Саидмукаррам Абдулкодирзода

Абдулқодирзода: барои муайян намудани андозаи риш супориш нагирифтаем

155
(Таҷдидшуда 20:48 11.02.2016)
Абдулқодирзода мегӯяд аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳузур ва ибодати дастаҷамъонаи занон дар масҷид макруҳ мебошад.

Се соли пеш, дақиқтараш 19 ноябри соли 2012 Шӯрои уламои Тоҷикистон бо дастури Кумитаи дин андозаи ришро барои мардон ва тарзи либоспӯширо барои занҳо муайян кард.

Хабарнигори Sputnik тасмим гирифт дар солгарди судури ин дастур бори дигар бо раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода суҳбате дошта бошад.

- Шӯрои уламо, Кумитаи дин ва мақомоти дигар дар Тоҷикистон меъёри риши мардон ва либоси бонувонро чӣ гуна ва аз кадом дидгоҳу бо супориши кӣ "танзим" мекунанд?

— Маркази исломӣ аз Кумитаи дин барои муайян намудани андозаи риш ва либоси хоҳарон ягон хел супориш нагирифта ва Шӯрои уламо низ ягон хел фатво доир ба қазия содир накардааст. Либоси зани мусулмон ва риши марди мусулмон аз аввали ислом муайян мебошад.

- USCIRF — Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Вашингтон солиравон хост, Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи "кишварҳои махсус нигаронкунанда" ворид кунад. Чун ба гуфтаи ин созмон "Ҳукуматдорон дар Тоҷикистон риш, либоси динӣ, синну соли зоирон, мавъизаи руҳониён, таълими динӣ ва руҳониёнро зери назорат гирифтаанд". Инчунин ин созмонгуфт, ки дар ҷумҳури мо бастани масоҷид ва манъи таълиму адабиётҳои динӣ идома дорад. Баназари Шумо, ин гуна баҳогузорӣ ба фазои динии Тоҷикистон то куҷо ба ҳақиқат наздик аст?

— Озодии мутлақ дар ягон кишвари дунё дида намешавад. Ҳамаи кишварҳо барои сулҳу суботи худ баъзе рафторҳои шаҳрвандони худро ба танзим медароранд, ки ин ягон ғаразе нисбат ба гурӯҳе ё ҷамъияте нест, балки манофеъи ҳамаи шаҳрвандони ватанаш қадр кардан аст-на чизи дигар.

 

Саидмукаррам Абдулкодирзода
© Sputnik
Саидмукаррам Абдулқодирзода

- Ба назари Шумо барои чӣ одобу ахлоқ имрӯз маъниҳои худро миёни ҷавонон гум кардаанд, ё ба қавле сатҳи ахлоқи онҳо пойин рафтааст? Бархеҳо мегӯянд, инро сабаб дур шудани мо аз фарҳанги исломӣ аст ва баъзеҳо дур мондан аз омӯзишро далел меоранд. Шумо чӣ назар доред?

— Ба назари банда паст рафтани ахлоқи ҷавонон пеш аз ҳама аз камсаводӣ ва таъсири баъзе шабакаҳои интернетӣ, ки тарғиби бадахлоқӣ мекунанд, инчунин дур мондани ҷавонон аз одобу ахлоқи ҳамидаи динӣ мебошад.

- Ҳамчун муфассири оятҳои Қуръон мегуфтед, ки модарон ё дар умум бонувон дар Ислом чӣ мақоме доранд? Оё он арзишҳое, ки Ислом барои зан қоил аст, дар ҷомеъаи имрӯзаи мо риоя мешавад?

— Дини мубини Ислом ба масъалаи ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеъа, таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконоти баробарии ӯ бо мардон дар зиндагии иҷтимоӣ меъёрҳои хеле олӣ ва айни замон мушаххас дорад. Зан дар ҷомеа нақши бузург дорад ва мақоми ӯ дар шариат то ҷое баланд аст, ки яке аз сураҳои Қуръон «Нисо» (Занон) номгузорӣ шудааст ва Пайғамбар (с) ҷаннатро зери қадами модарон қарор додааст. Аз нигоҳи дини Ислом зан дорои шахсият ва масъулияти мустақил мебошад ва солимии ҷомеа аз ӯ вобастагии зиёд дорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо занон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеъа дар ҳама соҳа фаъолият мекунанд ва аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдоранд.

- Солҳои охир мақомот чанд қарор дар бораи дин қабул карданд, таври мисол имомхатибони масоҷид матни мавъизаи худро дар рӯзҳои ҷумъа бо Шӯрои уламо мувофиқа мекунанд. Оё ин дуруст аст? Дар кишварҳои дигар ҳам аз ин таҷриба истифода мекунанд?

— Аввал, ин ки ин қарори Ҳукумат нест, балки ин тасмими Шӯрои уламо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин мебошад. Имомхатибони масоҷид мавъизаҳои ҳарҳафтаинаи худро дар рӯзҳои ҷумъа дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои уламо мувофиқа ва омода намуда, онро ба мардум пешниҳод мекунанд. Истифодаи чунин таҷриба дар бисёре аз кишварҳои дигари исломӣ низ вуҷуд дорад.

- Чаро дар Тоҷикистон бонувон иҷозаи пӯшидани сатр ва ба масҷид рафтанро надоранд?

— Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳузур ва ибодати дастаҷамъонаи занон дар масҷид макрӯҳ мебошад. Масалан дар китоби «Мухтасарул-виқоя» чунин оварда шудааст: «Ҳозир шудани занони ҷавон дар ҳама намозҳои ҷамоат макрӯҳ аст, чунончи иштироки пиразанон дар намозҳои пешин ва аср макрӯҳ аст», аммо дар пушидани сатр барои занон дар доираи либосҳои миллӣ ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад.

- Барои чи Ислом барои занон аз 9-солагӣ ва барои мардон аз 12-солагӣ ибодат карданро ҷоиз медонад, аммо дар Тоҷикистон аз 18 сола боло иҷозат аст?

— Иштирок намудани ноболиғон дар масоили динӣ ва эътиқодӣ танҳо ба сурати дастаҷамъӣ рафтан ба иттиҳодияи динӣ манъ шудааст, аммо ба тариқи инфиродӣ ба ҷо овардани ибодатҳои динӣ барои ҳама афроди ҷомеа новобаста аз хурду калон мамнуъ набуда, балки иҷрои онҳо вазифаи ҳар фарди мусулмон мебошад.

155
Барчаспҳо:
шабакаҳо, макрӯҳ, гурӯҳ, динӣ, Либоси зани, занҳо, мардон, сулҳ, риш, ислом, масҷид, Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, Кумитаи дин, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Вашингтон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шӯрои уламои ҶТ: ҳарфҳои Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳақиқат надоранд