Конверт с деньгами, архивное фото

Заминфурӯшии мансабдорон дар Суғд: шарҳи Ожонси зидди фасод

396
(Таҷдидшуда 13:46 24.02.2021)
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд дар бораи ошкор шудани ҳолати порагирии раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод хабар додааст, ки Илҳомзода Хуршед Илҳом дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Зафаробод кор карда, барои ҷудо намудани қитъаи замин аз як сокини ноҳия дар ду ҳолат маблағ талаб карда, гирифтааст.

“Номбурда аз шаҳрванд “С” барои мусоидат дар ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин барои бунёди мағозаи тиҷоратӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҷомии ноҳияи Зафаробод аз моҳи апрел то моҳи июли соли 2020 дар ду ҳолат бо воситаи миёнрав Рашидов Хушбахт Ҳоҷиевич маблағи 30 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб намуда, гирифтааст”, -  омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, нисбати Илҳомзода Хуршед Илҳом бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ барои порагирӣ парванда боз шудааст.

Масъулини мубориза бо фасод инчунин аз оғози парванда алайҳи  Анвари Акбар Анварзода, раиси кумитаи идораи замини шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, Акбар Анварзода, зимни санҷиши нақшавӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Адрасмон ҳолати аз тарафи шаҳрванд “А” худсарона ишғол намудани 198 метри мураббаъ қитъаи заминро ошкор намуда, барои тартиб надодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ду ҳолат 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Нисбати раиси кумитаи идораи замини шаҳри Гулистон барои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ парванда оғоз шудааст.

Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

Таъкид шудаст, ки давоми соли 2020, аз сӯи маъмурони Идораи мубориза бо фасод, дар умум 23 ҷинояти характери коррупсионидошта дар миёни кормандони идораҳои заминсозӣ дар Суғд ошкор карда шудааст.

396
Барчаспҳо:
фасод, мубориза, замин, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

33
(Таҷдидшуда 00:01 25.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.

Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

33
День 25 февраля нац

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 18:49 24.02.2021)
Рӯзи бисту панҷуми феврал дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар Кувайт аз Рӯзи миллӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1990 дар ИМА дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.

Соли 1994 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010  Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарқшиноси барҷаста,  Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи  шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.

День 22 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.

Соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.

Соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.

Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
60
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон