Русия воридоти колои туркӣ ба қаламрави худро манъ хоҳад кард

Таҳлилгари Forbes дар бораи таъсири таҳримҳои Русия ба иқтисоди Туркия

25
(Таҷдидшуда 15:47 02.12.2015)
Ин таҳримҳо ба иқтисоди ҳар ду кишвар бетаъсир нахоҳад буд, вале ҷониби Туркия бештар зарар мебинад.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Таҳримҳои Маскав, ки алайҳи Анқара дар пайи суқути ҳавопаймои Су-24-и Русия дар хоки Сурия эълон шудаанд, ба иқтисоди Туркия таъсири бузурги манфӣ хоҳад расонд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба як матлаби маҷаллаи "Forbes".

Муаллифи ин матлаб, ки аз ӯ Кеннет Раппоза ном бурда мешавад, таъкид кардааст, ки ин таҳримҳо ба иқтисоди ҳар ду кишвар бетаъсир нахоҳад буд, вале ҷониби Туркия бештар зарар мебинад.

"Даромади тиҷории Туркия аз Русия наздик ба 16 миллиард доллари амрикоӣ аст, ки 2% ММД-и онро ташкил медиҳад. Ҳаҷми колои содирот ба Русия ҳам байни солҳои 2008 ва 2014 4-5%-и маҷмуи колои содиршавандаи Туркияро ташкил медод ва вақтҳои охир ин нишондод то ба 2,7% (4 миллиард доллар) поин рафтааст", — менависад ин таҳлилагри "Forbes".

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар зарбаи шадид ба иқтисоди Туркия аз ҳисоби ҷаҳонгардӣ пешбинӣ мешавад, чун ба куллӣ қатъ шудани табодули коло миёни ду кишвар аз эҳтимол дур аст ва тоҷирони турк ҳам метавонанд, бозорҳои алтернативии дигарро барои молу колои хеш пайдо кунанд.

Аз сӯи дигар, ҷаҳонгардони рус низ барои истироҳат ва сайёҳат кишвари дигареро интихоб хоҳанд кард ва аз ин рӯ, метавон гуфт, ки иқтисоди Туркия аз ин соҳа зарбаи шадид мебинад.

"Русҳо аз маҷбурӣ ба Туркия мераванд", — мегӯяд Хюитт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, 12%-и меҳмонони хориҷии Туркияро русҳо ташкил медиҳанд.

Ба назари Рапоза, буҳрони сиёсии кунунӣ миёни Маскав ва Анқара метавонад, ба раванди имзогузории шартномаи "Газпромом" бо "Botas Petroleum" дар мавриди бунёди лӯлаи интиқоли газ ҳам таъсир расонда, онро ба таъхир гузорад.

"Ба ин ҳама нигоҳ накарда, коҳиш ёфтани содироти гази табии Русия ба Туркия аз эҳтимол дур аст. Аммо масъалаи поин бурдани арзиши газ дар ҳаҷми 10% ба хотири шартномаи "Газпром" бо "Туретский поток" яқин аст, ки дигар бардошта намешавад", — меафзояд Рапоза.

Наздик ба 20%-и шартномаҳои хориҷии сохтмонӣ дар Русия сурат мегиранд. Тибқи иттилои Ассотсиатсияи пудратчиён Туркия, ширкатҳои сохтмонии ин кишвар аз соли 1988 ба ин сӯ дар Русия бар ивази 60 миллиард доллари амрикоӣ лоиҳаҳоро анҷом додаанд. Даромади ширкатҳои туркӣ аз иҷрои лоиҳаҳои сохтмонӣ дар Русия соли гузашта 4 миллиард долларро ташкил дода, аз аввали соли равон то ба ҳол ба 2,3 миллиард доллар расидааст.

Ба навиштаи ин таҳлилгар, ҳанӯз маълум нест, ки алайҳи ин ширкатҳо ҳам таҳрим эълон хоҳад шуд ё не. Бархеҳо мегӯянд, агар ширкатҳои русӣ аз уҳдаи иҷрои кори ширкатҳои туркӣ бароянд, мақомоти Кремл яқин аст, ки ба хотири ривоҷи кори ширкатҳои худ алайҳи туркҳо таҳрим эълон хоҳанд кард. Аммо бояд гуфт, ки ин иқдом дар соҳаи сохтмони Русия поинравиеро ҳатман эҷод хоҳад кард.

Аз ин рӯ, Рапоза бар ин назар аст, ки Русия таъсири таҳримҳои худ алайши Туркияро ҳам эҳсос хоҳад кард.

25
Барчаспҳо:
турк, коло, газ, сохтмонӣ, савдо, таҳрим, ширкат, рус, таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Туркия, Ассотсиатсияи пудратчиён Туркия, "Forbes", Кеннет Рапоза, Анқара, Туркия, Сурия, Русия, Маскав
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)