Бинои бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ишора аз “боло”-ро интизор аст

693
Барои рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон иродаи сиёсӣ намерасад. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон низоми бонкдории исломӣ бо ибтикори ҳукумат дар ҳоли рушд аст

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати исломии тасеъаи бахши хусусӣ (ICD) баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Раиси  БМТ  Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ин мулоқот аз раванди омодасозии қонунгузории Тоҷикистон барои роҳандозиву густариши низоми бонкдории исломӣ дар кишвар гузориш дод.

Вале то кунун заминае барои ин намуди бонкдорӣ дар кишвар фароҳам нашуда ва муштариён, ҳуқуқшиносон ва бонкдорон аз шароиту вижагиҳои он чандон огоҳ нестанд.

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони бахши бонкдорӣ шарту шароити роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистонро ҷӯё шуд. Мудири Бунгоҳи "Амал"  Рашид Низомиев дар ин бора гуфт: "Таҷриба нишон медиҳад, ки роҳандозии бонкдории исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иродаи сиёсиву тасмимигирии давлатҳо вобаста аст. Чунончи, низоми бонкдории исломӣ дар Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аз ҳама бо тасмиму қарори ҳукумат роҳандозӣ шуд. Маълум аст ки тақозои шаҳрвандон низ дар назар буд, вале агар давлатҳо чунин тасмим намегирифтанд, ин намуд бонкдорӣ дар он кишварҳо роҳандозӣ намешуд".

Вай ёдоварӣ мекунад ки "дар ин кишварҳо то дар "боло" тасмим нагиранд, заминаи қонунӣ барои роҳандозии низоми бонкдории исломӣ фароҳам оварда нахоҳад шуд".

Раиси Бунёди тавсеъаи тиҷорати исломӣ Линар Яъқубов низ дар ин бора аз таҷрибаи Қазоқистон ва Қирғизистон ёдовар шуд. Вай бар ин назар аст, ки Тоҷикистон метавонад қонунгузории ин кишварҳоро барои роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар қаламраваш сармашқ қарор диҳад.

Вай гуфт: "Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина Қазоқистон аст. Бар асоси қароре ки раисҷумҳури Қазоқистон тасвиб кардааст, дар ин кишвар як бонки хориҷӣ ва чанд бонки қазоқистонӣ дар заминаи бонкдории исломӣ фаъолият доранд".

Вай Қирғизистонро низ намуна овард ва гуфт: "Дар ин кишвар ЭкоИсламикБанк аз соли 2006, пас аз тасвиби қарори марбут, фаъолият дорад ки то кунун 60 то 70 ҳазор амалиёти бонкӣ анҷом додааст".

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давлати Узбакистон дар замони раёсати Ислом Каримов бо муассисаҳои исломӣ ҳамкорӣ намекард, вале давлати кунунӣ роҳи ҳамкорӣ бо бонкҳои исломиро пеш гирифтааст.

Низоми бонкдории исломӣ чи вижагиҳое дорад? Нахуст ин ки бонкдории исломӣ бар қавонини исломӣ бунёд ёфтааст ки судхӯриро ҳаром мешуморад. Яъне бонки исломӣ аз вомгиранда баҳраи вом намегирад ва ё тиҷорати "ҳаром", масалан, тавлиду фурӯши алкул ва сигорро, сармоягузорӣ намекунад.

Дигар ин ки бонк ба ҷои вом ё эътибор додан ба ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, бар асоси таҳлилу баррасии вазъи моливу барномаҳои иқтисодии онҳо ва мусбат будани таҷрибаву тарозашон, дар иҷрои тарҳҳои онҳо мушорикат ва ё сармоягузорӣ мекунад.

Рашид Низомиев мегӯяд: "Агар дар бораи имтиёзҳое, ки бонкдории исломӣ ба муштариён медиҳад, сухан гӯем, ин бонкдорӣ боадолатонатар аст. Масалан, яке аз имтиёзҳои бонкдории исломӣ ин аст, ки масъулияти бархе аз рискҳоеро, ки дар низоми бонкдории маъмулӣ бо вомгиранда аст, бонк бар уҳда мегирад. Агар аз таҷрибаи Русия намуна биёрем, то ҷое ки ман медонам, бунгоҳҳои пулии исломӣ, аз он ҷумла муассисаи мо низ, дар сурати деркард дар пархоти вом аз вомгиранда ғаромат намеситонанд. Ғаромат рискест бузург ки агар вомгиранда вомашро сари вақт напардозад, бидеҳкор шуда ва дар бархе аз маворид ҳама дороиҳояшро аз даст медиҳад вале ҳамчунон аз бонк қарздор мемонад".

Вай афзуд: "Низоми иқтисодии исломӣ аз омӯзаҳои ислом реша мегирад, ки мафҳуми адолатро возеҳу рӯшан таъриф карда ва дар назар дорад ки рискҳо дар ҳар сурат бояд миёни тарафҳо баробар тақсим карда шаванд. Ногуфта пайдост ки чунин бархурде ба суди муштариён аст. Бонк низ бо чунин бархурду равиш муштарӣ ва супурдагузоронро ба худ ҷалб мекунад".

"Бонкдории исломӣ имрӯз чӣ пешниҳоде дорад?— мепурсад Линар Яъқубов. — Мардум аксаран судхӯриро ҳаром медоданд ва тарҷеҳ медиҳанд ки пулашонро зери болишт нигоҳ доранд, на дар бонкҳо. Бисёре дар Русия бар ин боваранд, ки хешкории аслии бонкдории исломӣ ҷалби сармояи хориҷӣ аз кишварҳои мусулмоннишин аст, вале дар асл ин ниҳод василаест барои корбурд аз сармояи хобидаи мардум".

Вай таҷрибаи кишварҳои ғайри исломӣ, аз он ҷумла Инглистонро, намуна меорад, ки тақозоҳои ақаллияти мусулмонро ба назар гирифтанд ва қонунгузории худро ислоҳ карда, барои роҳандозии бонкдории исломӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Ҳамин сиёсат Ланданро яке аз муҳимтарин марокизи ҷалби сармоя аз кишварҳои мусулмон гардондааст.

Бонкдории исломӣ ҳамакнун дар Арабистони Саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Индонезия, Миср,  Малайзия, Қувайт, Қатар, Туркия ва Покистон густариш ёфтааст. Дар кишварҳои Ховари Миёна ҳаҷми хадамоти бонкдории исломӣ 25 дарсад аз кулли ин бозорро ташкил медиҳад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамакнун узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Бонки тавсеъаи исломӣ ҳастанд. Ногуфта намонад, ки бино бар баррасиҳои Сандуқи байнулмиллалии пул, бонкҳои исломӣ нисбат ба бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳрони иқтисодӣ тобовартар ҳастанд.

693
Барчаспҳо:
низоми бонкдории исломӣ, пул, қарз, низоми бонкдории исломӣ, БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Тоҷикистон
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов

Коршинос дурнамои ифтитоҳи парвозҳо байни кишварҳои ИДМ-ро арзёбӣ кард

398
(Таҷдидшуда 14:36 27.10.2020)
Муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Авиапанорама”, генерал-майор, Ҳавонаварди шоистаи ҳарбии Федератсияи Россия, номзади илмҳои техникӣ Владимир Попов гуфт, ки фурудгоҳҳои кишварҳои ИДМ барои кушодани ҳаракати ҳавоӣ то куҷо омодаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Попов гуфт, ки эҳёи парвозҳо дар дохили ИДМ дурнамои рафъи бӯҳрон дар нақлиёти ҳавоиро боз мекунад.

Владимир Попов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Танҳо манъ кардан, бастани марзҳо лозим нест, бояд назорат ва сармоягузорӣ кард, то амнияти умумиҷаҳониро таъмин кунед". Ба гуфтаи мутахассис, вазъи мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дубора барқарор карда шавад, зеро ташхиси коронавирус муайян,  ваксина аллакай сохта шудааст ва  нақшаи табобати ин беморӣ мавҷуд аст.

Номбурда илова кард, ки иқтисодиёт ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Барои барқарор кардани кори ҳамаи сохторҳо, риояи тамоми чораҳои зидди эпидемия зарур аст, гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, дар пайи ҳамагирии коронавирус кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон марзҳояшонро ба хотири ҷилавгирӣ аз ин беморӣ бастанд.

398
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, коршиносон, парвозҳо, Тоҷикистон
Самолет F-16

"Аллакай дар истеҳсолот": чаро Русия "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат"-ро эҳё мекунад

571
Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Барҳаво, қавӣ, бо технологияи олӣ сохташуда- аллакай ба наздикӣ Қувваҳои мусаллаҳи Русия бастаҳои ҷадиди фармондиҳӣ дар асоси ҳавопаймои баландпарвози Ил-96-400М-ро ба даст меоварад. 

Дар Ғарб ин гуна мошинҳоро "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат" меноманд. Дар ҳолати оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ аз борти "ситоди парвоз" низомиёни олӣ ва роҳбарияти сиёсии кишвар дифоъ ташкил мекунанд ва аз замин қӯшунҳои обӣ ва ҳавоиро идора менамоянд. Ин навъи ҳавопаймоҳоро имрӯзҳо танҳо Русия ва ИМА доранд. Дар бораи имконот ва вазифаҳои онҳо маводи РИА Новостиро мутолиа кунед.

Наҷоти фармондиҳӣ

Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Бомбафканҳои статегӣ боло мешаванд, қоиқҳои зериобии ҳастаӣ бо мушакҳои баллистикӣ ба уқёнус мераванд, системаҳои мушакии заминӣ ба ҳаракат даромдаанд ва ҷаҳон дар интизори ҷанги севум аст. 

Хушбахтона, ин сенария  афсонае беш нест. Чи дар Русия ва чи дар Амрико хуб дарк мекунанд, ки ҷанг метавонад дарҳол ба ҷанги ҳастаӣ табдил ёбад, ки даҳҳо миллион қурбонӣ хоҳад дошт. Аммо низомиён доим ба сенарияи бадтар омода мешаванд. 

Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки зарбаи авал дар ин гуна чолиш рақибро бесар мекунад, ва аз ӯ имконияти идораи қӯшунҳоро мегирад, ки натавонад ҳеҷгуна муқовимат нишон диҳад. Мақсади асосӣ - марказҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ ҳастанд.

 Дар давраи таҳдид роҳбарияти Русия ва ҳайъати олии фармондиҳии Қувваҳои мусаллаҳ дар шароити комилан махфӣ ба фурудгоҳи ҳарбӣ мебаранд, ки дар он ҷо онҳоро пунктҳои фармондиҳии болдор интизор аст. 

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - видео

Вазифаи асосии экипажҳои ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат - нафарони аввали кишварҳоро аз зери ҳамла берун оварда,  имконияти идора аз он тарафи ҳаворо фароҳам меоварад. Суботи набарди ин пунктҳои фармондиҳиро тавассути ҷангандаҳо ва танкҳо ба танзим медароранд. Чунин тактикаи монанд дар Амрико дар солҳои ҷанги сард коркард шудааст.

Ҷойгузине, ки муддатҳо дар интизори он буд

Нерӯҳои ҳаво ва фазои Русия аз чунин ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат 4-то дорад. Ин ҳавопаймоҳо дорои нерӯгоҳи қавӣ, воситаҳои муоширати муосир ва имконияти якчанд рӯз истодан дар ҳаворо доранд. 

Аз гузаштагонаш Ил-80 танҳо бо пешониаш фарқ мекунад, ки калон асту дар он таҷҳизоти радиову электронӣ ҷой дода шудаанд. Афзун бар ин Ил-80 равзана надорад, то мусофирон аз наздикии инфиҷори ҳастаӣ кӯр нашаванд.

Маълумоти бештар аз ин дар бораи Ил-80 сирри давлатист. Танҳо гуфта мешавад, ки дар борти ҳавопаймо таҷҳизот барои идораи тамоми намудҳои Қувваҳои мусаллаҳ, бинои махсус барои кор ва истироҳати мусофирони олимақом, ва захираи сӯзишворӣ ҷойгир аст.

Ҳавопаймо метавонад аз ҳамагуна фурудгоҳ парвоз кунад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

 Аммо Ил-80 бештар аз 15 сол аст, ки тавассути нерӯҳо истифода мешавад ва бештари манобеи худро тавсеа доданд. Доманаи амалии онҳо ҳамагӣ о 3800 километрро ташкил медиҳад, ки барои пункти ҳавоии идоракунӣ нокифоя аст. 

Барои ҳамин интихоби  Ил-96-400М ба сифати аоси ҳавопаймои нави рӯзи қиёмат пурра дуруст аст: доманаи амалии он қариб 9 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Меҳмонхонаҳои парвозкунанда
Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дорои 4 ҳавопаймои  E-4B Nightwatch мебошад, ки дар асоси боинг -747 сохта шудаанд. Ҳаряки аз онҳо 1000 нафарро меғунҷонад ва ҳангоми кифоягии маводи сӯхт метавонад то дар ҳаво то як ҳафта монад. E-4B Nightwatch аз таъсири таркиши ҳастаӣ осебе намебинад, ва дорои таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ мебошад.

 Метавон гуфт, ки "ҳавопаймои рӯзи қиёмат"-и амрикоӣ, ин як меҳмонхонаи парвозкунанда аст. Дар он барои кори автономӣ тамоми шароит аз ошхона сар карда, то ҳаммом, минтақаи истироҳатӣ, ҳуҷраи дорои миз ва 9 курсӣ, ҷои муҷаҳҳаз бо техникаҳои иттилоотӣ барои 29 корманд ва дигар бино иборат аст. Хулоса, бисёр ҳавопаймои бароҳат аст.

Шояд барои ҳамин баъзан нафарони аввали Амрико барои парвоз ба дигар кишварҳо E-4B-ро ба ҷои Air Force One истифода мекунанд.

Ҳавоппаймоҳои  E-4B аз ҳавопаймои Ил-80-и Русия хело бузургсол аст. Онро ҳанӯз соли 1970 ба истифода бароварда буданд. Бояд қайд кард, ки онҳо то рафт замонавӣ ва пурратар мешаванд.

Мисол, соли 2015 як қисми борт раванди азнавбарномакунонӣ ва тағйирёбии таҷҳизоти коммуникатсиониро гузаштааст. Феълан ин ҳавопаймо бемамоният ба интернет дастрасӣ дорад. Даври E-4B - 11 ҳазор километрро ташкил медиҳад. 

"Ин қадамҳои авваланд": чаро Амрико зердарёиҳоро ба наздикии марзи Русия интиқол медиҳад

Афзун бар ин, амрикоиҳо 16 ҳавопаймои  E-6-ро доранд, ки метавонанд ба сифати пункти фармондиҳии муштараки стратегии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико истифода шаванд. Дар ҳолати ҷанг ин мошинҳо аз минтақаи Уқёнуси Ором ва Атлантик вориди фазои ҷанг шуда, бо қаиқҳои зериобии ҳастаӣ ва "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёсат" E-4B иртиботи бевосита хоҳанд дошт.

571
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон