Сергей Харитонов дар рӯйхати беҳтарин муборизони ҷаҳони Fightmatrix ҷой гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкСергей Харитонов. Акс аз бойгонӣ
Сергей Харитонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рейтинги Fightmatrix натанҳо нишондодҳои миксфайтерон, балки тамоми варзишгаронро ҳисоб мекунад. Аъзои собиқ мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов дар рӯйхати беҳтарин варзишгарон дар мақоми 3-юм ҷой гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Собиқ аъзои мунтахаби бокси Тоҷикистон Сергей Харитонов ба рӯйхати рейтинги нави Fightmatrix дохил шуд.

Ӯ дар мақоми 30-юм қарор гирифта, айни ҳол аз номи Федератсияи Русия бапромад мекунад.

Федор Емиляненко дар рӯйхати рейтинг мақоми 32-мро аз худ кардааст. Дар раддабандии ҷадиди Fightmatrix  варзишгари амрикоии зодаи Хорватия Стипе Миочич пешсаф аст.

Баъди ӯ дар рӯйхат намояндаи Бразилия-Фабрисио Вердум ва варзишгари амрикоӣ Кейн Веласкес қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки раддабандии Fightmatrix низ чун рейтинги ФИФА оид ба футбол ҳисоб карда мешавад. Дар сурати мағлуб намудани рақиби зӯртарин варзишгар соҳиби имтиёзҳои иловагӣ мешавад.  Дар сурати мағлуб намудани варзишгари наонқадар пурзӯр, имтиёзҳои камтарро соҳиб мешаванд. Агар дар давоми ду сол дар ягон мусобиқа ширкат накунӣ, аз рӯйхати рейтинг бароварда хоҳӣ шуд.

Ҳамин тавр варзишгари рус Ҳабиб Нурмагомедов солҳои тӯлонӣ дар ин рӯйхат ҷой надошт, вале баъди ғолиб омадан бар Далер Хорчел зинаи нӯҳуми рейтингро аз худ кард.

Рейтинги Fightmatrix натанҳо нишондодҳои миксфайтерон, балки тамоми варзишгаронро ҳисоб мекунад. Агар варзишгар дар мусобиқаи охирин вазни худро кам ё зиёд карда бошад, ӯро минбаъд аз рӯи ҳамин вазн баҳогузорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0