент зикр шудааст.

1480
Барчаспҳо:
маблағ, озмун, Тоҷикистон
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ

81
(Таҷдидшуда 10:11 25.02.2021)
Дар пайи барфрезии ахир ҳаракати мошинҳо бас самти ду вилояти кишвар пурра қатъ шудааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.

Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.

ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.

Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.

Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.

81

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

109
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

109