Коршиносон: омӯзгор набояд алфози қабеҳро ба забон орад

© Из личного архива Зарины КенджаевойЗарина Кенҷаева. Акс аз бойгонӣ
Зарина Кенҷаева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зарина Кенҷаева мегӯяд, устод ҳамеша бояд кушиш намояд, ки вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кунад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, устоду омӯзгорон ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи латтукӯби шогирдро надоранд, инчунин онҳо бояд аз ироаи алфози қабеҳ дар назди донишомӯзон худдорӣ кунанд.

Зеро ба назари равоншиноси тоҷик Зарина Кенҷаева рафтору гуфтори устод ба мафкураи шогирд бетаъсир нахоҳад буду омӯзгорон бояд ҳамеша дар ин бора аз эҳтиёт кор бигиранд.

"Устод ҳамеша бояд кушиш кунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кунад. Рафтори устод барои шогирд намунавӣ бошад. Рафтори устод нақши муҳимро дар тарбияи донишҷӯ мерасонад. Дар устод гапи қабеҳ, чапгирӣ қатъиян ман аст. Аз ҷиҳати равонӣ рафтору гуфтори устод ба мафкураи шогирд таъсири манфӣ мерасонад, ки мумкин аст то охири ҳаёт таъсири худро расонад.", изҳор медорад равоншиноси Маркази бӯҳрони ва PDV Зарина Кенҷаева.

Тахтаи синф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барканории устоди Донишгоҳи Қӯрғонтеппа барои дашномдиҳӣ

Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақтҳои охир баъзе аз омӯзгорони тоҷик аз ҷиҳати равонӣ пурра омода нестанду ҳатто тарбияи хуб надидаанд ва ин боис мешавад, ки мо наворҳои гуногун аз муносибати онҳо бо шогирдонашонро дар интернет тамошо мекунем.

"Интихоби устоди дуруст дар мактабу донишгоҳҳо нақши муҳимро мебозад. Муаллиме, ки худ тарбияи хуб надораду наметавонад ба донишҷӯй ё талаба донише диҳад. Раванди таълим ва тарбия ба ҳамдигар пайваст мебошанд", илова кард хонум Кенҷаева.

Рафтору кирдор ва шеваи муносибат бо шогирдон бори дуюм аст, ки исми омӯзгорони тоҷикро сархати расонаҳои хабарӣ қарор медиҳад. Рӯзи 20 ноябри соли равон навори дигаре ба интернет роҳ ёфт, ки дашномдиҳии устоди донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шогирдонашро намоиш медиҳад.

Ин навори 1 дақиқаю 40-сониягӣ, ки зоҳиран тариқи телефони мобилӣ пинҳонӣ сабт шудааст, аз аввал то охир дашномҳои қабеҳро дар бар мегирад. Навор аз он оғоз меёбад, ки зоҳиран муаллим Саъдулло Ситамов, номзади илмҳои физикаю математика, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ифшои як гап нороҳат шудаасту ин амалкарди шогирдон ӯро ба ҳадде асабӣ мекунад, ки дигар наметавонад, худро идора кунад: "Кӣ гуфт? Кӣ гуфта бошад? Наход падарлаънат нисбат ба муаллим ҳамин хел гӯӣ? Ман як шухӣ кардам"-гӯён омӯзгор дар идома дашном медиҳад.

Тахтаи синф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи Султоншоев ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шарифмурод Исрофилниё ҳам иқрор мекунад, ки ахлоқи ҷавонони имрӯзаи тоҷик коста гардидаанду ба онҳо дарс гуфтан хеле мушкил аст. "Барои шогирдони имрӯза дарс гуфтан хеле мушкил аст, дар ҳар як синф писари бадахлоқе ҳаст, ки метавонад дарсро вайрон кунад, имкони дарс гузаштан ба муаллим надиҳад", изҳор медорад Исрофилниё.

"Вале ба ҳар ҳол, устод бояд роҳҳои муомала бо шогирдро донад ва аз идораи худ баромадани омӯзгор нишонаи сатҳи пасти касбияти ӯст. Ҳеҷ вақт муаллим ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки шогирдро дашном ё латукӯб кунад. Дар кадом сурате набошад бояд устод роҳҳои муомила бо донишҷӯро дошта бошад",- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар пайи нашри ин навор ва вокуниши шадиди ҷомеаи мадании тоҷик, ҳоло Саъдуло Ситамов бо қарори раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа аз симмати худ барканор шудааст ва ҳоло маълум нест, алайҳи ӯ чи гуна чораандешӣ хоҳад шуд.

Чун қаблан ҳам навори латтӯби шогирде аз сӯи як омӯзгор ба интернет роҳ ёфта буд ва мақомот аз ин муаллим Асламшо Султоншоев, омӯзгори риёзии Мактаб-интернати ҷуҳуриявӣ ном бурда, дар робита ба ин масъала парванда боз шуд ва Султоншоев ҳам барои "гӯшмолӣ" ба додгоҳ эҳзор шуду бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 10 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид.

Номбурда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, моддаи 174 (иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва моддаи 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) айбдор шуд.

Лентаи хабарҳо
0