Ворисов: дӯстии Душанбею Исломобод ба Афғонистон сулҳи воқеъӣ меорад

© Предоставил Саъди ВорисовСаъдӣ Ворисов
Саъдӣ Ворисов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо сарвазири Покистон Навоз Шариф санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.

Дар иртибот ба ин хабарнигори Sputnik бо Саъдӣ Ворисов, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон ва нафари огоҳ аз муносиботи ҳасанаи Душанбеву Исломобод бо чанд суол муроҷиат кард.

- Оқои Ворисов, тавре маълум аст, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон дар чанд соли ахир мебошад. Воқеан, Исломобод барои Душанбе дар ҳалли чӣ масоиле кӯмак карда метавонад?

— Ин ки Исломобод Эмомалӣ Раҳмонро дар осмон пешвоз гирифта дар замин ба поси қудумаш 21 туп шиллик мекунад баёнгари на танҳо пешвози гарму бесобиқа, балки нишонгари ниятҳои ҷиддитар ва нақшаҳои ҳамкории муҳимтари Покистон бо Тоҷикистон ҳаст, ки албатта ҳамкорӣ дар бахши энержӣ дар мадди аввали он меистад.

-Покистону Тоҷикистонро чӣ авалавиятҳои иқтисодӣ ва бахшҳои муфиди ҳамкорӣ ба ҳам наздик карда метавонад?

— Покистон, ки бо чолиши ҷиддии камбуди барқ рӯбарӯст (10 000 МВт) аз харидорони ҳариси барқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва беқарори татбиқи пружаи ОМОҶ (КАСА/CASA) —1000 дар ояндаи наздик. Қарор аст ОМОҶ — 1000 апрели соли оянда шуруъ шавад ва имконияти интиқоли барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистон фароҳам кунад. Содироти барқи арзони Тоҷикисон (5сент барои як воҳид) метавонад аз лиҳози иқтисоди суди хубе барои мамлакати мо биёрад чун Покистон ҳозир аст барои ҳар воҳиди барқ 20 сент пардохт кунад. Аз суйи дигар татбиқи ин лоиҳа дари дигари даромади иқтисодӣ барои Тоҷикистон яъне ҳамчун кишвари тронзит барои барқи Қирғизистон хидмат карданашро низ боз мекунад.

Мулоқоти раисҷумҳури ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф. 11 ноябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Покистону Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ мекунанд

Аммо кохнишиниони Исломобод ба неки медонанд, ки ҳамсояи нохуби Тоҷикистон аз иҷро ва амалишавии лоиҳаи ОМОҶ 1000 ба ҳеҷ ваҷҳ хушҳол нест.Ба ин хотир талоши хариди барқи Узбакистонро низ бо мақомоти узбак (дар сафари ояндаи Навоз Шариф ба Тошканд) музокира хоҳанд кард.

Шабакаҳои барқи Узбакистон дар ҳоли ҳозир бо Афғонистон пайванд буда 300 MW неруи барқро тавассути хатҳои 220кВ то Кобул интиқол медиҳанд.Эҳтимол аст, ки ин хатро Узбакистону Покистон то ба Пишовар тамдид кунанд ва Узбакистон низ аз фуруши барқаш ба Покистон бенасиб намонад.

ОМОҶ —1000 (CASA-1000) лоиҳае ҳаст, ки татбиқаш Осиёи Миёнаро бо Осиёи ҷанубӣ пайванд медиҳад ва Худо кунад лоиҳае бошад, ки на танҳо хонаҳои афғонистониҳо, ки дили ҷанҷгуёну пархошгаронро равшанӣ бахшаду барои замин гузоштани силоҳу хатми нооромӣ дилгарм кунад.

- Ба назари Шумо ҳамчун таҳлилгар, оё наздикшавии Тоҷикистон бо Покистон  ба муносибати Кобулу Душанбе халал намерасонад?

— Ба ҳеч ваҷҳ. Аввал ба ин хотир, ки таҳкиму тақвият ва беҳбуди равобити Тоҷикистон бо Покистон дар гарави амнияту оромиши Афғонистон аст. Дуввум ба ин сабаб, ки ҳар пружае байни Тоҷикистону Покистон амалӣ шавад ҳатман манфиату судаш ба Афғонистон низ мерасад ҳам ба унвони як кишвари тронзит ва ҳам ба масобаи як мамлакати истифодабаранда. Аз суйи дигар Тоҷикистон дар муносиботаш бо Покистон ҳамеша руйи масоили тиҷоративу иқтисодӣ таъкид дорад ва талош мекунад, ки нозукиҳои муносиботро дар назар гирифта тавозунро ҳамеша риъоя кунад.

- Яъне, муносиботи Тоҷикистону Покистон дар амри таъмини амнияту субот дар Афғонистон таъсир мерасонад?

— Бояд гуфт, ки таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо Покистон, алалхусус дар масоили тиҷорату иқтисод метавонад заминаи як сулҳи воқеиро дар Афғонистон фароҳам кунад чун Покистон, ки аз диди афғонистониҳо "ҳомии ифротгароӣ" ҳаст манфиатдор ба таҳаққуқи як сулҳи воқеӣ дар Афғонистон хоҳад шуд, чун бидуни сулҳу оромиш на пружаи ОМОҶ-1000 амалӣ мешавад на тамдиди хатти барқи Узбакистон ба Пишовари Покистон ва на ҳам кашонидани хатти лӯлаи гози Туркманистон ба Покистон.

Ман фикр мекунам, ки Афғонистон аз таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо он кишвар камтар аз Тоҷикистон хушҳол нахоҳад шуд, чун татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ Покистонро вобастаи Афғонистон хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0