Сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ

Грозин: Мирзиёев не, Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дод

644
(Таҷдидшуда 14:37 29.12.2016)
Сафари ҳайати Узбакистонро дар таърихи ҳар ду кишвар метавон чун ҳодисаи муҳимтарин баҳогузорӣ кард, изҳор дошт сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварлои ИДМ Андрей Грозин

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Коршинос оид ба кишварҳои ИДМ дар сӯҳбат бо Sputnik қайд кард, ки на Мирзиёев балки Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дароз кард.

Ба қавли ӯ бо сафари ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон умедҳои бузург дар пай аст. Баъди иваз шудани роҳбарият дар Узбакистон имову иҳшораҳои зиёде оиди рушди ҳамкорӣ шуда буд, ки онро метавон чун кӯшиши барқарор намудани муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо баҳо дод.

"Мирзиёев аз Ислом Каримов мероси мушкил гирифт. Вале нодурус мешавад, агар гӯем, ки роҳабрияти нав ба барқароркунии муносибатҳо шурӯъ кард. Ҳанӯз дар даврони президентии Каримов, Узбакистон хостори рушди муносибот бо Тоҷикистон шуда буд",-изҳор дошт Грозин дар мусоҳиба бо Sputnik Узбакистон.

Коршинос бовар дорад, ки дар ояндаи наздик ҷонибҳо масъалаҳои об, раводид ва роҳро ҳал хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки  дар Душанбе  вохӯрии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

644
Барчаспҳо:
муносибати дуҷониба, оштӣ, об, раводид, ҳамкорӣ, роҳ, Шавкат Мирзиёев, Ислом Каримов, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пешгӯии Усмонов: Узбакистон бо Шавкат Мирзиёев ояндаи дурахшон дорад
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Узбакистон
Узбакистон аз Тоҷикистон алюминий мехарад
Тахмина Бахронова

Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

803
(Таҷдидшуда 14:17 26.05.2020)
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

803
Барчаспҳо:
дархост, такси, роҳбар, ширкат, хисорот, Душанбе, вирус
Главный корпус больницы Истиклол

Поёнравӣ ё оромии қабл аз тӯфон: дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ хабар аст?

2812
(Таҷдидшуда 02:25 25.05.2020)
Маҷмӯаи иттилооти дасти аввал аз шифохонаҳо нишон медиҳад, ки шуюъи “вируси корона” дар Тоҷикистон сайри нузулӣ дорад. Аммо мутахассисин мегӯянд, барои кафкӯбӣ кардан ҳанӯз вақт ҳаст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Масъулини дасти кам 10 шифохонаи шаҳру навоҳӣ ва вилоят ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки теъдоди маризон рӯ ба коҳиш оварда, утоқҳои табобатӣ холӣ мешаванд.

Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, 23 май, вазири тандурустӣ ба вилояти Хатлон сафар дошт, то бо вазъ дар маҳалҳо ошно шавад.

Вай афзуд, бино ба иттилое, ки сардухтурон дар ихтиёри вазир гузоштанд, тайи рӯзҳои ахир теъдоди назарраси маризон шифо ёфта, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

“Масалан, дар шифохонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ чор мариз бистарӣ буданд. Ҳамин гуна вазъ дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар, маркази вилоят низ мушоҳида шуд. Дар умум аз садҳо нафаре, ки тайи 20 рӯзи ахир дар шифохонаҳои ин вилоят таҳти тадовии табибон буданд, ҳудуди 200 нафар боқӣ мондаанд. Инҳо ҳам ба зудӣ рухсат хоҳанд шуд”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустӣ, дирӯз аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе дар умум 500 нафар, ки бо маризиҳои мухталиф, аз ҷумла “вируси корона” ва “пневмония” бистарӣ буданд, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар корпуси 2 – и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон - "Шифобахш", маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, ҳамагӣ 4 мариз бистарӣ буданд ва дар корпусҳои 4, 6, 8 ва кардиологияи ин марказ, ки тақрибан 500 нафар табобат мегирифтанд, се рӯз ба ин сӯ касе бистарӣ нашуда, теъдоди онҳое, ки таҳти назоратанд, аз 100 поён шудааст.

Бино ба манобеъи мо, бештари маризон ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” муроҷиат мекунанд ва он ҷо низ теъдоди муроҷеин аз садҳо нафари даҳаҳои аввалу дуюми моҳи равон ба 20 – 30 нафар коҳиш ёфта, рӯзщои ахир то 30 - 40 нафар аз шифохона рухсат мешаванд.

Омори мудҳиш: шумори гирифторини COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Вазъи ҳамсон дар Шифохонаи маризиҳои сироятӣ ва ҳам Маркази гастроэнтрологияи Душанбе низ мушоҳида мешавад. Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳуриро низ рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ кард.

“Хушбахтона, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қиёс бо дигар вилоёт садамаи камтар расида, ҳоло теъдоди маризон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Иттилое, ки аз Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар ихтиёри мо гузошта мешавад, низ аз поёни омадани мавориди сироят ва фавт ривоят мекунад”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Ду – се рӯз пас

Вилояти Суғд, ки дар баробари пойтахт – Душанбе дуввумин нуқтаи доғи шуюъи “вируси корона” ба ҳисоб мерафт, низ ҳоло шоҳиди беҳбуди вазъ аст.

Ҳанӯз 20 май хабаргузории “Ховар” аз коҳиши муроҷиати маризон ва тадриҷан холӣ шудани шифохонаҳо дар ин вилоят хабар дода буд. Яке аз минтақаҳои доғ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, дирӯз 24 май, охирин гирифторонро рухсат намудааст.

Вазъ дар Хуҷанду Истаравшан, шаҳрҳое, ки мавориди бештари гирифторӣ ба “вируси корона” ва “пневмония” – ро таҷриба кардаанд, низ аз ҳамин қарор аст.

Як манбаъ дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, ки бори аслии табобати маризони вазнинро мекашид, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, то чанд рӯзи дигар ин шифохона холӣ хоҳад шуд.

Нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд: сабаби марги раиси Тоҷикобод муйаян шуд

Нигора Наимҷонова, муовини раиси Истаравшан як рӯзи қабл, 24 май, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Шифохонаи марказии шаҳр ҳудуди 30 нафар табобат мегиранд.

“Муроҷеъин кам шудаанд ва умедворем, ки то ду – се рӯзи дигар тамоми маризон рухсат шаванд. Аз сӯи дигар, онҳоеро, ки ҳолати сабуку миёна доранд, тариқи гаштҳои хонагӣ ошкор намуда, духтуронро масъули нигоҳубини онҳо кардаем”, - гуфт Нигора Наимҷонова.

Иттилоъе аз ин қабилро дар Шифохонаи марказӣ ва Маркази физиотерпевтии воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шоҳиди аввалин мавориди расонаишудаи маргумирҳо аз “пневмония” буданд, низ дар ихтиёри мо гузоштанд. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 18 ноҳияи вилоят ҳудуди 400 нафар таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

“Ҳолати аксарияти кул рӯ ба беҳбудӣ оварда, мавориди вазнин хеле кам шудаанд. Теъдоди фавт низ сахт коҳиш ёфта, ин умедворӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба ҳамин қарибӣ вилоят аз ин вабо озод шавад”, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

“Мавҷи дуюм”

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо коҳиши муроҷиати маризон ба шифохонаҳои Тоҷикистонро ҳанӯз анҷоми ин набарди пур аз талафот бо “вируси корона” намебинанд.

Ба қавли онҳо, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки сайри нузулӣ ё коҳиши мавориди гирифторӣ ҳанӯз комилан аз миён рафтани “вируси корона” буда наметавонад. “Эҳтимол дорад, ки ба истилоҳ, “мавҷи дуюм” моро дар пеш бошад.

Аз ин хотир, мардум набояд фирефтаи ахбори хуш шаванд, балки ҳамоно аз эҳтиёт кор гиранд, пойбанди қавонини беҳдоштиву гигиенаи шахсӣ ва дар хона бимонанд.

Агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, тақрибан 20 рӯзи дигар зарур аст, то бигӯем, ки кор тамом шуд ва итминони хотир пайдо кунем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, оморе, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24 май нашр кард, ҳикоят аз коҳиши ками мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” мекунад.

Роҳандозии озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хуҷанд барои муайян кардани коронавирус

Бино ба ин манбаъ, аз соати 17 – и рӯзи 22 ба ҳамин соати 23 май дар кишвар 191 (рӯзи қабл 187) ҳолати нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда, теъдоди умумии ибтило ба 2929 маврид расидааст. Масъулин мегӯянд, ин натиҷаи санҷиш ё тестҳоест, ки як ҳафтаи қабл гирифта, ҳоло таъйид шудаанд ва ин бозгӯи вазъи рӯзҳои ахир нест.

2812
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Чиниҳо ҳайрон: баҳои баланди вирусологҳои Чин ба мақомоти вилояти Хатлон

0
(Таҷдидшуда 16:18 28.05.2020)
Гурӯҳи 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб, вирусологҳо аз музофоти Шэнсии Чин имрӯзҳо барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омаданд ва имрӯзҳо ба вилояти Хатлон ба шаҳри Бохтар сафар карданд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чиноӣ, қайд кардааст, ки мутахассисони чиноӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудааст, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

Бино бар дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Ҷи Венкуй таъкид доштааст, ки то ин вақт аз ҷониби Ситоди вилоятӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии виркуси корона як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудааст.

Вай афзуд, таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатӣ аз ин шаҳодат медиҳад.  

“Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем”, - қайд кард ӯ.

Бояд гуфт, ки санаи 24 майи соли равон ба хотири ҷилавгири аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии Чин ба Тоҷикистон омаданд.

Манбаъ зикр кард, ки ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара низ дидан намуданд.

Ёдрас мешавем, ки то соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

0
Барчаспҳо:
Чин, Бохтар, табодул, таҷриба, вирус, Хатлон, Тоҷикистон