Боғи ҳайвоноти Душанбе

Мардуми Душанбе аз вазъи Боғи ҳайвонот ба Рустам Эмомалӣ шикоят бурданд

710
(Таҷдидшуда 19:41 27.07.2017)
Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ аз шаҳрдори Душанбе хостаанд ё вазъи Боғи ваҳши пойтахтро беҳбуд бахшанд ва ё онро бибанданд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Яке аз корбарони Facebook дар гурӯҳе мавзуъеро матраҳ кардаву гуфта, ки Боғи ваҳши шаҳри Душанбе вазъи баде дораду бӯи бадаш имкон намедиҳад тамошобинон аз он боздид кунанд.

Ҷеймс Темиров навиштааст: "Мехоҳам мавзуъи ҳузнангезеро бо шумо баррасӣ кунам. Имрӯз бо додарам ба тамошои Боғи ваҳши шаҳр рафтем. Аз буйи бади он қариб буд меафтодем. Додарчаам онро тоб наовард. Дили ман ба ҷонвароне сӯхт, ки даруни қафасҳо буданд. Обе надоштанд, ки дар он гармо бихӯранд. Ба назарам чунин менамуд, ки хирсҳо аз гармӣ девона мешаванд. Рӯбоҳаке мехост аз кӯлмаки гилолуд об хӯрад. Дигар натавонистам бӯйи бади боғро тоб оварам".

Темиров бо матраҳ кардани ин мавзуъ аз корбарон пурсидааст, ки кадом ниҳод масъулияти нигаҳдории Боғи ваҳшр дорад то аз ин вазъ ба он шикоят баранд.

Вай гуфтааст, "мехостам бифаҳмам, ки ин ҳамаро кӣ идора мекунад? Шунидаам, ки шаҳрдори нави мо мушкилоти шаҳрро пайгирӣ мекунад. Шояд касе ин аҳволро ба вай бирасонад?".

Бисёре аз ҳамвандон дар он гурӯҳ дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфтаанд, ки вазъи Боғи ваҳш дар воқеъ бисёр бад аст. Бархе аз онҳо пешниҳод кардаанд, ки боғ куллан баста шавад.

Беҳтар аст боғро бибанданд

Олга Зайтсева  ном ҳамвандони он гурӯҳ гуфтааст, чанде пеш ба он боғ рафта буд ва аз вазъи ҷонварон шигифтзада шуд. Вай аз ҳамвандон пурсидааст, ки оё беҳтар нест боғро аз шаҳр бар чинанд?

"Ман ҳам ҳайрон шудам. Хирсҳои бечора аз гармо беҳол шудаву дароз кашида буданд. Аз ҳар сурохе калламуше мебаромаду инсӯ онсӯ гашту гузор мекард. Шояд беҳтар бошад, ки боғи ваҳшро бибанданд?", — пурсидааст вай.

Комментарий из сети, архивное фото
© Sputnik
Комментарий из сети, архивное фото

Маниша Ҳафизова ном корбаре ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кардаву гуфтааст, ки беҳтар аст боғ баста шавад.

"Ман ҳам ҷонибдори онам, ки Боғи ваҳш то замоне, ки кормандонаш равишҳои дурусти муносибат бо ҷонавронро ёд нагиранд, баста шавад", — гуфтааст вай.

Ирис Волчкова-Давидова Боғи вашҳро ба "урдугоҳи марг" монанд кардву гуфтааст, агар наметавонанд ҷонваронро дуруст нигаҳдорӣ кунанд, беҳтар мешавад боғро бибанданд.

Умед ба Рустам Эмомалӣ

Азиза Эгамова, яке дигар аз ҳамвандон, гуфтааст ин бори аввал нест, ки ин масъала матраҳ мешавад, аммо то кунун роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Азиза умедвор шуда, ки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ чорае барои Боғи ваҳш биандешад, вагарна боғ бояд баста шавад.

