Роҳат Алиев

Роҳат Алиев- аз тулӯъ то ғуруб

17
(Таҷдидшуда 10:38 26.02.2015)
Дар сиёсати Қазоқистон шояд чеҳрае монанди Роҳат Алиев баҳсбарангез набошад. Парвози бесобиқаи ин духтури гинеколог (пизишки бемориҳои занона) маҳз ба домоди райисҷумҳур шуданаш рабт дорад. Марги Роҳат Алиев , домоди собиқи Нурсултон Назарбоев дар зиндони Австрия дар Қазоқистон ва берун аз он сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Марг дар зиндон

Хабаргузории австриягии APA аз қавли раҳбари зиндони Йозефштадти Вена Петер Пречтл гуфт, ҷасади Роҳат Алиевро соати 7-20 рӯзи 24 феврал  дар ҳаммоми ҳуҷраи тоқае, ки ӯ менишаст, ёфтаанд. Ба гуфтаи Пречтл, Алиев худро ба дор кашидааст.

Петер Пречтл гуфт, Роҳат Алиев худаш хостори ҳуҷраи якнафарӣ дар бахши бемористони ин зиндон шуда буд. Ба гуфтаи ин мақом, ягон таҳдиди худкушӣ аз сӯи Алиев эҳсос намешуд ва ба ин далел вай дар рӯйхати он маҳбусоне буд, ки метавонистанд, бидуни посбон дар дохили зиндон ҳаракат кунанд.

Домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон баъди фирораш дар 8 соли пеш дар ғайбаш бо ҷурмҳое, чун куштор, хиёнат ба Ватан ва омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон дар маҷмӯъ ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд. Австрия то кунун ду дафъа ба ин далел ки ба имкони таҳияи шароити муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳои Роҳат Алиев дар Қазоқистон эътимод надоранд, дархости истирдоди ӯро рад карда буд.

Фирор аз кишвар

Бори охирин Роҳат Алиев рӯзи 5 июни соли 2014 дар Вена ва ин бор бо иттиҳоми даст доштан дар рабудан ва куштори менеҷерҳои аршади "Нурбонк"-и Қазоқистон Жолдас Тимралиев ва Айбар Ҳасенов дар соли 2007 дастгир шуд. Ӯ худро довталабона ба пулис таслим кард ва додситонии Австрия моҳи декабри соли 2014 Алиевро расман ба даст доштан дар қатли ин ду бонкдори қазоқ  айбдор кард.      

Роҳат Алиев, муовини собиқи вазири амнияту вазири хориҷаи Қазоқистон ва ҳам сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия ва САҲА, ки баъди бад шудани муносибатҳояш бо Нурсултон Назарбоев дар ин кишвари аврупоӣ паноҳ бурда буд, қаблан изҳор карда буд, ки ин иттиҳомоти алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд.

Мақомоти Қазоқистон домоди собиқи раисиҷумҳурро дар дуздии миллионҳо доллар пули давлат, рэкету ғасби тиҷоратҳои пурдаромад, хиёнат ба Ватан, қасди табаддулоти давлатӣ ва ҳам ба даст доштан дар чандин куштор айбдор карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Роҳат Алиев ҳамсари Дориға Назарбоева, духтари калонии раисиҷумҳури Қазоқистон буд. Баъди фирори Роҳат Алиев аз Қазоқистон дар соли 2007 ҳамсараш аз ӯ расман ҷудо шуд.

Роҳат Алиев баъди фирор дар матбуот як силсила маводи сиёҳкунанда дар бораи падарарӯси собиқашро нашр ва Назарбоевро ба ғасби қудрат ва даст доштан дар ҷиноятҳои сангин айбдор кард. Алиев дар бораи падарарӯсаш китобе ҳам бо номи "Крестный тесть" чоп кардааст.

"Парвоз"-и пизишк- домоди президент

Роҳат Алиев 10 декабри соли 1962 ба дунё омада, соли 1986 донишгоҳи тиббии Алма-Аторо хатм кардааст. Ӯ доктори улуми тиббӣ ва доктори улуми иқтисодӣ буда, бо шарофати издивоҷ ба духтари калонии Нурсултон Назарбоев ба мақомҳои баланде, чун муовини вазири амният, муовини вазири хориҷа ва раиси кумитаи андози Қазоқистон расида буд.

Роҳат Алиев аллакай дар 37-солагӣ соҳиби унвони генерал-майор ҳам шуд, вале баъди фирораш аз кишвар тамоми унвонҳову нишонҳои давлатии Алиевро бекор карданд.

Роҳат Алиев аз издивоҷаш бо Дориға Назарбоева ду писар — Нуралӣ ва Ойсултон — ва як духтар бо номи Венера ва ҳам ду набера дорад. Бино ба бархе хабарҳо, баъди ҷудо шуданаш аз духтари президент, Роҳат Алиев ба Элнора Шоразова издивоҷ карда, аз ӯ ҳам як писари хурдсол дорад. Ба гуфтаи бархе манобеъ, баъди ин издивоҷ Роҳат Алиев номи хонаводагии ҳамсари дуюмашро гирифт ва дар санадҳояш номи расмии ӯ дигар Роҳат Шораз буд.

17
Барчаспҳо:
дор дар зиндон, худкушӣ, марг, сафириҚазоқистон дар Австрия ва САҲА, муовини вазири амният, президенти Қазоқистон, Дориға Назарбоева, Роҳат Алиев, Нурсултон Назарбоев, Вена, Австрия, Қазоқистон
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов

Коршинос дурнамои ифтитоҳи парвозҳо байни кишварҳои ИДМ-ро арзёбӣ кард

388
(Таҷдидшуда 14:36 27.10.2020)
Муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Авиапанорама”, генерал-майор, Ҳавонаварди шоистаи ҳарбии Федератсияи Россия, номзади илмҳои техникӣ Владимир Попов гуфт, ки фурудгоҳҳои кишварҳои ИДМ барои кушодани ҳаракати ҳавоӣ то куҷо омодаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Попов гуфт, ки эҳёи парвозҳо дар дохили ИДМ дурнамои рафъи бӯҳрон дар нақлиёти ҳавоиро боз мекунад.

Владимир Попов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Танҳо манъ кардан, бастани марзҳо лозим нест, бояд назорат ва сармоягузорӣ кард, то амнияти умумиҷаҳониро таъмин кунед". Ба гуфтаи мутахассис, вазъи мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дубора барқарор карда шавад, зеро ташхиси коронавирус муайян,  ваксина аллакай сохта шудааст ва  нақшаи табобати ин беморӣ мавҷуд аст.

Номбурда илова кард, ки иқтисодиёт ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Барои барқарор кардани кори ҳамаи сохторҳо, риояи тамоми чораҳои зидди эпидемия зарур аст, гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, дар пайи ҳамагирии коронавирус кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон марзҳояшонро ба хотири ҷилавгирӣ аз ин беморӣ бастанд.

388
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, коршиносон, парвозҳо, Тоҷикистон
Самолет F-16

"Аллакай дар истеҳсолот": чаро Русия "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат"-ро эҳё мекунад

571
Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Барҳаво, қавӣ, бо технологияи олӣ сохташуда- аллакай ба наздикӣ Қувваҳои мусаллаҳи Русия бастаҳои ҷадиди фармондиҳӣ дар асоси ҳавопаймои баландпарвози Ил-96-400М-ро ба даст меоварад. 

Дар Ғарб ин гуна мошинҳоро "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат" меноманд. Дар ҳолати оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ аз борти "ситоди парвоз" низомиёни олӣ ва роҳбарияти сиёсии кишвар дифоъ ташкил мекунанд ва аз замин қӯшунҳои обӣ ва ҳавоиро идора менамоянд. Ин навъи ҳавопаймоҳоро имрӯзҳо танҳо Русия ва ИМА доранд. Дар бораи имконот ва вазифаҳои онҳо маводи РИА Новостиро мутолиа кунед.

Наҷоти фармондиҳӣ

Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Бомбафканҳои статегӣ боло мешаванд, қоиқҳои зериобии ҳастаӣ бо мушакҳои баллистикӣ ба уқёнус мераванд, системаҳои мушакии заминӣ ба ҳаракат даромдаанд ва ҷаҳон дар интизори ҷанги севум аст. 

Хушбахтона, ин сенария  афсонае беш нест. Чи дар Русия ва чи дар Амрико хуб дарк мекунанд, ки ҷанг метавонад дарҳол ба ҷанги ҳастаӣ табдил ёбад, ки даҳҳо миллион қурбонӣ хоҳад дошт. Аммо низомиён доим ба сенарияи бадтар омода мешаванд. 

Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки зарбаи авал дар ин гуна чолиш рақибро бесар мекунад, ва аз ӯ имконияти идораи қӯшунҳоро мегирад, ки натавонад ҳеҷгуна муқовимат нишон диҳад. Мақсади асосӣ - марказҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ ҳастанд.

 Дар давраи таҳдид роҳбарияти Русия ва ҳайъати олии фармондиҳии Қувваҳои мусаллаҳ дар шароити комилан махфӣ ба фурудгоҳи ҳарбӣ мебаранд, ки дар он ҷо онҳоро пунктҳои фармондиҳии болдор интизор аст. 

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - видео

Вазифаи асосии экипажҳои ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат - нафарони аввали кишварҳоро аз зери ҳамла берун оварда,  имконияти идора аз он тарафи ҳаворо фароҳам меоварад. Суботи набарди ин пунктҳои фармондиҳиро тавассути ҷангандаҳо ва танкҳо ба танзим медароранд. Чунин тактикаи монанд дар Амрико дар солҳои ҷанги сард коркард шудааст.

Ҷойгузине, ки муддатҳо дар интизори он буд

Нерӯҳои ҳаво ва фазои Русия аз чунин ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат 4-то дорад. Ин ҳавопаймоҳо дорои нерӯгоҳи қавӣ, воситаҳои муоширати муосир ва имконияти якчанд рӯз истодан дар ҳаворо доранд. 

Аз гузаштагонаш Ил-80 танҳо бо пешониаш фарқ мекунад, ки калон асту дар он таҷҳизоти радиову электронӣ ҷой дода шудаанд. Афзун бар ин Ил-80 равзана надорад, то мусофирон аз наздикии инфиҷори ҳастаӣ кӯр нашаванд.

Маълумоти бештар аз ин дар бораи Ил-80 сирри давлатист. Танҳо гуфта мешавад, ки дар борти ҳавопаймо таҷҳизот барои идораи тамоми намудҳои Қувваҳои мусаллаҳ, бинои махсус барои кор ва истироҳати мусофирони олимақом, ва захираи сӯзишворӣ ҷойгир аст.

Ҳавопаймо метавонад аз ҳамагуна фурудгоҳ парвоз кунад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

 Аммо Ил-80 бештар аз 15 сол аст, ки тавассути нерӯҳо истифода мешавад ва бештари манобеи худро тавсеа доданд. Доманаи амалии онҳо ҳамагӣ о 3800 километрро ташкил медиҳад, ки барои пункти ҳавоии идоракунӣ нокифоя аст. 

Барои ҳамин интихоби  Ил-96-400М ба сифати аоси ҳавопаймои нави рӯзи қиёмат пурра дуруст аст: доманаи амалии он қариб 9 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Меҳмонхонаҳои парвозкунанда
Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дорои 4 ҳавопаймои  E-4B Nightwatch мебошад, ки дар асоси боинг -747 сохта шудаанд. Ҳаряки аз онҳо 1000 нафарро меғунҷонад ва ҳангоми кифоягии маводи сӯхт метавонад то дар ҳаво то як ҳафта монад. E-4B Nightwatch аз таъсири таркиши ҳастаӣ осебе намебинад, ва дорои таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ мебошад.

 Метавон гуфт, ки "ҳавопаймои рӯзи қиёмат"-и амрикоӣ, ин як меҳмонхонаи парвозкунанда аст. Дар он барои кори автономӣ тамоми шароит аз ошхона сар карда, то ҳаммом, минтақаи истироҳатӣ, ҳуҷраи дорои миз ва 9 курсӣ, ҷои муҷаҳҳаз бо техникаҳои иттилоотӣ барои 29 корманд ва дигар бино иборат аст. Хулоса, бисёр ҳавопаймои бароҳат аст.

Шояд барои ҳамин баъзан нафарони аввали Амрико барои парвоз ба дигар кишварҳо E-4B-ро ба ҷои Air Force One истифода мекунанд.

Ҳавоппаймоҳои  E-4B аз ҳавопаймои Ил-80-и Русия хело бузургсол аст. Онро ҳанӯз соли 1970 ба истифода бароварда буданд. Бояд қайд кард, ки онҳо то рафт замонавӣ ва пурратар мешаванд.

Мисол, соли 2015 як қисми борт раванди азнавбарномакунонӣ ва тағйирёбии таҷҳизоти коммуникатсиониро гузаштааст. Феълан ин ҳавопаймо бемамоният ба интернет дастрасӣ дорад. Даври E-4B - 11 ҳазор километрро ташкил медиҳад. 

"Ин қадамҳои авваланд": чаро Амрико зердарёиҳоро ба наздикии марзи Русия интиқол медиҳад

Афзун бар ин, амрикоиҳо 16 ҳавопаймои  E-6-ро доранд, ки метавонанд ба сифати пункти фармондиҳии муштараки стратегии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико истифода шаванд. Дар ҳолати ҷанг ин мошинҳо аз минтақаи Уқёнуси Ором ва Атлантик вориди фазои ҷанг шуда, бо қаиқҳои зериобии ҳастаӣ ва "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёсат" E-4B иртиботи бевосита хоҳанд дошт.

571
Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори тоҷик даргузашт

Мотам дар журналистика: “илтиҳоби шуш” Маҳмудҷон Дадабоевро бурд

0
(Таҷдидшуда 10:02 30.10.2020)
Маҳмудҷон Дадабоев, рӯзноманигор ва бунёдгузори чандин шабакаи телевизиони мустақил, собиқ сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар синни 52 -солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар тайиди ин хабар, яке аз ҳамкорони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Дадабоев ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои табобат ба Бемористони касалиҳои сироятии Суғд интиқол ёфта буд, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҷонофарин супурд.

“Рӯзи 26 октябр дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки хуруҷи беморӣ монанд ба “илтиҳоби шуш” як каме вазъашонро хароб кардааст. Аммо дирӯз 29 октябр фаҳмидем, ки бандагӣ кардаанд. Худованд раҳмат кунад, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем”, зикр кард ҳамкори Дадабоев.

Бемористони сироятии Суғд, ба ҳисоби Бемористони клиникавии Суғд аз ду бемористон дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар айни ҳол барои табобати бемориҳои ҳамагири COVID-19 ва илтиҳоби шадиди шуш пешбинӣ шудааст.

Ҳамкасбон шогирдон ва дӯстони рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро мотам дар журналиста номида, "дод аз дасти "корона" мегӯянд, ки Маҳмудҷон Дадабоевро низ бурд". 

Маҳмудҷон Дадабоев, аз поягузорони журналистикаи электронӣ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки бо кӯшишҳои пайвастаи вай чандин шабакаҳои телевизионии мустақил аз ҷумла ТВ “Ҷаҳоноро”, ТВ “СМ-1”, ТВ “7 ситора” ва рӯзномаи мустақили “Суғд” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон таъсис дода шудаанд.

Маҳмудҷон Дадабоев 27 ноябри соли 1968 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз анҷоми хизмати сарбозӣ дар соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи шоҳибофии “Хуҷандатлас” оғоз кардааст.

Ӯ аз соли 1993 то 1995, муассис ва хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро" ва дар солҳои 1997 - 2003 мудири кулли шабакаи телевизион ва радиои “Симои мустақили якум (СМ-1)” буд. Соли 2001 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.

Як муддат ӯ, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи мазкур ба донишомӯзон дар боби махсусиятҳои роҳбарӣ дар ВАО дарс мегуфт. Солҳои 2006 - 2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд бар уҳда дошт.

Муассиси ҳафтаномаи мустақили “Суғд” ва инчунин аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кулли шабакаи телевизюниву радиоии "Ҷаҳоноро" буд. Маҳмудҷон Дадабоев сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд ва соли 2017 бо хоҳиши худ ин вазифа канор рафт.

Вақтҳои охир Дадабоев ба сифати менеҷер дар коргоҳи таъминоти сӯзишвории нақлиёти “Роҳи Сомон” фаъолият мекард. Бисёриҳо ҳоло даргузашти ӯро як талафоти бузург дар ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ мекунанд.

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

 

 

0