В Хороге проходит международный круглый стол Памир у истоков дружбы и стратегического партнерства России и Таджикистана

Коршиносон: "Бошгоҳ Помир" Русияву Тоҷикистонро муттаҳид мекунад

126
(Таҷдидшуда 13:05 13.10.2017)
Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ - маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - бунгоҳи коршинохтии русиву тоҷикии "Бошгоҳи Помир" бунёдгузорӣ шуд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Коршиносон бар ин боваранд, ки фаъолияти ин майдони гуфтугӯи Русияву Тоҷикистон ба суди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва омӯзишиву илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар хоҳад буд. 

Дирӯз дар маркази расонаии хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" маросими муаррифии форуми "Бошгоҳи Помир" баргузор шуд, ки ҳафтае пеш дар шаҳри Хоруғ — маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — роҳандозӣ шуда буд.

"Ҳусни ин бошгоҳ дар ин аст, ки мавзуъҳо дар чорчӯби он дар гуфтугӯи зинда миёни коршиносон аз Русия ва Тоҷикистон баҳсу баррасӣ хоҳанд шуд. Дар мизи гирде, ки 4 октябр дар шаҳри Хоруғ бо мавзуъи "Помир — хостгоҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои роҳбурдии Русия ва Тоҷикистон" баргузор шуда буд, мавзуъҳои аслии баҳсу баррасии ин бошгоҳ мушаххас шуданд. Ин мавзуъҳо масоили сармоягузорӣ, забони русӣ ва мактабҳои русизабон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамкориҳо дар заминаҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ ҳастанд", — гуфт дар ин маросим Сергей Рекеда, мудири иҷроии Маркази иттилоъоту таҳлилӣ.

Вай афзуд, ки коршиносони ин бошгоҳ ба навбат дар Хоруғ ва бархе аз шаҳрҳои Русия ва гоҳе низ чун видеоҳамоиш нишастҳо баргузор хоҳанд кард.

Мавзуъҳои аслии баҳсу баррасиҳои "Бошгоҳи Помир" вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон, сармоягузории Русия дар иқтисоди ин кишвар ва ҳамкориҳои илмиву омӯзишӣ гуфта шудаанд.

Александр Гушин, донишёри Донишгоҳи улуми инсонии Русия, мегӯяд, ин нукта муҳим аст, ки ин бошгоҳ на дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар яке аз минтақаҳо — вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд шудааст.

Никита Мендкович, раҳбари "Боҳгоши таҳлилии Уросиё", низ бо Гушин ҳамназар аст. Вай муътақид аст, ки ин бошгоҳ дар густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт ва аз ин рӯ судаш бештар аст.

"Тарҳҳо мо бештар дар пойтахтҳо ва ё бо миёнҷигарии пойтахтҳо иҷроӣ мешаванд, ба ин гумон, ки зерсохторҳо дар пойтахтҳо пешрафтатару кору куниш осонтар аст. Вале ин  рӯйкард амалисозии ибтикорҳои моро ба ниҳодҳои давлатии он кишварҳо вобаста мекунад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки дар сатҳи минтақаҳо корро роҳ андозем то боздеҳаш зудтару воқеъитар бошад", — гуфт Мендкович.

Ширкаткунандагон дар ин нишасти расонаӣ се мавзуъи аслии кору куниши "Бошгоҳи Помир"-ро баррасӣ карданд ва тавзеҳ доданд, ки чаро ҳамкориҳои илмиву омӯзишиву фарҳангӣ ҳамроҳ бо афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо муҳимтарин омили ободонии Кӯҳистони Бадахшон аст, ки сарзаминаш гардишгарони бисёреро аз гӯшаву канори ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад.

Зарина Додобоева, корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Фарҳангистони улуми Русия, мегӯяд, ҳамакнун бештарин сармоягузориро дар ВМКБ Чин анҷом додааст. Аз ин рӯ, "Бошгоҳи Помир" аҳамияти дучандон пайдо мекунад.

"Ногуфта пайдост, ки ибтикори бунёди "Бошгоҳи Помир" бисёр бамавқеъ ва зарурӣ аст. Ин бошгоҳ ниҳоде судманд барои густариши ҳамкориҳо бо яке аз кишварҳои пасошуравӣ хоҳад шуд", — таъкид кард Гушин.

Ба гуфти вай, роҳандозии "Бошгоҳи Помир" гувоҳ бар ин воқеъият аст, ки пешрафте ҷиддӣ дар заминаи сиёсати башардӯстонаи Русия рух додааст.

"На танҳо бунёди ин бошгоҳ, балки он пуштивонаи хабариву иттилоъотие, ки ин бошгоҳ бо бунёдгузорияш ба даст овардаву дар оянда низ хоҳад овард, муҳим аст", — тавзеҳ дод ин коршинос.

Гушин аҳамияти гардишгариро низ ёдоварӣ карду гуфт: "Помир, чуноне ки ҳамаамон медонем, мустақиман бо кӯҳнавардӣ, табиъатгардӣ, гардишгарии мардумшинохтӣ пайванд дорад", — афзуд Гушин.

Коршиносон қарор доданд, ки нахустин нишасти "Бошгоҳи Помир"-ро ҳарчи зудтар баргузор кунанд. Қарор шуд, ки Нахустин нишасти "Бошгоҳи Помир" дар авоили соли 2018 баргузор шавад.

126
Барчаспҳо:
Бошгоҳи Помир, Зарина Додобоева, Никита Мендкович, Александр Гушин, Сергей Рекеда, Тоҷикистон-Помир-Русия
Мавзуъ
Рекеда: дар "Бошгоҳи Помир" масоили сармоягузорӣ ва забони русӣ баррасӣ хоҳанд шуд
Русия ва Тоҷикистон дар "Бошгоҳи Помир" гуфтугӯ мекунанд
Ҷашнвораи "Помир - Маскав": чид, сур ва ширчой
Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль

Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

1660
(Таҷдидшуда 15:56 27.06.2020)
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аз ҳамон айём ба ин сӯ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Аммо бо гузашти 23 сол аз он тавофуқи таърихӣ ин интиқодҳо, бахусус аз сӯи ворисони мухолифини собиқ, садо медиҳанд, ки он созишнома амалӣ нашуда, ваҳдати миллӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, балки баръакс, ҳукумати Тоҷикистон мухолифини худро мағлуб карда, аҳдшиканӣ кардааст.

Оё дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст? Оё Созишномаи сулҳ пурра иҷро шуда буд? Муҳимтарин сабақи ҷанги дохилӣ чӣ буд? Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ва дигар суолҳоро Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшинос, яке аз шоҳидон ва муҳаққиқони раванди сулҳи тоҷикон Абдуллоҳи Раҳнамо ба миён гузошт.

- Биёед, аз саволи аз ҳама ҳассос сар кунем. Ба назари Шумо, имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст?

- Ҳаст. Ваҳдат, сулҳ, амният, субот ҳама ҳаст. Имрӯз ваҳдат ҳолати фарогир дорад. Инро дар ҳар хонадон ва дар хиёбони ҳар шаҳри кишвар дидан мумкин аст.

Дар бораи даъвои мухолифин оид ба шикасти аҳд

- Пас чаро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки аҳду ваҳдат шикаста шудааст? 

- Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст.

- Ба ҳар сурат, магар пояи ваҳдате, ки дар борааш имрӯз мегӯем, ҳамон Созишномаи сулҳ нест?

- Созишномаи сулҳ бисёр муҳим аст. Президент онро бисёр дақиқ бо худи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробар дониста, санади наҷоти дубораи кишвар хондаанд. Он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост ва нақши беназири таърихии худро дошт.

Аммо имрӯз чорчӯби фарогирии ваҳдат ва раванди таърихии миллатсозӣ Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумимиллист. Масалан, насле, ки ҳоло 40-сола аст, вақти имзои Созишномаи соли 1997 ҳамагӣ 17-сола буд, 30-солаҳо он вақт 7-сола буданд, 20-солаҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд. Яъне инҳо он вақт дар ҳеҷ тарафи ин ҷанг ё созишнома набуданд. Ё дар ин 23 сол даҳҳо ҳизбу ҳаркату ташкилоту мавқеъҳо ба вуҷуд омаданд, ки он вақт умуман вуҷуд надоштанд. Агар ҳоло ҳам дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нав ва ин нерӯҳои нав дар раванди ваҳдат дар куҷост? Чунин фаҳмиши шахшудаи ваҳдат аксарияти ҷомеаи имрӯзаро аз мафҳуми ваҳдат хориҷ нигоҳ медоранд. Ин амалгароёна ва воқеъбинона нест. Бинобар ин, ваҳдат акнун басе фаротар аз он чорчӯбҳост.

Умуман, то ҳоло ба қолабҳои он давра фикр кардан, дар банди ҳамон тақсимот мондан, худро яке аз тарафҳои ҷанг ё сулҳ тасаввур кардан дидгоҳест, ки ҳаргиз ба ваҳдати воқеӣ намебарад.

- Чун 27-уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳ аст, ин назарҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ин санад то охир иҷро нашудааст. Назари Шумо чист?

- Созишномаи сулҳ моҳиятан пурра дар амал татбиқ шудааст. Ҳамин сулҳу оромишу ваҳдате, ки имрӯз мебинем, мароми ниҳоии созишнома буд. Ахиран яке аз иштирокдорони тамоми раванди музокирот ва сулҳсозӣ, шахсияти муътадилу огоҳ устод Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи созишномаи сулҳ фармуданд, ки он дар амал пурра татбиқ шуд. Аммо агар ба таври мушаххас гӯем, созишномаи сулҳ ё умуман сулҳи тоҷикон аз чор бахши асосӣ иборат буд: масъалаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин.

Бахши ҳуқуқии созишнома пурра иҷро шуд ва соли 1999 матни нави конститутсия, ки бо иштироки ду тараф дар Комиссияи оштии миллӣ таҳия шуда буд, қабул гашт. Қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонуни ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Комиссияи оштии миллӣ аз нав таҳия шуд.

Бахши низомии созишнома низ амалан иҷро шуд. Ҳазорон нафар аз нерӯҳои низомии мухолифин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интергратсия шуданд ва ё ба ҳаёти мулкӣ гузаштанд. Бархе ҳоло ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукуматӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе ислоҳоти қонунгузорӣ ва ё бархӯрдҳои сиёсию низомӣ, ки даҳ-понздаҳ сол пас аз татбиқи созишнома рӯй доданд, омилҳои дигар дошта, ба масъалаи созишнома ва сулҳ марбут нестанд.

Бахши сеюми созишнома, яъне масъалаҳои муҳоҷирин бошад, аз ҳама беҳтар иҷро шуд. Ҳама оворагон ба ватан бозгардонда шуданд. Бо барномаҳои махсуси давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ хонаву дару деҳаҳояшон бозсозӣ шуд ва ғ.

Бахши сиёсӣ, ки асосан тақсими қудратро дар бар мегирифт, низ моҳиятан амалӣ шуд. Аммо маҳз ҳамин бахш бинобар сабабҳои объективӣ байни мухолифин баҳснок боқӣ монд.

Ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд.

- Воқеан, Шумо он замон дар Комиссияи оштии миллӣ будед ва мустақим таҳаввулотро назорат мекардед. Чаро мухолифин то имрӯз аз ин масъала гила доранд? Оё дар ҳаққашон воқеан ҷабр шудааст?

- Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд. Аммо барои таърих ва муҳаққиқон мешавад рӯшанӣ андохт, ки дар ҳақиқат масъалаи ба намояндагони ИНОТ вогузор намудани 30% аз вазифаҳои давлатӣ ҳассостарин баҳси он замон буд. Ба мушоҳидаи онвақтаи банда аз дохили раванд, се омил боис шуд, ки ин мавзӯъ баҳснок бимонад:

Сабаби якум, худи созишнома як санади бузурги сиёсӣ буд, аммо аз назари амалия баъзе пешбиниҳои хушбинона дошт. Масалан, дар он "давраи гузариш", яъне амалан давраи татбиқи созишнома, 18 моҳ аз рӯзи имзои созишнома пешбинӣ мешуд. Дар поёни он бояд интихоботи парлумонӣ доир мегашту аз назари ҳуқуқӣ вазъият оддӣ мешуд. Баъд аз он ҳеҷ меъёре пешбинӣ намешуд, ки намояндагони собиқ мухолифин дар вазифаҳо бимонанд. Яъне пас аз ин марҳилаи гузариш ва интихобот, ҳукумат аз назари созишнома ва қонунӣ вазифадор набуд, ки онҳоро дар вазифаҳо ҳифз кунад. Механизм дуруст буд, аммо шояд аз хушбинӣ барои татбиқи чунин раванди мураккаб чунин давраи кӯтоҳ пешбинӣ шуда буд.

Ёд дорам, ки баъзе роҳбарони мухолифин, аз ҷумла раиси ҳайати музокиротии ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пешниҳод доштанд, ки "давраи гузариш" фақат пас аз пурра таъйин шудани намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои давлатӣ оғоз шавад. Аммо ин вариант нагузашта буд. 

Дуюм, дар масъалаи интихоби номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ байни худи мухолифин ихтилофи бисёр сахт пеш омад. Хусусан дар заминаи маҳалгароӣ ва зурозмоии қумондонҳо. Онҳо барои тақсими вазифаҳо моҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд ва билохира, "давраи гузариш" тамом шуду шояд бахше аз ин тақсимот дар сатҳҳои миёна ва ё поин боқӣ монд. Илова бар ин, баъзе номзадҳои пешниҳодии мухолифин салоҳияти ин вазифаҳоро надоштанд ва гаштаву баргашта иваз мешуданд.

Сеюм, дар айни замон, он вақт қабули онҳо дар таркиби ҳукумат кори содда набуд. Президенти кишвар борҳо ишора намуданд, ки қонеъ намудани баъзе ҳамсафон ба чунин ҷасорати сиёсӣ осон набуд. Дар он марҳила барои кафилони асосии байналхалқӣ низ худи хатми ҷанг, барқарории сулҳ ва минтақавӣ нашудани буҳрон муҳимтар буд, на баҳсҳои баъдии дарунтоҷикӣ барои тақсими вазифаҳо.

Ин буд, ки ҳамин бахши "тақсими вазифаҳо" дар муҳити мухолифин то охир баҳснок монд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто пас аз тамом шудани "давраи гузариш" низ аксари намояндагони таъйиншудаи мухолифин то солҳои зиёд, баъзеашон ҳатто то 6-7 соли дигар дар вазифаҳои давлатӣ боқӣ монданд. Ин дигар талаботи созишномаи сулҳ набуд, балки фаротар аз созишнома, назари ваҳдатсози худи роҳбари давлат буд.

Аммо тавре гуфтам, ин як шарҳ барои таърих буд. Зеро баҳси "тақсими вазифаҳо" дар муқоиса бо куллияти созишномаи сулҳ мавзӯи асосӣ набуд. Илова бар ин, дар маҷмуи санадҳои Созишномаи сулҳ пойбандии ҷонибҳо ба як силсила ормонҳо ва арзишҳои олии ахлоқию миллию сиёсию давлатдорӣ таъкид мешуд, ки ёдоварии он хеле муҳимтар аз масъалаҳои мушаххаси ҷузъӣ мебуд.

Пас, агар аз диди манфиатҳои давлату миллат баҳо диҳем, созишомаи сулҳ иҷро шуд, сулҳ ба воқеият табдил гашт, он имрӯз ҳам чун воқеияти инкорнашаванда ҷараён дорад. Ваҳдат низ чун раванди фарогири аксарият дар ҷараён аст. Аз ин рӯ, аз инсоф нест, агар касе бигӯяд, ки чун имрӯз ман дар ин раванд нестам, ваҳдат ҳам нест. Меъёр аксарият аст, миллат аст, воқеият аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст?

- Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.

Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ.

Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд…

- Сулҳи тоҷикон натиҷаи чор соли музокира ва ду соли кори КОМ буд. Дар бораи арзиши ин музокирот имрӯз чӣ нуктаи муҳим гуфтан мумкин аст?

- Музокироти сулҳи тоҷикон як мактаби бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ буд. Дар он тамоми минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳм дошт. Ҳар касе, ки дар раванди ҷанг саҳим буд, дар раванди сулҳ ҳам шомил буд. Албатта, он ҷо пинҳонӣ ва ин ҷо ошкоро. Ин музокирот саҳнаи соиши манфиатҳои гуногун буд.

Аммо дар муносибати байни худи тоҷикон дипломатия ва бозӣ бисёр набуд. Дар он рӯҳияи тоҷикӣ бештар таъсиргузор буд. Шухӣ ҳам буд, латифа, шеър, мавъиза, мусобиқа, қаҳр, дашном, киноя, гузашт, ҳамтабақӣ, оғӯш ҳама чиз буд. Дар музокироти байни тоҷикон умумиятҳои тоҷикӣ ва дарки ин умумиятҳо аз сӯи тарафҳо бар ихтилофи сиёсӣ ғалаба кард. Бунёди сулҳи тоҷикон ҳамин дарк буд. Ҳама дарёфтанд, ки як чизанд, одаманд, тоҷиканд. Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд.

Муносибати сарвари давлат бо роҳбари мухолифин ба як дустӣ табдил шуда буд. Президент ҳатто дар вақти бемории ӯ ба хонааш хабаргирӣ омада, табобати ӯро дар хориҷа супориш карда буд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мо бояд ҳамеша умумиятҳои инсонӣ, имонӣ ва миллии тоҷикии худро ҳифз кунем. Ин хатти сурх аст, нуктаи пайванд аст, модари муштарак аст, умумияти наҷотбахш аст.

- Аммо фикр намекунед, ки солҳои охир таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон камранг шудааст?

- Бале. Бисёр муҳим аст, ки ин таҷриба дар сатҳи шоиста омӯхта шавад. Он  ҳатто метавонист яке аз ифтихорҳои ва брендҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис гардад, ки ҳам омӯхтан ва ба назария табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҳам нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро анҷом диҳад. Шахсан банда ба ин мавзӯъ ба ҳадде аҳаммият қоилам, ки орзу дорам, чунин марказ таъсис дода, тамоми умрамро ба омӯзишу таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ сарф намоям.

- Дар ниҳоят, баназари Шумо, пас аз ин қадар солҳо, муҳимтарин дарси ҷанги дохилӣ чи буд?

- Сабақҳо бисёранд. Аммо муҳимтарин сабақи ҷанги дохилии мо ин аст, ки ҳеҷ идея, ҳеҷ манфиат, дидгоҳ, ҳизб ё идеология арзиши онро надорад, ки суботро бишканем, ватанро вайрон кунем, миллатро пароканда кунем ва давлатро аз даст диҳем. Ҳама чиз, ҳама тарҳу ормон фақат дар фазои давлат, ваҳдат ва амният маъно пайдо мекунад. Бинобар ин,  имрӯз, бо пеши рӯй доштани он сабақи бузург, ҳама гуна даъват ба бесуботӣ ва низоъ бемсаъулиятӣ дар баробари ин кишвар ва ин мардуми ранҷдида мебуд. Пас бояд дигар ҳаргиз ба фитнаву тафриқа дода нашавем. Сабақи асосӣ ҳамин аст.

1660
Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷанги шаҳрвандӣ, Русия, Созишномаи сулҳ, оппозитсиюни тоҷик, Ҳукумат, ҲНИТ, ИНОТ, "Ваҳдат", Тоҷикистон
Андрей Казанцев

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

688
(Таҷдидшуда 09:01 27.06.2020)
Директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Казантсев пешниҳоди роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба гуфти Андрей Казантсев,  як қатор сабабҳои барқарор шудани парвозҳо байни Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ ҳангоми пандемия вуҷуд доранд.

"Аввал-робитаҳои наздики муҳоҷират, инчунин робитаҳои оилавии одамони зиёд. Дуюм- вазъи эпидемикӣ, ки дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳам наздик аст. Сабаби саввум робитаҳои таърихӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Казантсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, кишварҳои ИДМ омодаанд, ки робитаҳои ҳавоӣ бо Русияро боз кунанд. Аммо, тавре ки коршинос қайд кард, вазъ дуҷониба аст.

"Афзоиши гардиши ҳавоӣ ба паҳншавии сироят мусоидат мекунад, аммо аз тарафи дигар зарари иқтисодӣ ба ҳадди ақалл кам хоҳад шуд", - хулоса кард коршинос.

Қаблан роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ба ҳукумати Русия нақшаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалиро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ, он бояд аз кишварҳои ИДМ оғоз ёбад.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Тавсия дода мешавад, ки парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи дур, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар алоҳидагӣ барқарор карда шаванд.

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Гуфта мешавад, мактуби дахлдор ба Роспотребнадзор ва инчунин ба дафтари муовини сарвазир Татяна Голикова фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ баррасӣ шуда истодааст, аммо қарорҳои ниҳоӣ бо назардошти мувофиқа бо дигар давлатҳо қабул хоҳанд шуд.

688
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

0
(Таҷдидшуда 02:30 10.07.2020)
Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов,  сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

“Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд”, – гуфтааст  Шоҳрух Ғиёсов.

Вай афзудааст, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Ҳпмзамон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки то санаи 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, маҳдудият, мамнуъ, нақлиёт, ҳаракат, Ӯзбекистон