Вазъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Мақомот: Zello воситаи дӯстдоштаи мубаллиғони ДИИШ барои мағзшӯист

29
(Таҷдидшуда 16:52 21.10.2015)
Дар саффи ҷангиёни созмони террористии маъруф ба ДИИШ аз Тоҷикистон бештар ҷавонон ва ноболиғон ҳузур доранд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Мубаллиғони созмони террористии ДИИШ ҷавононро тавассути воситаҳои муосири иртиботӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники" ва "В контакте" ҷалб карда, барои муошират аз канали Zello ҳам истифода мекунанд.

Як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо Sputnik гуфт, тибқи иттилои фаврӣ, ҳоло дар саффи ҷангиёни ДИИШ аз 1 то 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дорад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бархе аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳ бо оилаҳои худ ба сарзамини ба ном "Хилофат" мераванд. Онҳо тавассути қаламрави Афғонистон ва Туркия вориди хоки Сурияву Ироқ мешаванд.

"Роҳи асосии ҷалби ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Агар қаблан мубаллиғон барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои Твиттер ё Фейсбук истифода мекарданд. Пас ҳоло барои мағзшӯии шаҳрвандони Тоҷикистон аз "Одноклассники", "В контакте" ва шабакаи маҳалли "Диаспора" кор мегиранд", мегӯяд, манбаи мо.

Ин корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳи таблиғотии ДИИШ хеле фаъолона ва ба таври ҳирфаӣ кор мекунад.

"Барои мисол, навори видеоии марбут ба Гулмурод Ҳалимовро бубинед, мисли ин ки гӯиё дар Ҳоливуд наворбардорӣ шудааст ва онҳо ҳам хеле талош мекунанду аз навовариҳо хуб истифода мекунанд, то ҷавонони моро ба Исломи "ноб" пайваст кунанду "ҷиҳод"-и худро шуруъ кунанд", — афзуд, ӯ.

Ҳамсуҳбати мо як ҳолати воқеии ҷалби ҷавоне аз ҷануби вилояти Хатлон ба саффи гуруҳои ифротиро ҳам нақл кард.
"Чанде қабл як сокини шаҳри Қурғон-теппа, ки фарзанди ноболиғаш қасди фирор ва пайвастан ба ДИИШ-ро дошт, ба мо муроҷиат кард", — изҳор дошт, манбаъ.

Тавре муайян шудааст, ин ҷавон аз як дӯсти падараш маблағ гирифта, бо шиносномаи бародари бузургаш мехост, ба Истамбул парвоз кунад. Ҳангоми бозпурсӣ ҷавон иқрор кардааст, ки ӯро тавассути шабакаи "В контакте" даъват кардаанд ва ҳатто нафароне, ки бо ӯ суҳбат менамуданд, аз саргузашти падараш истифода кардаанд. Онҳо ба ӯ гуфтаанд, ки падари ту дар барқарор кардани сохти конситутсионии Тоҷикистон иштирок кард. Вале ҳоло захмӣ шудаву бел дар гардан бо деҳқонӣ машғул аст.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, мубаллиғон ба ин ҷавон гуфтаанд, "ту бояд ба ин ҳама ҷавоб бигӯию қасди падаратро бигирӣ. Чун ӯ барои халқи худ хуни худро дареғ надошту ҷанг кард ва ҳоло пушти фармони мошинҳои "Порш" ва "Ландкрузер" нафарони дигар нишастаанд".

Инчунин мубаллиғон ҳангоми мағзшӯии ин ҷавон барои овардани ӯ ба саффи ҷангиёни ДИИШ гӯиё аз баъзе ҳадисҳо ҳам кор гирифтаанд.

"Мубаллиғон барои муоширати зинда бо мухотабони худ аз шабакаҳои Skype, Whatsapp ва Viber кор мегиранд. Аммо аз ҳама бештар террористон аз Zello, ки ҳамчун 3G, EDGE ва GPRS кор мекунад, истифода менамоянд", таъкид кард, ӯ.

Мавриди зикр аст, ки чанде қабл расонаҳои Туркия аз боздошти беш аз 50 шаҳрванди хориҷӣ дар натиҷаи як амалиёти зиддитеррористӣ хабар дода буданд, ки дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Анқара гузаронида шуд.

Ин амалиёт дар ноҳияи Пендик, воқеъ дар қисмати осиёии Истамбул сурат гирифтааст. Боздоштшудаҳо барои пайвастан ба саффи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ омодагӣ медидаанд.

Тибқи навиштаи нашрияи Vatan, миёни боздоштшудаҳо 24 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам ҳаст, ки таълимоти исломи ифротӣ гирифта, қоидаҳои зиндагӣ дар "Давлати исломӣ"-ро меомӯхтаанд. Дар ин марказ инчунин урдугоҳи тамринӣ ҳам вуҷуд доштааст.

"Давлати исломӣ" соли 2006 дар Ироқ аз тариқи муттаҳидшавии ёздаҳ гурӯҳҳои исломии тундгаро ба раҳбарии бахши маҳаллии "Ал-Қоида" таъсис шудааст. Теъдоди ҷангиёни ин гурӯҳ ба даҳҳо ҳазор нафар расида ва дар ихтиёри онҳо таслиҳоти вазнин ҳаст. Онҳо фаъолияти тундгароёна бурда, ба шумори зиёди амалиёти террористӣ алайҳи неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар қаламрави Ироқ, зидди низомиёни ироқӣ ва ҳамчунин зидди сокинони осоишта муттаҳам дониста мешаванд.

29
Барчаспҳо:
Zello, ноболиғон, Viber, Whatsapp, Skype, ҷалб, ДИИШ, ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, ДИИШ, вилояти Хатлон, Қурғонтеппа, Туркия, Ироқ, Сурия, Афғонистон, Тоҷикистон