Аз байни кишварҳои ОМ солимтарин шаҳрвандон дар Узбакистон басар мебаранд

© SputnikКӯдакони шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Кӯдакони шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлати ҳамсоя-Узбакистон дар рейтинги солимтарин шаҳрвандон пешсаф буда, дар ҷои 55-ум қарор дорад. Туркманистон 60-ум, Қазоқистон 85-ум, Тоҷикистон 99-ум ва Қирғизистон бошад 113-ум шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон оид ба нишондиҳандаҳои ҳаёти солим, саломатӣ аз байни 188 кишвари ҷаҳон 99-ум шуда, аз байни кишварҳои ОМ дар сафи 4-ум қарор дорад.

Рейтинг аз ҷониби маҷаллаи тиббии The Lancet таҳия шудааст.

Мардум зимни ҷашнгирӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: қади шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар даҳсола 1 см-рӣ баланд шудааст

Бино ба иттилои манбаъ раддабандии мазкур бар асоси нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон, ҳалокат дар садамаҳои нақлиётӣ, фарбеҳии кӯдакон, истеъмоли машруботу истифодаи тамоку, бемории СПИД, сил, гепатити В ва шумораи худкушӣ омода  шудааст.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлати ҳамсоя-Узбакистон пешсаф буда, дар ҷои 55-ум қарор дорад. Туркманистон 60-ум, Қазоқистон 85-ум, Тоҷикистон 99-ум ва Қирғизистон бошад 113-ум шудааст.

Мақоми аввалро за рӯи солимтарин шаҳрвандон Исландия гирифта, дар панҷгонаи аввали раддабандӣ-Исландия, Сингапур, Шветсия, Андорра ва Британияи Кабир ҷой гирифтанд.

Рейтинг байни 188 давлати ҷаҳон гузаронида шуд.

Лентаи хабарҳо
0