Раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар пеши низомиён, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав

3951
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз навгониҳои хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла хизмати пулакӣ дар ҳайати захиравиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи артиши миллӣ хотиррасон кард, ки чанд чанд рӯз пештар қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, ба бархе қонунҳои дигар тағйирот ворид шуд.

Раисиҷумҳур ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.

“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, - изҳор дошт Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатиро, ки масъули татбиқи қонуни зикршуда мебошанд, вазифадор кард, ки барои ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

“Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷӯӣ карда шавад”, - дастур дод Раҳмон.

Бар асоси қонуни ҷадид, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро, қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.

3951
Барчаспҳо:
хизмат, Тоҷикистон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

486
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

486
Эмомали Рахмон и Си Цзиньпин

Ваксинаи ройгони Чин: Раҳмон изҳори сипос кард

615
(Таҷдидшуда 22:04 01.03.2021)
Чин изҳор доштааст, ки омода аст Тоҷикистонро бо ваксинааш бепул таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо роҳбари Чин Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксини ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин  муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони натиҷаи пандемия баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин миннатдории Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати  ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

615
Барчаспҳо:
Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон