Муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Пули бештар ё кори қонунӣ: чаро муҳоҷирон ғайриқонунӣ кор мекунанд

94
(Таҷдидшуда 19:50 15.08.2017)
Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ кори ғайриқонуниро ихтиёр мекунанд, ки метавонад боиси ихроҷ шуданашон аз Русия ва ё фиреб хӯрданашон аз корфармоён шавад?

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар 2 — 3 соли ахир муносибати муҳоҷирон ба вазъи ҳуқуқиашон дар Русия ба куллӣ дигар шудааст.

Чунин натиҷа ҳам аз таҳлилҳои ҷомеъашиносон бар меояду ҳам аз мушоҳидаҳои фаъолони иҷтимоъие, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дифоъ мекунанд.

Бархе аз муҳоҷирон бо ҳушёрии бештар қавонини муҳоҷиратии Русияро риоят кардан гирифтаанд: онҳо ҳама санаду мадорики даркориро ҷамъ овардаву муҷаввизи кор (патент) мегиранд.

Дар миёни онҳо коргарони одие, ки корфармоёнашон ё ширкатҳои хусусӣ ё давлатӣ мебошад, бисёр ҳастанд. Дар чунин ширкатҳо риояи қонун аз ҷониби мақомоти назоратӣ санҷида мешавад ва доштани ҳуҷҷат — муҳимтарин қоида аст.

Дар баъзе мавридҳо дар чунин ширкатҳо мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки музди корашон нисбат ба коргарони сохтмону фурӯшандаҳо бештар аст, кор мекунанд. Барои ҳамин андози патент барои онҳо сангин нест.

Коргари "бепатент"

Аксари муҳоҷирон ба "соя" мераванду қарордоди нонавиштаро бо корфармо ихтиёр мекунанд. Гарчанде ингуна қарордод эътимоде надорад, вале бе даводаву пардохти пули зиёдатӣ. Музди кори якмоҳаи ин гурӯҳи муҳоҷирон бештар аз 27-30 ҳазор рубл нест. Ҳазинаи дарёфтии патент бештари ин маболиғро "мехӯрад" ва аз ҳамин рӯ муҳоҷирон кори ғайриқонуниро ихтиёр мекунанд.

"Сабаби аввал — гаронии андози патент аст. Дуюмаш — муҷавввизи кор кафолат намедиҳад ки ҳамаи ҳуқуқҳои муҳоҷир бо доштани он ҳимоя мешавад. Ҳуҷҷатҳоро месупорӣ вале коркарди онҳо ҳафтае тӯл мекашаду дар охир мегӯянд, ки бахшиш мо наметавонем, вақт гузашт шумо бояд сарҳад рафта биёед. Ё ки 10 ҳазор рубли русӣ пардохт куну ҳамааш нағз мешавад", — гуфт раҳбари фонди хайриявии "Муҳоҷирати асри 21" ва мудири пешини Созмони федеролии муҳоҷират Владимир Поставнин.

Ба фикри ӯ нархи андози патент монанди аҳволи хиёбонҳои дурдасти Русия аст. Андози патент барои муҳоҷирони шаҳри Маскав 4200 рубли русӣ нарх дошта дар дигар манотиқи Русия масалан Ёқутистон ду баробар қиматтар-8400 рубл нарх дорад.

"Мантиқ оддист: айни замон хариди патент ва буду боши қонунӣ барои ҳар муҳоҷир арзон нест", — тавзеҳ дод корманди Донишгоҳи  демографии мактаби иқтисодии Русия Никита Мкртчян дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дмитрий Попов
© Фото : Предоставлено Дмитрием Поповым

Ва аксари муҳоҷирон кори ғайриқонуниро аз пардохти қисмате аз мудзи худ ба давлати Русияро фоидатар медонанд.

Ваъда ба ҷои музд

Натиҷаи чунин қарорҳо дар аксар ҳолат бисёр ғамгинона аст: дар ҳолати фиреб хӯрдан аз корфармо, қонун ба ин муҳоҷирон кумак нахоҳад кард. Дар баробари ин ҳатто агар муҳоҷир патент доштаву вале бидуни шартномаи корӣ меҳнат кардааст, кӯмаки ҳуқуқшиносонро набояд интизор шавад.

"Ба назари ман мушкилот сари ин аст, ки муҳоҷирон то охирон ба таъхир меандозанду пас аз 3-4 моҳ дар ҳолати вазнин қарор мегиранд. Корфармои беимон бошад аз содадилии муҳоҷир истифода кардаву пагоҳ пагоҳ гуфта онҳоро фиреб медиҳад. Вале ақли солим бояд ба муҳоҷирон бигӯяд, ки агар ду се бор пагоҳ шуд, бояд аз паси ҳалли мушкилот шуд", — гуфт прездиенти Федеросюни муҳоҷирати Русия Вадим Коженов.

Мисоли рӯшани чунин ҳодисот — қазияи моҳи феврали соли 2017 буд, ки наздики 600 коргарони хориҷӣ, ки аксарияташон аз Тоҷикистону Узбакистон буданд, бе музди меҳнат ва бе паноҳгоҳ монданд.

Наздики се моҳ ин муҳоҷирон бар ивази "қарз" кор карданд. Пас аз се моҳ корфармояшон тангае ҳам баҳрашон надода ғайб зад. Аз набуди шартномаи корӣ муҳоҷирон базӯр тавонистанд музди худро баргардонанд. Фақат пас аз се моҳи кашокашӣ ва танҳо бо  дахолати прокуратура.

Вале ба чунин муносибат нисбати  қавонини кор ва ҳуқуқи шахсӣ на танҳо таъсири дониши ҳуқуқӣ ё набудаи он балки тағйирри бозори меҳнат таъсиргузор аст.

Соли 2014 пас аз роҳандозии таҳримот нисбати Русия ва пастшави қурби пули русӣ муҳоҷирати меҳнатӣ барои аксари бошандагони Осиёи Марказӣ коре бефоида шуд.

"Замоне, ки мӯҳлати қайди муҳоҷир ба итмом мерасад, ӯ аллакай аз Русия беруншуда ҳисобида мешавад. Дар солҳои 2012-2013 мо нишондодҳои калон доштем. Баъд бӯҳрон, таҳримҳо ва беқурбшавии пул сар шуд. Пештар ҳатто камшавии муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон аз тасаввур берун буд. Вале соли 2015 мо бо чунин вазъ рӯ ба рӯ шудем", — гуфт Никита Мкртчян.

Он замон муҳити холишударо украиниҳо пур карданд. Соли 2016 бошад ҳамааш ҷои пештараи худро гирифт. Қисми бештарини муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ омаданд.

Омори думавзӯъа

Ҳамкори Мкртчян, Юлия Флоринская дар гузориши "Мониторинги вазъи иқтисодӣ дар Русия" мегӯяд, ки  аксари муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ қонунан бо муҷаввизи кор ва ҳуҷҷатҳои лозима кор мекунанд.

Вячеслав Поставнин бо чунин шарҳи ҳодиса розӣ нест.  Ӯ бар ин аст, ки нишондодҳои патент ҳаводиси ҳаққонии бозори меҳнатро нишон дода наметавонад.

"То соли 2014 замоне, ки патенти нав рӯи кор омад, дар Маскав чунин дар як сол то 800 ҳазор муҷаввизи кор медоданд. Пасон соле то 400 ҳазор патент роҳандозӣ шуд. Вале агар ба омор назар андозем, шумораи муҳоҷирон дар баробари камшавии шумораи патент кам нашудааст", — қайд мекунад мутахассис.

Соли 2014 — 3,7 милюн иҷозатномаи кор ва муҷаввизи кор ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 бошад — 1,7 милюн.

Ба қавли Поставнин аксари муҳоҷирон намехоҳанд бо патент кор кунанд, чун бовар доранд, ки доштани ҳуҷҷату патент афзалияте дар пеши мақомоти Русия барояшон намедиҳад.

"Айни замон вазъ чунин аст: на патент на иҷозатномаи қайд, ба муҳоҷирон кафолати амнияти ҳуқуқӣ намедиҳад. Муҳоҷир метавонад бо доштани патенту иҷозатномаи қайд ҳам бо осонӣ ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтида ва муҷозоти маъмурӣ гираду ба ватанаш бадарға шавад", — гуфт коршинос.

Чунин ҳолатҳо аллакай соли 2010 рух дода буд, вақте пас аз дастгирии ду халабони Русия дар Тоҷикистон мақомоти Русия шаҳрвндони ин кишварро бидуни ҳиҷ асосе депорт кардаву ба Тоҷикистон фиристонид. Ва ҳодисаро чун нақзи қонунҳои муҳоҷират вонамуд.

Ба бӯҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, имрӯзҳо ҷараёни муҳоҷират кам нашудааст. Бино ба додаҳои Мактаби олии иқтисодии Русия дар давоми шаш моҳи соли 2017 — 122 ҳазор муҳоҷир ба Русия омадааст, ки ин нишондод то 8 дарсад аз шумораи соли 2016 камтар мебошад.

94
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Маскав
Отражение мужчины на фоне флага ЕС

Демократия Аврупоро нобуд мекунад. Оё Аврупо аввал демократияро мекушад?

183
(Таҷдидшуда 16:39 20.11.2020)
Дирӯз ҳамоиши навбатии Иттиҳоди Аврупо тариқи онлайнӣ баргузор шуд. Сараввал мебоист дар он танҳо бо вазъи корҳо бо COVID-19 сӯҳбат мешуд, аммо пешниҳоди Лаҳистон ва Маҷористон Брюселро ғофилгир кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Вазъи эпидемӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Аврупо шадидан бад шуда истодааст, ки ин аз мақомоти дахлдор талаб мекунад, ҳарчи бештар чораҳои шадид биандешанд.

Аммо, ин ба муқовимати мардум дучор меояд - ва шаҳрвандон на танҳо ба маҳдуд кардани пурра мухолифанд, балки онҳо аз чораҳои маҳдудкунандаи нармтар ҳам норозиянд.

Намоиш алайҳи маҳдудиятҳо, ки якчанд рӯз пеш дар Берлин пароканда карда шуданд, тасвири бадеро мемонад, ки дар он мақомоти аврупоӣ дар байни зарурати пешгирии суқути системаи тандурустӣ, сабук кардани оқибатҳои иқтисодиёт ва мубориза бо норозигии мардум қарор доранд.

Путин гуфт, кай Русия силоҳи ҳастаияшро истифода мебарад - видео

Аммо, воқеият ба нақшаҳои ин ҳамоиш тасҳеҳоти худро ворид кард ва як масъалаи дигари фавқулодда, ки рӯзи дигар ба миён омад, ба рӯзнома илова карда шуд: ду аъзои ИА - Лаҳистон ва Маҷористон - бо роҳи бастани буҷаи Иттиҳодия барои солҳои 2021-2027 (1.074 трилион евро) ва барномаи барқарорсозии иқтисодиёт Аврупоро (750 миллиард евро) дар назди  Брюссел шарт  гузоштанд.

Нақшаи ҷазои Арупо барои Варшава ва Будапешт шикаст хӯрд

Аврупо интизор дошт, ки ин нақшаҳои буҷетиро барои ҷазо додани Варшава ва Будапешт барои дур шудан аз стандартҳои олии демократӣ истифода хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, дар ниҳоят, худи ӯ дар як чоҳи кофтааш  афтод.

Тахмин мерафт ҷазо бо роҳи ошкор ва дардноктарин сурат мегирифт - аз ҷиҳати молиявӣ. Лаҳистон ва Маҷористон, ҳамчун гирандагони кумакҳои ИА, дар мавқеи нисбатан имтиёзнок қарор доранд, ки ин, аз ҷумла, ба омилҳои геополитикӣ вобаста аст.

Масъала дар он аст, ки онҳоро аз пул маҳрум кардан осон нест.

То чанде пеш ин гуна механизмҳо дар Аврупои муттаҳид умуман вуҷуд надоштанд. Ғайр аз ин, заминаи қабули қарорҳои муҳим дар ИА принсипи ризоият, яъне мавқеи умумии ҳамаи аъзои Иттиҳод мебошад. Вазъияте, ки ҳарду кишвар барои маҳрум сохтан аз маблағҳои калон аз буҷаи Аврупо овоз медиҳанд, афсонавӣ менамояд.

Дар натиҷа, Брюссел моҳҳои охир як таркиби мураккабро амалӣ кард.

Воқеият садди роҳи Гурҷистон ба Аврупо шуд

Дар нишасти Июли ИА қарордоде қабул шуд, ки он пардохтҳои дарпешистодаро бо риояи стандартҳои волоияти қонун ва арзишҳои асосии аврупоӣ рабт дод.

Ва дар охири моҳи сентябр, Комиссияи Аврупоӣ гузориши дахлдорро нашр кард, ки шахсиятҳои асосӣ, ё дурусттараш, бадхоҳони онҳо ҳама ҳамон Варшава ва Будапешт гуфта мешуд.

Ва ҳангоме ки қадами охирин то қабули нақшаҳо боқӣ монд, ду пойтахти ҷанҷолӣ монеи ин  раванд шуданд ва равшан нишон доданд, ки онҳо аз воқеаҳо хуб огоҳанд ва ба тақсимоти "дорои ангезаи сиёсӣ" -и маблағҳо аз фондҳои аврупоӣ роҳ нахоҳанд дод.

Ҳамин тавр, ҳоло Брюссел маҷбур аст, ки бори дигар барои полякҳо ва маҷористониҳо, ки қоидаҳои худро зидди ИА гардонидаанд, адолат ҷустуҷӯ кунад.

Ин маҳз пурарзиштарин дарс аст, аз он чи ки иттифоқ афтод.

Ғарби ҳарду тарафи Атлантика дар тӯли даҳсолаҳо барои тамоми сайёра ҳамчун намуна ва ҳокимияти ахлоқӣ хидмат кардааст.

Дар он ҷо ниҳодҳо ва расмиёти демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон воқеан кор мекарданд ва ҳамчун далели бартарии ӯ бар "ҷаҳони ноозод" хидмат мекарданд.

Ва механизми сиёсию маъмурии Иттиҳоди Аврупо падидаи демократияи Ғарб гардид.

Ҳар гуна шубҳаи муҳаққиқон дар бораи он, ки чунин система барои самаранок ва ҳатто содда буданаш қобилияти зиёд  кор карданро надорад ва ба дунболи тамасхур карданд: аммо ин аст - он солҳои зиёд кор мекунад.

"Дар хона бимонед": Аврупо қарантинро шадидтар мекунад

Ва на танҳо кор мекунад, балки рушд мекунад, барои даҳҳо кишвар ва миллионҳо одамон ҳамчун оҳанрабо хидмат мекунад.

Барои он ки ин демократияи воқеӣ аст ва ҳамон тавр бояд бошад.

Иштибоҳи ИА: фишор ва шантаж алайҳи "шарикони хурд" 

Ҷанбаи камтар ҷаззоби иштибоҳоти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир бештар пайдо мешавад.

Набудани салоҳиятҳои комил дар муассисаҳои сиёсии долонҳои ба мисли Парлумони Аврупо ва тамаркузи қудрати воқеӣ дар дасти мансабдорони номаълуми Брюссел аён гардид.

Шубҳае ба миён омад, ки ба эътиқоди қавӣ мубаддал гашт, барои кори мураттаби принсипи маъруфи ризоият, аъзои бонуфузи иттифоқ ба усулҳои маҷбуркунии пинҳонӣ, фишор ва шантаж алайҳи "шарикони хурд" даст мезананд.

Хотиррасон кардан кофист, ки таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна буд: як қатор кишварҳои аврупоӣ якбора ба ҷорӣ кардани онҳо монеа эҷод карданд, зеро онҳо ба иқтисоди худ зарбаи дардоварро кафолат доданд, аммо вақте сухан дар бораи қабули қарор рафт, онҳо бидуни шикоят овоз доданд "мисли дигарон".

Ва акнун ду кишвар - зиёда аз он, аз категорияи хурд, камбағал ва аз ҷониби ҳама хориҷшудагон дар сафҳои ҳамоҳанги демократии Аврупо маҳкумшуда - акнун ба осонӣ ин системаро мешикананд, зеро онҳо ба дараҷаи якравӣ тоб оварданд ва аз рафтан ба ҷараён ҳарос надоранд.

Дар омади гап, боз як паҳлӯи дигари демократияи Аврупо вуҷуд дорад, ки маълум гаштааст - аҳамияти баланди идораи "дастӣ". Аммо ҳоло он низ зуд-зуд ба амал намеояд.

Эҳтимолияти хориҷшавии Лаҳистон ва Маҷористон аз ИА

Коршиносон чунин мешуморанд, ки эҳтимол дорад Лаҳистон ва Маҷористон аз ИА хориҷ шаванд, ки аллакай аз узвият дар иттиҳод фоидаи кофӣ ба даст овардаанд ва минбаъд он қадар ба ҳифзи худ дар ин созмон манфиатдор нестанд.

Захарова: Маскав ба таҳримҳои навбатии Иттиҳоди Аврупо посух мегӯяд

Дар навбати худ, барои Брюссел ва пойтахтҳои Аврупои Ғарбӣ хуруҷи "шӯришиён" аз Иттиҳоди Аврупо низ метавонад роҳи мусоиди баромадан аз вазъ бошад.

Дар ин ҷо зарбаи сахтарин ба демократияи Ғарб чи дар асл ва чи дар зеҳну ғояҳои некбинона дар бораи он миёни шумораи зиёди одамони ҷаҳон зада хоҳад шуд.

Вақтҳои ахир бештар таънаи "кор намекунад" нисбат ба он пайдо шуда истодааст.

183
Торговля на рынке Мехргон

Гордеев гуфт,  чӣ гуна Тоҷикистон метавонад кишварро бо гӯшти худӣ таъмин кунад

338
(Таҷдидшуда 11:24 20.11.2020)
Дмитрий Гордеев, роҳбари Маркази тадқиқоти иқтисодию таҳлилӣ ва IT-технологияҳои Маркази тадқиқоти Федералии системаҳои озуқавории ба номи В. М. Горбатови Академияи илмҳои Русия дар бораи роҳҳои алтернативии рушди бозори маҳсулоти гӯштӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik.  Дар Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти чорво қаблан ҷорӣ шуда буданд. Ин аз он сабаб буд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар Қазоқистон кам шуд.

Ин сабаби содироти зиёди ҳайвонот ба Тоҷикистон ва Узбакистон аз Қирғизистон гардид.

Ахиран бо сабаби гаронии нархи гӯшт, Қирғизистон низ содироти чорвои калони шохдорро ба хориҷа манъ кард, ки ба гуфти бозордонон он ба нархи гӯшт дар Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард.

Дар ин робита, дар Тоҷикистон роҳҳои алтернативии рушди бозор имконпазир аст, гуфт Гордеев.

"Ҳоло самтҳои асосии умедбахши рушди соҳаи гӯшт дар Тоҷикистон говҳо, бузҳо, гӯсфандон, инчунин парранда мебошанд",- гуфт коршинос дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Тағйирот дар қонуни буҷа барои таъмини арзонии гӯшт дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи вай, рушди ин соҳаҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолиро бо навъҳои асосии маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли худ таъмин намояд.

"Корхонаҳо бояд нақшаи мукаммали рушди соҳибкориро барои ҷалби сармоягузорони эҳтимолӣ таҳия кунанд, аз ин рӯ зарур аст, ки ба ин занҷира инчунин корхонаҳои истеҳсол ва коркарди намудҳои асосии маҳсулот, ки аз гӯшти  ҳйвонот омода мешаванд, дохил карда шаванд",- гуфт коршинос.

Вай афзуд, ки фароҳам овардани базаи худӣ ва шароити оптималии нигоҳ доштани чорво, парранда ва тартиб додани раванди ғизодиҳӣ пурра барои онҳо маҳсулнокии чорво ва паррандаро баланд мебардорад. 

338
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон