Ҳусниддин Нидоев ва Абдуҳалим Низомов

Нидоеву Низомов дар қисмҳои низомӣ ҳеч камбудие ошкор накардаанд

74
(Таҷдидшуда 20:48 11.02.2016)
Намояндагони гуруҳи мониторингии қисмҳои низомии кишвар мегӯянд, дар натиҷаи санҷишҳо дар ягон қисмҳои ҳарбӣ камбудие пайдо нашуд.

Тайи ду соли ахир намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд. Давоми соли равон ин гуруҳ дар 4 қисми низомии кишвар санҷиш гузаронидааст.

Дар ҳамин робита хабарнигори Sputnik ба суроғи ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен) рафт ва аз масъулини ин ниҳод пурсид, ки ҳолу ҳавои артиши миллӣ чӣ гуна асту сарбозон чӣ мушкиле доранд? Нахуст ба пурсишҳои мо муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии дастгоҳи ин сохтор Ҳусниддин Нидоев посух гуфт, ки алъон фишурдаи онро ба шумо пешниҳод менамоем.

- Гуруҳи мониторинги чӣ хел таъсис дода шуд ва ба он киҳо шомил шуданд?

— Бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 августи соли 2013 гуруҳи корӣ оид ба ташриф ва мониторинги муассисаҳои пӯшида ва инчунин қисмҳои ҳарбӣ иборат аз 12 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Дар гуруҳи корӣ намояндагони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Дастгоҳи иҷроияи президент, парлумон, додситон ва мақомотҳои додгоҳии Тоҷикистон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин аъзоёни эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, ки аз 24 нафар иборат мебошанд, шомил гардиданд.

Гуруҳи мониторингӣ ин зергуруҳи гуруҳи корӣ мебошад. Чунки гуруҳи мониторингӣ аз қисмҳои низомӣ, муассисаҳои пушида санҷиш мегузаронад ва дар назди гуруҳи корӣ ҳисобот медиҳад. Мо ба гуруҳи мониторингӣ шомил ҳастем.

- Тарзи гузаронидани мониторинг аз кадом шева иборат буд?

— Усули гузаронидани он ин хел аст, ки ду нафар аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ду нафар аз намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа ба ду гуруҳ ҷудо шуда як гуруҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ, яъне сарбозону афсарон танҳо ба танҳо суҳбат менамуданд. Дар дасти онҳо анкетаҳо буд, ки аз рӯи он савол дода ҷавоби мушаххас мегирифтанд. Гуруҳи дуюм бошад, аз ҷои хоб, ошхона, ҳаммом, китобхона, ҳатто ҳоҷатхона ва дигар ҷойҳо дидан менамуд. Қабл аз санҷиш боз барои гуруҳи дуюм низ саволнома тайёр карда будем, ки аз рӯи саволномаҳо ҷавоби мушаххас мегирифтем.

-Мушаххасан гуфта метавонед, ки дар қисмҳои низомӣ аз кадом бахшҳои он дидан кардед?

Қисмҳои ҳарбӣ ба муассисаҳои шакли пӯшида дохил мешавад, зеро ҳимоятҳои сирри давлатӣ ва ҳарбӣ аз он ҷумла аслиҳа, техника воситаҳои махсусро доранд. Аммо мо вақте мегӯем, ки сохторҳои низомӣ муассисаҳои пӯшидаанд, дар назар бояд дошт, ки на ҳамаи биноҳо яъне объектҳои ҳамин сохтори низомӣ пӯшидаанд. Чуноне, оинномаи хазмати давлатӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ҷойҳоеро муайян намудааст, ки дастрасӣ ба онҳо маҳдуд нашудааст. Яъне, ба он ҷо даромадан ва саҷиш гузарондан мумкин аст.

Ин ҷойҳо, яъне сарбозхона (казарма), ошхона, утоқ барои хабаргирандагон, утоқҳои тиббӣ, фароғатӣ, китобхона, толори варзишӣ, майдонча, анбори ғизо, инчунин ҳоҷатхона мебошанд. Ҷойҳое, ки махфӣ аст он ҷойҳоро надидем.

Хусниддин Нидоев
© Sputnik
Ҳусниддин Нидоев

- Тафтишу санҷиш ва ё ба истилоҳ мониторинги Шумо дар чанд ҷузву томи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар анҷом ёфт?

— Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ташкилоти ғайридавлатии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", ки аъзои гуруҳи мониторингӣ мебошанд, дар соли 2015 дар 4 қисмҳои низомии кишвар, яъне шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва минтақаи Рашт мониторинг гузаронида шуд.

Ин мониторингҳо бо дастгирии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Пеш аз гузаронидани мониторинг Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба унвони вазири мудофиа мактуб ирсол намуда, дар он маълумот дар бораи мақсади мониторинг ва дар кадом қисмҳои низомӣ гузаронидани ок пешниҳод шуд.

Бояд тасҳеҳ бидиҳам, ки маълумот дар бораи рӯзҳои гузаронидани мониториг гуфта нашуда буд. Яъне қисмҳои низомӣ аз нақшаи ташрифи гуруҳи корӣ хабардор шуда бошанд ҳам аммо аз таърихи он огоҳ набуданд. Ин ба мо имкон дод, ки ташрифи худро ба таври ногаҳонӣ гузаронем.

Ба ғайр аз ин ман гуфтаниям, ки аъзои гуруҳи корӣ тасмим гирифтем, ки ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ бе хабардиҳии пешакӣ ташриф оварем ва бинем, ки онҳо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро чӣ хел қабул мекунанд. Ба ҳамин сабаб мо ба ҷои қисми ҳарбии минтақаи Рашт ба қисми ҳарбии ноҳияи Данғара ташриф овардем.

Дар қисми низомии Данғара роҳбарият умуман аз ташрифи мо дар бораи мониторинг хабардор набуданд. Каме дар назди даромадгоҳ интизор шудем, мақсадамонро фаҳмондем ва ниҳоят моро ба қисми ҳарбӣ роҳ доданд. Соли гузашта дар ҳамин қисми ҳарбӣ як-ду ҳолати ғайрисанитарӣ дида мешуд. Мо ин чизро ба назар гирифта барои ислоҳаш вақт дода будем. Соли ҷорӣ вақте ташриф овардем, ҳамон камбудиҳо аллакай ислоҳи худро ёфта буданд.

-Аслан аз мониторинги як ниҳоде амсоли омбудсмен чӣ чизе дар сохтор ва шеваи фаъолияти қисмҳои низомӣ тағйир меёбад?

— Пеш аз ҳама як чизро гуфтаниям, ки бисёре аз сохторҳои ҳарбӣ дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кам маълумот доранд. Баъд аз гузаронидани мониторинги мо дар тамоми қисмҳои низомӣ акнун сарбозону афсарони тоҷик бо шахсияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ошноянд. Гуфтаниям, ки мониторинги гузаронидаи мо ба бештари қисмҳои низомӣ таъсир расонд. Қисми низомии №01364-и ноҳияи Данғара аллакай дар ин сол бинояшро пурра таъмир намуда, ҷои хоб ва ғизои аскаронро хуб намудааст. Аз вазорати мудофиаи кишвар ба мо мегӯянд, ки баъд аз гузаронидани мониторинги шумо дар дигар қисмҳои низомии кишвар баъзе камбудиҳое, ки буданд мактуб ирсол намудем, ки ҳамон камбудиҳоро ислоҳ намоянд.

Ба суоли навбатии мо дар мавриди маргу мири сарбозон ва мавҷудияти шиканҷа дар қисмҳои низомӣ муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кудакони дастгоҳи мазкур Абдуҳалим Низомов ҷавоб дод.

- Сабаби аслии маргу мири аскарон дар қисмҳои низомӣ чӣ аст? Беморӣ, латукӯб ва ё иллати дигар?

— Вазифаи мо дар мониторинг ин буд, ки бо сарбозону афсарон аз рӯи анкета савол диҳему ҷавобашро гирем. Дар вақти суҳбат бо сарбозон, маълум гашт, ки дар ягон қисми низомӣ шиканҷа вуҷуд надорад. Яъне ба тамоми суолҳои мо ҷавоб доданд, ки шиканҷа дар онҳо вуҷуд надорад. Яке аз суолҳои мо чунин буд, ки "Ҳолатҳои зӯроварӣ аз ҷониби хизматчиёнӣ ҳарбӣ дида мешавад? Тамоми сарбозон ҷавоб доданд, ки не, дида намешавад. Ягон сарбоз нагуфт, ки ҳамин ҳолат дар онҳо ҷой дорад. Шахсан ман то даромадан ба ин қисмҳои ҳарбӣ фикрам дигар буд. Фикр мекардам шароити сарбозон бад аст. Аммо даромада дидам, барои онҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, ягон камбудие ҷой надорад.

Абдухалим Низомов
© Sputnik
Абдуҳалим Низомов

-Дар ҷузву томҳои неруҳои мусаллаҳ оё "бузургсолорӣ (дедовшина)" вуҷуд дорад? Агар ҳа, дар кадом сатҳ ва бо кадом шева бо он мубориза бурда мешавад? Зеро дар ин бора ВАО ва ашхоси алоҳида, инчунин аскарони мураххасшуда зиёд мегӯянд…

— Дар ҳақиқат дар ВАО мебинему мехонем, ки дар қисмҳои низомӣ "дедовшина" вуҷуд дорад, аммо дар рафти мониторинг ҳамин чизҳо ошкор нашуданд. Ягон сарбоз ба мо нагуфт, ки шиканҷа ҳаст ё не ва мо худамон низ ин чизҳоро надидем. Сару либоси сарбозон, муносибати роҳбарият бо онҳоро назорат мекардем, ҳамаш хуб буд.

-Дар давоми сол чанд нафар волидони сарбозон ба Шумо шикоят кардаанд ва чӣ чораҳо андешида шуданд?

— Тайи ин сол ба мо се нафар волидони сарбозон шикоят намуданд. Шикояти онҳо аз рӯи даъвати писаронашон ба хизмати ҳарбӣ буд, яъне онҳоро ба таври "боздошти зӯракӣ" (облава) бурдаанд. Аз рӯи дутои он ба прократураи ҳарбӣ мактуб ирсол намудем. Яктои онҳо тасдиқи худро ёфт, нафаре, ки сарбозро ба таври маҷбурӣ бурда буд аз кор озод карда шуд. Як шикояти дигар тасдиқи худро наёфт. Чун волидайн гуфта буданд, ки як писар доранду ӯро маҷбури ба хизмат бурдаанд. Дар натиҷаи тафтишот маълум гашт, ки як писар нею се писар доштаанд. Яке аз шикоятҳо ҳоло дар баррасӣ мебошад. Баъзан вақт мо шикоятҳоро аз ВАО мегирем.

- Натиҷаи мониторинги Шумо кай нашр мешавад?

— Дар мониторинги соли равон 4 қисмҳои низомӣ дар нақша гирифта шуда буд, мо аз ҳар чаҳори онҳо дидан намудем. Аз натиҷаи он як ҳисобот омода карда, охирҳои моҳи декабр бо иштироки мақомотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, ВАО ҳисобот медиҳем. Ба ғайр аз ин дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон натиҷаи он нашр шуда, боз китобҳои алоҳида бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп хоҳем кард.

74
Барчаспҳо:
ҷомеаи шаҳрвандӣ, дедовшина, шиканҷа, сарбозон, қисмҳои низомӣ, мониторинг, сиёсӣ, суҳбат, гуруҳ, ҳарбӣ, ҳисобот, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Абдуҳалим Низомов, Ҳусниддин Нидоев, Конибодом, Рашт, Қурғонтеппа, Данғара, Душанбе, Тоҷикистон
Пограничники на Таджикско-афганской границе

Коршинос кишварҳоеро ном бурд, ки дар он соли 2021 ҷанг имконпазир аст

1726
(Таҷдидшуда 09:26 09.01.2021)
Коршиноси ҳарбӣ кишварҳоеро номбар кард, ки дар онҷо ҷанг дар соли 2021 имконпазир аст, ки яке аз нуқтаҳои доғ метавонад марзи Тоҷикистону Афғонистон бошад

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Коршиноси рус дар мусоҳиба бо “MK” як қатор давлатҳоеро номбар кард, ки эҳтимоли даргирии мусаллаҳона дар соли 2021 вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршиноси ҳарбӣ Алексей Валюжевич, соли ҷорӣ метавонад аз "дастовардҳо" -и соли 2020, ки бо муноқишаҳои гуногуни мусаллаҳона ва мазҳабӣ ва инчунин паҳншавии босуръати коронавирус қайд карда шудааст, зиёдтар бошад.

Ба гуфтаи коршинос, дар соли 2021 мавҷи хушунат танҳо афзоиш хоҳад ёфт ва оқибатҳои онро ҳанӯз наметавон пешгӯӣ кард.

Валюжевич Афғонистонро яке аз минтақаҳои "гарм" номида гуфт, интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ шаванд.

Вай таъкид кард, ки коҳиши контингенти амрикоӣ ногузир ба афзоиши нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, (фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон кишварҳои дигар манъ карда шудааст), оварда мерасонад.

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

Ба гуфтаи коршинос, "даври нави муноқишаи абадии Афғонистон" дар инҷо аён аст.

Ин вазъ махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок аст. Ҷанг мустақиман ба марзҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон наздик мешавад.

Вай инчунин ёдовар шуд, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, тақрибан дар худи марз бо Афғонистон ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км марзи муштарак дорад.

Дар вилоятҳои ҳаммарз бо Афғонистон, тез-тез амалҳои террористӣ, задухӯрдҳо байни низомиён ва ҷангиён, аз ҷумла ҳаракати “Толибон” ба қайд гирифта мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос секунҷаи Ҳиндустон - Чин - Покистонро аз назари таниш аввал номид.

Ҷанҷоли деринаи болои қаламравҳои шимолии Ҳимолой, ки се кишвар даъво доштанд, метавонад ба задухӯрдҳои ҷиддӣ оварда расонад.

Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

Дар байни Покистон ва Ҳиндустон барои иёлатҳои Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, қаламрави Хайбар Пахтунхваи Покистон мубориза бурда мешавад, зеро онҳо гузаргоҳҳои асосии нимҷазираи Ҳиндустон мебошанд.

 

1726
Барчаспҳо:
низоъ, Ҳиндустон, Чин, Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон
Дмитрий Полетаев

Полетаев гуфт, ки соли 2021 барои муҳоҷирон дар Русия чӣ корҳо анҷом дода мешаванд

524
Дмитрий Полетаев, Директори Маркази Омӯзиши Муҳоҷират, Пажӯҳишгари Пешбари Институти Пешгӯиҳои Иқтисодии Русия гуфт, ки вазъи муҳоҷирон дар Русия давоми як-ду соли оянда то чӣ андоза беҳтар хоҳад шуд

Президенти Русия Владимир Путин нақша дорад, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар масъалаи амнияти муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кунад.

Ба андешаи ӯ, ин бояд ҳам барои муҳоҷирони меҳнатии дар Русия коркунанда ва ҳам барои русҳое, ки бо ин самт алоқаманд ҳастанд, таъмин карда шавад.

"Дар як-ду соли оянда вазъ дар бозор душвор боқӣ хоҳад монд, нерӯи кори муҳоҷирон талабот пайдо хоҳад кард. Агар мо дар бораи рақами 6 миллион муҳоҷири меҳнатӣ, ки ҳоло гӯё дар Русия қарор доранд, тавзеҳ диҳем, пас ин албатта хатост, зеро ин рақам касонеро низ дар бар мегирад дар Федератсияи Русия бо мақсадҳои хусусӣ, барои табобат, барои таҳсил омадаанд",-гуфт Полетаев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Аммо, дар муқоиса бо 10-11 миллионе, ки қабл аз пандемия буданд, кам шудани шумораи хориҷиён мушоҳида мешавад, аммо аксарияти онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки Федератсияи Русияро тарк накардаанд ва кор мекунанд.

Пастравии шадид тақрибан то ду маротиба, ин сайёҳоне мебошад, ки ба Федератсияи Русия наомадаанд, ва афроде низ ба назди хешовандони худ ва барои таҳсил омада натавонистанд, гуфт коршинос.

"Дар як-ду соли оянда вазъи иқтисоди сояӣ тағир нахоҳад ёфт, ҳадди аққал андозаи он коҳиш нахоҳад ёфт ва мувофиқан, бисёр муҳоҷирон маҷбуранд дар иқтисоди соя кор кунанд" гуфт мутахассис.

Аммо, ба андешаи ӯ, вазъ оҳиста беҳтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия барои барҳам додани иқтисоди пинҳонӣ чораҳо меандешанд, дар тамоми ҷаҳон ин муборизаи душвор ва тӯлонӣ аст.
Инчунин дар ояндаи наздик либерализатсияи сусти қонунгузории муҳоҷират идома хоҳад ёфт.

"Шумораи аҳолии қобили меҳнат дар Федератсияи Русия коҳиш меёбад, аз ин рӯ муҳоҷирон имкониятҳои бештарро барои гирифтани иҷозат барои истиқомат ё шаҳрвандӣ пайдо мекунанд ва ҷойҳои кории бештар дар атроф, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ пайдо мешаванд. Ин раванд зуд нест, аммо дар он ҷо имкониятҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд." - илова кард ӯ.

524
Барчаспҳо:
кор, иқтисод, муҳоҷирин, Русия
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:02 14.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар Рӯзи озодиҳои диннӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих