"Гурдони тоҷикӣ" дар ҷанги Ироқ замингир шудааст

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкАртиши Сурия Ҳалабро аз доишиён озод кард
Артиши Сурия Ҳалабро аз доишиён озод кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон дар бораи ҷанги ягонҳои миллии ДОИШ дар Ироқу Сурия тавзеҳ доданд

ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik, Рубен Гарсия. Дар паи пешрафти неруҳои Артиши Ироқ ва шикасти ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ё ДОИШ — созмони ҳаросафкане ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ шудааст) дар Мавсил, овозае дар бораи як "гурдони тоҷикӣ" бар сари забонҳо афтода ки гӯё дар баробари низомиён шадидан муқовимат мекунад. Теъдоди дақиқи ҷангиёни ин гурдон ё баталион дониста нест. Гарчи як гурдон 500 сарбозро дарбар мегирад, гурдони тоҷикӣ шояд 150 то 1500 ҷангҷӯ дошта бошад.

Sputnik Тоҷикистон аз бархе аз коршиносони умури низомӣ пурсид ки ягонҳои ҷангии ДОИШ ки аз намояндагони як миллат ташкил шудаанд, чигуна неруе ҳастанд?

Коршиноси умури сиёсӣ Александр Храмчихин дар посух гуфт: "Дақиқан намедонам ки оё ДОИШ чунин ягонҳое дорад ё на, вале баъид ҳам нест ки дошта бошад. Боре, аз дидгоҳи корбурдшинохтӣ низ ташкили ягони ҷангӣ аз намояндагони як миллат коре дуруст аст, зеро фармондеҳии чунин ягон дар ҷанг осонтар хоҳад буд. Фармондеҳии ягонҳое ки аз неруҳои гуногунзабон ташкил шуда бошанд, душвортар аст".

Дар воқеъ, вуҷуди ягонҳои миллӣ дар неруҳои мусаллаҳи ДОИШ падидае ошкор аст. Чунончи, ҳамакнун хуб дониста шуда ки дар миёни ҳаросафканон намояндагони мардумони Қафқоз, Африқо ва Осиёи Марказӣ — ӯйғурҳо, қазоқҳо, узбакҳо, тоҷикон, қирғизҳо ва туркманҳо — низ меҷанганд. Аз шумори шаҳрвандони Русия, афзун бар мардумони Қафқози Шимолӣ, намояндагони мардумони рӯдбори Вулго (Поволжие) ва русҳои навмусулмон ҳам ба ДОИШ пайвастаанд. Дар мавриди "гурдони тоҷикии" ДОИШ метавон эҳтимол дод ки ҷангҷӯёни тоҷик пас аз пайвастани фармондеҳи кунунияшон — Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги пешини Неруҳои ошӯбнишони ВКД ҶТ, ба "Давлати исломӣ" дар як ягони ҷангӣ гирди ҳам омадаанд.

Коршиноси низомии тоҷик Парвиз Расулов дар ин бора мегӯяд: "Ягони тоҷикӣ бештар аз ду сол пеш фароҳам омад. Вале он пас аз пайдо шудани Ҳалимов дар қаламрави ДОИШ нерӯманд шуд. Пайвастани чунин ҷангҷӯи коршинос обрӯву эътибори тоҷиконро дар миёни доишиён бисёр бештар кард".

Ёдовар мешавем, ки сарҳанги Неруҳои ошӯбнишони ВКД ҶТ Гулмурод Ҳалимов, ки давраҳои донишафзоиву размомӯзии подҳаросафкании амрикоиро дидаву бо чандин нишонҳои давлатии Тоҷикистон ҳам сарфароз шуда буд, дар апрели 2015 ногаҳон нопадид шуд. Вале як моҳ пас ӯ аз пайвастанаш ба ДОИШ хабар дод ва эълом кард ки "дере нахоҳад гузашт ки ӯ ба Тоҷикистон хоҳад баргашт ва қонунҳои шариъатро дар ин кишвар ҷорӣ хоҳад кард".