"Бори аввал нест, ки ин масъаларо матраҳ мекунанд, лекин натиҷае нест. Ман ҳам бисёр умедворам, ки раиси нави шаҳри Душанбе чорае меандешад. Вагарна, боғ бояд баста шавад, то ҷонварҳоро ин гуна озор надиҳем", — навиштааст вай.

Александра Умарова гуфтааст, ки ин мавзуъ борҳо дар расонаҳо матраҳ шудааст, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Вай низ ҳама умедашро ба раиси нави шаҳри Душанбе бастааст.

"Ҳоло ки раси нави шаҳри мо бисёре аз мушкилотро ҳалл кардааст, фикр мекунам, ин як масъаларо ҳам бояд ба вай расонд", — мегӯяд вай.

Комментарий из сети, архивное фото
© Sputnik
Комментарий из сети, архивное фото

Пойтахт танҳо ҳамин як Боғи ваҳшро дорад

Яке дигар аз корбарон Зарина Шугаипова ном мегӯяд, дар кишвар сохтмон авҷ гирифта, вале ягона боғи ваҳши шаҳр вазъи асафборе дорад.

"Давлат ба сохтусоз машғул мешавад-ку. Фикр кунед ба боғ чанд қадар кӯдакон мераванд, бояд ба ин масъала аҳамият дод", — гуфтааст вай.

Малохат Юсупов гуфтааст, "беҳтар аст онро бибандад. Пойтахт ҳамин як боғи ваҳшро дорад, вале ҳамонро ҳам наметавонад ба тартиб дароварад".

Наргис Субҳонқулова мегӯяд, ки 10 сол боз аз боғи ваҳш боздид накарда, вале пештар на барои тамошо, балки барои хӯрок додан ба ҳайвонот мерафта будааст.

Ясмина Сатторова бо киноя гуфтааст: "Мо мушкил бисёр дорем: масалан, номгузорӣ, либоспӯшӣ. Моро бо ҳайвонҳо чӣ кор аст? Онҳо худашон мемиранд ва мо ҳам аз мушкилашон халос мешавем".

Комментарий из сети, архивное фото
© Sputnik
Комментарий из сети, архивное фото

Ҳамаро мувофиқи талабот иҷро мекунем

Sputnik Тоҷикистон дар пайгирӣ аз ин қазия бо мудири Боғи ваҳши шаҳри Душанбе гуфтугӯ кард ва аз теъдоду тахассуси кормандон, хӯрду хӯроки ҳайвонот, вазъи беҳдоштти он ва муносибати боздидкунандагон бо ҷонваронро пурсид.

Мудири Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Шарипов гуфи, ҳамакнун дар ин боғ 48 корманд дар шаш бахш кор мекунанд. Ба гуфтаи вай, кормандон  ба шуъбаҳо тақсим шуда, ҳар кадоме масъулияти худро дорад. Масалан, кормандоне, ки боғро рӯбу чин мекунанд, соати шаши субҳ корашонро оғоз мекунанд.

Ҳар рӯз рӯбу чин мекунем

Ба гуфтаи мудир, қафасаҳои ҷонварон ҳар субҳ рӯбу чин карда мешавад ва агар лозим шуд, ду-се бор дар як рӯз тоза мекунанд.

"Даруни қафасаҳоро ҳар рӯз рӯбу чин мекунем. То омадани тамошобинон, мувофиқи муқаррароти домпизишкӣ (ветеринарӣ) ба тозагӣ риоя мешавад", — мегӯяд вай.

Ҳамчунин афзуд, ки Боғи ваҳш домпизишкҳое низ дорад, ки вазъи саломатии ҷонваронро назорат мекунканд. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Шарипов, Боғи ҳайвонот мутахассис ба андозаи кофӣ дорад. Пештар як — ду шуъбаро Боғро таъмир ҳам кардаанд.

"Шуъбаҳоро таъмир кардем. Ҷонварҳои нав овардем, маслан аз Қазоқистон панҷ намуд ҷонвар овардем", — гуфт вай.

В зоопарке Душанбе
© Sputnik
В зоопарке Душанбе

Мувофиқи меъёр хӯрок медиҳем

Мудири Боғи ваҳш ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҷонваронро мувофиқи меъёр хӯрок медиҳанд.

"Ҳар як ҳайвон меъёри хӯрокхӯрӣ дорад. Масалан, шер бояд дар як рӯз аз 12 то 15 килограм гӯшт хӯрад", — гуфт вай.

Маҳмадалӣ Шарипов ҳамчунин гуфт, ки ҳоло муносибати одамон бо ҳайвонот беҳтар шудааст, лекин  ҳастанд касоне, ки сӯйи онҳо санг ё ҳар гуна партов мепартоянд.

Бӯй аз табиъати ҷонварон аст

Шарипов афзуд, овардану додани хӯрок ба ҷонварон дар боғ мамнуъ аст, ки дар ин бора навиштаҳо низ ҳамаҷо доранд, аммо бархе аз боздидкунандагон бо худ хӯрок меоранд ва ба ҳайвонот медиҳанд. Аммо хӯроке, ки боғ ба ҷонварон медиҳад, барояшон басанда аст.

"Ҳайвон ҳамин гуна табиъат дорад. Чанде ки хӯрок диҳӣ, хӯрдан мегирад. Ягон ҳайвони боғ ҳоло лоғар нест, ҳама солиманд", — гуфт вай.

Шарипов гуфт, наметавонад инкор кунад, ки Боғи ҳайвонот бӯйи бад дорад. "Аммо ҳама муқаррароти домпизишкӣ риоят мешаванд ва дар аксар ҳол кӯшиш мекунем, ки бӯйи бадро онро аз байн барем".

"Ҳама ҷонварон табиъатан буй доранд, ки он ҳамеша эҳсос мешавад", — гуфт вай.

Мудири Боғи ҳайвонот дар поён гуфт, дар назар доранд то ҷашни истиқлол чанд намуди дигари ҷонваронро ҳам бо боғ биёранд.

Вай гуфт, ҳамакнун билети боздид аз Боғи ваҳш барои кӯдакони то 5-сола ройгон ва аз 5-сола то 12-сола 1 сомонӣ ва калонтар аз 12-сола 2 сомонӣ муқаррар шудааст.

В зоопарке Душанбе
© Sputnik
В зоопарке Душанбе

Боғи ваҳшро бояд ба ҷойе дигар кӯчонд

Коршиноси улуми ҷомеъашиносӣ Далер Баҳромбеков дар суҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд муддате шуда, ки Боғи ваҳш нарафтааст, аммо ҳар боре, ки аз назди он мегузарад, бӯйи баде ба димоғаш мезанд.

"Дар ин масъала танҳо метавонам фикри шахсиамро баён кунам. Фарзандонам чанд сол пеш ба ин боғ рафта буданд, аммо аз аҳволи он шикоят карданд.  Пас аз он аз рафтан ба Боғи ваҳш манъашон кардам ", — гуфт вай.

Баҳромбеков гуфт, агар аз нигоҳи географӣ назар кунем, Душанбе дар жарфое ҷой гирифтааст, ки дар ин ҳол мушкилоти экологӣ пеш меоянд.

"Ҳоло аҳолӣ бисёр шудааст ва ман худам ҳис мекунам, ки вазъи экологӣ рӯз аз рӯз бад мешавад. Аммо Боғи ҳайвонот дар маркази шаҳр асту дар атрофаш донишоҳ, варзишгоҳ ва боғи фарҳангӣ ҷой гинрифтаанд. Аз ин дидгоҳ агар бингарем, бояд Боғи ҳайвонотро ба ҷойи муносибтаре кӯчонд", — гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни Шаҳраки донишгоҳ ҳар бор ки аз назди Боғи ваҳш мегузаранд, шикоят мекунанд, ки бӯйи бадеро ҳис мекунад.

"Ин масъала дар воқеъ нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, беҳтар аст Боғи ваҳшро ба дигар ҷой интиқол диҳанд ва дар ҷояш боғи наве бунёд кунанд ", — гуфт вай дар поён.

710
Барчаспҳо:
бӯйи бад, шикоят, Боғи ҳайвоноти Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль

Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

1690
(Таҷдидшуда 15:56 27.06.2020)
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аз ҳамон айём ба ин сӯ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Аммо бо гузашти 23 сол аз он тавофуқи таърихӣ ин интиқодҳо, бахусус аз сӯи ворисони мухолифини собиқ, садо медиҳанд, ки он созишнома амалӣ нашуда, ваҳдати миллӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, балки баръакс, ҳукумати Тоҷикистон мухолифини худро мағлуб карда, аҳдшиканӣ кардааст.

Оё дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст? Оё Созишномаи сулҳ пурра иҷро шуда буд? Муҳимтарин сабақи ҷанги дохилӣ чӣ буд? Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ва дигар суолҳоро Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшинос, яке аз шоҳидон ва муҳаққиқони раванди сулҳи тоҷикон Абдуллоҳи Раҳнамо ба миён гузошт.

- Биёед, аз саволи аз ҳама ҳассос сар кунем. Ба назари Шумо, имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст?

- Ҳаст. Ваҳдат, сулҳ, амният, субот ҳама ҳаст. Имрӯз ваҳдат ҳолати фарогир дорад. Инро дар ҳар хонадон ва дар хиёбони ҳар шаҳри кишвар дидан мумкин аст.

Дар бораи даъвои мухолифин оид ба шикасти аҳд

- Пас чаро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки аҳду ваҳдат шикаста шудааст? 

- Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст.

- Ба ҳар сурат, магар пояи ваҳдате, ки дар борааш имрӯз мегӯем, ҳамон Созишномаи сулҳ нест?

- Созишномаи сулҳ бисёр муҳим аст. Президент онро бисёр дақиқ бо худи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробар дониста, санади наҷоти дубораи кишвар хондаанд. Он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост ва нақши беназири таърихии худро дошт.

Аммо имрӯз чорчӯби фарогирии ваҳдат ва раванди таърихии миллатсозӣ Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумимиллист. Масалан, насле, ки ҳоло 40-сола аст, вақти имзои Созишномаи соли 1997 ҳамагӣ 17-сола буд, 30-солаҳо он вақт 7-сола буданд, 20-солаҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд. Яъне инҳо он вақт дар ҳеҷ тарафи ин ҷанг ё созишнома набуданд. Ё дар ин 23 сол даҳҳо ҳизбу ҳаркату ташкилоту мавқеъҳо ба вуҷуд омаданд, ки он вақт умуман вуҷуд надоштанд. Агар ҳоло ҳам дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нав ва ин нерӯҳои нав дар раванди ваҳдат дар куҷост? Чунин фаҳмиши шахшудаи ваҳдат аксарияти ҷомеаи имрӯзаро аз мафҳуми ваҳдат хориҷ нигоҳ медоранд. Ин амалгароёна ва воқеъбинона нест. Бинобар ин, ваҳдат акнун басе фаротар аз он чорчӯбҳост.

Умуман, то ҳоло ба қолабҳои он давра фикр кардан, дар банди ҳамон тақсимот мондан, худро яке аз тарафҳои ҷанг ё сулҳ тасаввур кардан дидгоҳест, ки ҳаргиз ба ваҳдати воқеӣ намебарад.

- Чун 27-уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳ аст, ин назарҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ин санад то охир иҷро нашудааст. Назари Шумо чист?

- Созишномаи сулҳ моҳиятан пурра дар амал татбиқ шудааст. Ҳамин сулҳу оромишу ваҳдате, ки имрӯз мебинем, мароми ниҳоии созишнома буд. Ахиран яке аз иштирокдорони тамоми раванди музокирот ва сулҳсозӣ, шахсияти муътадилу огоҳ устод Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи созишномаи сулҳ фармуданд, ки он дар амал пурра татбиқ шуд. Аммо агар ба таври мушаххас гӯем, созишномаи сулҳ ё умуман сулҳи тоҷикон аз чор бахши асосӣ иборат буд: масъалаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин.

Бахши ҳуқуқии созишнома пурра иҷро шуд ва соли 1999 матни нави конститутсия, ки бо иштироки ду тараф дар Комиссияи оштии миллӣ таҳия шуда буд, қабул гашт. Қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонуни ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Комиссияи оштии миллӣ аз нав таҳия шуд.

Бахши низомии созишнома низ амалан иҷро шуд. Ҳазорон нафар аз нерӯҳои низомии мухолифин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интергратсия шуданд ва ё ба ҳаёти мулкӣ гузаштанд. Бархе ҳоло ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукуматӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе ислоҳоти қонунгузорӣ ва ё бархӯрдҳои сиёсию низомӣ, ки даҳ-понздаҳ сол пас аз татбиқи созишнома рӯй доданд, омилҳои дигар дошта, ба масъалаи созишнома ва сулҳ марбут нестанд.

Бахши сеюми созишнома, яъне масъалаҳои муҳоҷирин бошад, аз ҳама беҳтар иҷро шуд. Ҳама оворагон ба ватан бозгардонда шуданд. Бо барномаҳои махсуси давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ хонаву дару деҳаҳояшон бозсозӣ шуд ва ғ.

Бахши сиёсӣ, ки асосан тақсими қудратро дар бар мегирифт, низ моҳиятан амалӣ шуд. Аммо маҳз ҳамин бахш бинобар сабабҳои объективӣ байни мухолифин баҳснок боқӣ монд.

Ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд.

- Воқеан, Шумо он замон дар Комиссияи оштии миллӣ будед ва мустақим таҳаввулотро назорат мекардед. Чаро мухолифин то имрӯз аз ин масъала гила доранд? Оё дар ҳаққашон воқеан ҷабр шудааст?

- Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд. Аммо барои таърих ва муҳаққиқон мешавад рӯшанӣ андохт, ки дар ҳақиқат масъалаи ба намояндагони ИНОТ вогузор намудани 30% аз вазифаҳои давлатӣ ҳассостарин баҳси он замон буд. Ба мушоҳидаи онвақтаи банда аз дохили раванд, се омил боис шуд, ки ин мавзӯъ баҳснок бимонад:

Сабаби якум, худи созишнома як санади бузурги сиёсӣ буд, аммо аз назари амалия баъзе пешбиниҳои хушбинона дошт. Масалан, дар он "давраи гузариш", яъне амалан давраи татбиқи созишнома, 18 моҳ аз рӯзи имзои созишнома пешбинӣ мешуд. Дар поёни он бояд интихоботи парлумонӣ доир мегашту аз назари ҳуқуқӣ вазъият оддӣ мешуд. Баъд аз он ҳеҷ меъёре пешбинӣ намешуд, ки намояндагони собиқ мухолифин дар вазифаҳо бимонанд. Яъне пас аз ин марҳилаи гузариш ва интихобот, ҳукумат аз назари созишнома ва қонунӣ вазифадор набуд, ки онҳоро дар вазифаҳо ҳифз кунад. Механизм дуруст буд, аммо шояд аз хушбинӣ барои татбиқи чунин раванди мураккаб чунин давраи кӯтоҳ пешбинӣ шуда буд.

Ёд дорам, ки баъзе роҳбарони мухолифин, аз ҷумла раиси ҳайати музокиротии ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пешниҳод доштанд, ки "давраи гузариш" фақат пас аз пурра таъйин шудани намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои давлатӣ оғоз шавад. Аммо ин вариант нагузашта буд. 

Дуюм, дар масъалаи интихоби номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ байни худи мухолифин ихтилофи бисёр сахт пеш омад. Хусусан дар заминаи маҳалгароӣ ва зурозмоии қумондонҳо. Онҳо барои тақсими вазифаҳо моҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд ва билохира, "давраи гузариш" тамом шуду шояд бахше аз ин тақсимот дар сатҳҳои миёна ва ё поин боқӣ монд. Илова бар ин, баъзе номзадҳои пешниҳодии мухолифин салоҳияти ин вазифаҳоро надоштанд ва гаштаву баргашта иваз мешуданд.

Сеюм, дар айни замон, он вақт қабули онҳо дар таркиби ҳукумат кори содда набуд. Президенти кишвар борҳо ишора намуданд, ки қонеъ намудани баъзе ҳамсафон ба чунин ҷасорати сиёсӣ осон набуд. Дар он марҳила барои кафилони асосии байналхалқӣ низ худи хатми ҷанг, барқарории сулҳ ва минтақавӣ нашудани буҳрон муҳимтар буд, на баҳсҳои баъдии дарунтоҷикӣ барои тақсими вазифаҳо.

Ин буд, ки ҳамин бахши "тақсими вазифаҳо" дар муҳити мухолифин то охир баҳснок монд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто пас аз тамом шудани "давраи гузариш" низ аксари намояндагони таъйиншудаи мухолифин то солҳои зиёд, баъзеашон ҳатто то 6-7 соли дигар дар вазифаҳои давлатӣ боқӣ монданд. Ин дигар талаботи созишномаи сулҳ набуд, балки фаротар аз созишнома, назари ваҳдатсози худи роҳбари давлат буд.

Аммо тавре гуфтам, ин як шарҳ барои таърих буд. Зеро баҳси "тақсими вазифаҳо" дар муқоиса бо куллияти созишномаи сулҳ мавзӯи асосӣ набуд. Илова бар ин, дар маҷмуи санадҳои Созишномаи сулҳ пойбандии ҷонибҳо ба як силсила ормонҳо ва арзишҳои олии ахлоқию миллию сиёсию давлатдорӣ таъкид мешуд, ки ёдоварии он хеле муҳимтар аз масъалаҳои мушаххаси ҷузъӣ мебуд.

Пас, агар аз диди манфиатҳои давлату миллат баҳо диҳем, созишомаи сулҳ иҷро шуд, сулҳ ба воқеият табдил гашт, он имрӯз ҳам чун воқеияти инкорнашаванда ҷараён дорад. Ваҳдат низ чун раванди фарогири аксарият дар ҷараён аст. Аз ин рӯ, аз инсоф нест, агар касе бигӯяд, ки чун имрӯз ман дар ин раванд нестам, ваҳдат ҳам нест. Меъёр аксарият аст, миллат аст, воқеият аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст?

- Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.

Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ.

Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд…

- Сулҳи тоҷикон натиҷаи чор соли музокира ва ду соли кори КОМ буд. Дар бораи арзиши ин музокирот имрӯз чӣ нуктаи муҳим гуфтан мумкин аст?

- Музокироти сулҳи тоҷикон як мактаби бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ буд. Дар он тамоми минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳм дошт. Ҳар касе, ки дар раванди ҷанг саҳим буд, дар раванди сулҳ ҳам шомил буд. Албатта, он ҷо пинҳонӣ ва ин ҷо ошкоро. Ин музокирот саҳнаи соиши манфиатҳои гуногун буд.

Аммо дар муносибати байни худи тоҷикон дипломатия ва бозӣ бисёр набуд. Дар он рӯҳияи тоҷикӣ бештар таъсиргузор буд. Шухӣ ҳам буд, латифа, шеър, мавъиза, мусобиқа, қаҳр, дашном, киноя, гузашт, ҳамтабақӣ, оғӯш ҳама чиз буд. Дар музокироти байни тоҷикон умумиятҳои тоҷикӣ ва дарки ин умумиятҳо аз сӯи тарафҳо бар ихтилофи сиёсӣ ғалаба кард. Бунёди сулҳи тоҷикон ҳамин дарк буд. Ҳама дарёфтанд, ки як чизанд, одаманд, тоҷиканд. Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд.

Муносибати сарвари давлат бо роҳбари мухолифин ба як дустӣ табдил шуда буд. Президент ҳатто дар вақти бемории ӯ ба хонааш хабаргирӣ омада, табобати ӯро дар хориҷа супориш карда буд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мо бояд ҳамеша умумиятҳои инсонӣ, имонӣ ва миллии тоҷикии худро ҳифз кунем. Ин хатти сурх аст, нуктаи пайванд аст, модари муштарак аст, умумияти наҷотбахш аст.

- Аммо фикр намекунед, ки солҳои охир таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон камранг шудааст?

- Бале. Бисёр муҳим аст, ки ин таҷриба дар сатҳи шоиста омӯхта шавад. Он  ҳатто метавонист яке аз ифтихорҳои ва брендҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис гардад, ки ҳам омӯхтан ва ба назария табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҳам нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро анҷом диҳад. Шахсан банда ба ин мавзӯъ ба ҳадде аҳаммият қоилам, ки орзу дорам, чунин марказ таъсис дода, тамоми умрамро ба омӯзишу таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ сарф намоям.

- Дар ниҳоят, баназари Шумо, пас аз ин қадар солҳо, муҳимтарин дарси ҷанги дохилӣ чи буд?

- Сабақҳо бисёранд. Аммо муҳимтарин сабақи ҷанги дохилии мо ин аст, ки ҳеҷ идея, ҳеҷ манфиат, дидгоҳ, ҳизб ё идеология арзиши онро надорад, ки суботро бишканем, ватанро вайрон кунем, миллатро пароканда кунем ва давлатро аз даст диҳем. Ҳама чиз, ҳама тарҳу ормон фақат дар фазои давлат, ваҳдат ва амният маъно пайдо мекунад. Бинобар ин,  имрӯз, бо пеши рӯй доштани он сабақи бузург, ҳама гуна даъват ба бесуботӣ ва низоъ бемсаъулиятӣ дар баробари ин кишвар ва ин мардуми ранҷдида мебуд. Пас бояд дигар ҳаргиз ба фитнаву тафриқа дода нашавем. Сабақи асосӣ ҳамин аст.

1690
Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷанги шаҳрвандӣ, Русия, Созишномаи сулҳ, оппозитсиюни тоҷик, Ҳукумат, ҲНИТ, ИНОТ, "Ваҳдат", Тоҷикистон
Андрей Казанцев

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

706
(Таҷдидшуда 09:01 27.06.2020)
Директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Казантсев пешниҳоди роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба гуфти Андрей Казантсев,  як қатор сабабҳои барқарор шудани парвозҳо байни Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ ҳангоми пандемия вуҷуд доранд.

"Аввал-робитаҳои наздики муҳоҷират, инчунин робитаҳои оилавии одамони зиёд. Дуюм- вазъи эпидемикӣ, ки дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳам наздик аст. Сабаби саввум робитаҳои таърихӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Казантсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, кишварҳои ИДМ омодаанд, ки робитаҳои ҳавоӣ бо Русияро боз кунанд. Аммо, тавре ки коршинос қайд кард, вазъ дуҷониба аст.

"Афзоиши гардиши ҳавоӣ ба паҳншавии сироят мусоидат мекунад, аммо аз тарафи дигар зарари иқтисодӣ ба ҳадди ақалл кам хоҳад шуд", - хулоса кард коршинос.

Қаблан роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ба ҳукумати Русия нақшаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалиро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ, он бояд аз кишварҳои ИДМ оғоз ёбад.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Тавсия дода мешавад, ки парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи дур, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар алоҳидагӣ барқарор карда шаванд.

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Гуфта мешавад, мактуби дахлдор ба Роспотребнадзор ва инчунин ба дафтари муовини сарвазир Татяна Голикова фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ баррасӣ шуда истодааст, аммо қарорҳои ниҳоӣ бо назардошти мувофиқа бо дигар давлатҳо қабул хоҳанд шуд.

706
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Санаи рақобатҳои "Истиқлол"-у "лтин Асир" ва "Хуҷанд"-у "Дордой" дақиқ шуд

0
(Таҷдидшуда 10:39 11.07.2020)
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

 

 

0