Ба гуфти Парвиз Расулов, дар афзоишу густариши обрӯву эътибори Ҳалимов дар миёни ҷангҷӯён бештар расонаҳое даст доранд, ки аз хабари ҷоизаи 3-милюндулории Амрико барои сари ӯ ҳангома ороста буданд.

Ин коршиносони русӣ ва тоҷик дар бораи далели пойдориву муқовимати шадиди "гурдони тоҷикӣ" ҳамандеш ҳастанд ва мегӯянд ки онҳо роҳи баргашту ақибнишинӣ надоранд — дар рӯ ба рӯяшон неруҳои вижаи ироқӣ истодаанд ва аз пушташон доишиён ва агар аз дасти ироқиҳо кушта нашаванд, ба дасти доишиён эъдом хоҳанд шуд. Агар ҳам касе тавонист аз майдони ҷанг ҷон ба саломат бибараду худро ба кишвараш бирасонад, ӯро додгоҳу зиндон дар пеш хоҳад буд. Вале, ин сарнавишт ҳам далели муқовимати шадидашон нест.

Парвиз Расулов мегӯяд: "Далели муқовиматашон мағзшӯии идеулужик ҳам нест. Бисёре аз ҷангҷӯён дар он "хилофат" муътод ба маводи ҳушбару равонгардон ҳастанд. Бо ин мавод на танҳо тарсу ҳаросро метавон кам кард, балки аз муътодон "бумби зинда" ҳам сохт. Маводи мухаддир имкон медиҳад ки ҳар касеро, сарфи назар аз синну солу ҷинсаш, интиҳорӣ гардонанд".

Вай тасреҳ кард: "Омодасозии як худкуши интиҳорӣ аз шаш моҳ то як сол замон мебарад. Ин худкушон ҳам бештар навҷавонон ё духтарон ҳастанд, зеро мардони 35-40-соларо ба сахтӣ метавон интиҳорӣ гардонд. Дар ин синну сол маъмулан "шаҳид" намешаванд. Аммо ДОИШ бо маводи мухаддир аз ҷангиёнаш интиҳорӣ омода мекунад, аз ин рӯ, дар миёнашон ҳам бистсолаҳо ҳастанд ва ҳам чиҳилсолаҳо".

Дар зимн, Маркази байнулмиллалии мубориза бо теруризм дар гузорише ки тоза мунташир карда, оварда ки камобеш дар як сол — аз декабри 2015 то ноябри 2016 — дар Сурия ва Ироқ 27 ҷангҷӯ аз Тоҷикистон амалиёти интиҳорӣ анҷом додаанд.

Парвиз Расулов мегӯяд, ин рақам воқеъӣ нест ва теъдоди ҷангҷӯёни интиҳорӣ аз Тоҷикистон амалан бештар аз 15 то 17 кас нест. Ин иштибоҳ дар шумориш аз он ҷо сар зада ки бисёре аз шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бо гузарномаҳои тоҷикӣ худро ба қаламрави ДОИШ расондаанд. Вай ҳамчунин ёдоварӣ мекунад ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, зери парчами ДОИШ намеҷанганд.

"Дар ҳамон оғози ҷанг бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷунбиши исломии "Аҳрор уш-Шом" пайваста буданд ки бо Артиши Сурия меҷангид. ДОИШ дар паи даргириҳо бо ин ҷунбиш, онро такфир карду хоъину душмани хилофат хонд ва чандсад тан аз ҷангиёнашро ки асир гирифта буд, эъдом кард".

Ҷунбиши "Аҳрор уш-Шом" иттиҳодияе аз гурӯҳҳои низомии исломӣ ва салафӣ аст, ки барои мубориза бо ҳукумати раҳбари Сурия Башор Асад муттаҳид шудаанд. Вале ҷанг бо давлати Сурия ҳам онҳоро бо ДОИШ ҳампаймон накард ва ДОИШ ин созмонро рақиби худ дар минтақа мешуморад. Аз ин ҷо буд ки ДОИШ дар соли 2014 бархе аз раҳбарони низомии "Аҳрор уш-Шом"-ро бо анҷоми амалиёти интиҳорӣ аз миён бардошт.

Лентаи хабарҳо
0