Чаро имомхатибҳои масоҷиди Тоҷикистонро ҷойгузин мекунанд?

© SputnikПразднование Рамазана в Душанбе
Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон талош доранд масъалаи ҷойгузин кардани имомхатибҳоеро, ки дар мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷ таҳсил кардаанд, рӯшан кунанд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор дода имомхатибҳоеро, ки дар мактабҳои хориҷ таълимоти динӣ гирифтаанд, аз мақомашон барканор кунад.

Барои иҷрои ин қарор ба Шурои уламои Тоҷикистон ду ҳафта замон дода шудааст. Вале Кумитаи дину ҷашну маросими Тоҷикистон нагуфта, ки чанд мулло ҷойгоҳи худро дар масҷидҳо аз даст хоҳанд дод.

Узви илмии Маркази исломшиносии Тоҷикистон Сайфулло Мулоҷонов бар ин аст, ки ҳукумат дар навбати аввал ба хотири таъмини амният чунин тасмим гирифтааст. Вай эҳтимол медиҳад, ки бархе аз муллоҳо дар мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷе таҳсил кардаанд, ки дар онҳо мазҳаби дигаре аз исломро, ки тоҷикон пайраваш нестанд, таълим медода бошанд.

"Фикр мекунам, ки намояндагони Кумитаи дин бо қабули чунин қарор дар навбати аввал дар бораи амният фикр кардаанд. Эҳтимол дорад бархе аз муллоҳое, ки дар мактабҳои исломии хориҷ таҳсил кардаанд, на мазҳаби ҳанафӣ, балки дигар мазҳаберо таълим гирифта бошанд", — гуфт Муллоҷонов дар суҳбат бо радои Sputnik.

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар масҷид: рафтори Холдоров корбарони фейсбукро ба хашм овард

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши динӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ афзуд. Он замон садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсили улуми динӣ ба кишварҳои хориҷ рафта буданд. Соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст кӯшиш кард таҳсилоти динии шаҳрвандонаш дар хориҷро зери назар бигирад.

Ин тасмим замоне гирифта шуда буд, ки маълум шуд, ки бархе аз талабаҳо дар мадрасаҳои хориҷӣ мазҳаби бегонаро таҳсил мекардаанд.

Бино бар охирин додаҳо, дар ҳафт соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон беш аз се ҳазор шаҳрвандеро, ки дар мадрасаҳои динии кишварҳои арабӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон таҳсил доштанд, ба Тоҷикистон баргардондааст. Ҳамзамон бо ин Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз пуштивонаи илмии бархурдор карда мешуд.

Ба гуфти коршиноси масоили динӣ, дуктури улуми торих Муллоҷонов барои Тоҷикистон муҳим аст, ки донишгоҳи исломии худро рушду тавсеъа диҳад то муллоҳо дар он улуми олии диниро фаро бигиранд. Вай мегӯяд, ки ҳамакнун дар ин роҳ нахустин гомҳо гузошта мешавад.

"Кишвари мо пасошуравӣ аст. Дар муддати 70 сол Тоҷикистон мактабе надошт, ки муллоҳоро омода карда бошад. Аз соли 1991 мо ин корро аз сифр оғоз кардем. Барои ин бояд таълимоти диниро дар Тоҷикистон нерӯманд карда барои таълим додан устодони коршиносро ҷалб намоем", — гуфт вай.

Ба гуфти коршинос мушкилоте, ки бо таълимоти динӣ дар Тоҷикистон аст, дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам дида мешавд. Масъалаи амният ҳамаи кишварҳоро дар таҳлука афтондааст. Ва дар чунин вазъият коршинос ташкили донишгоҳи бузурги исломиеро, ки дар миқёси ИДМ тавонад мутахассисони боқувватро тарбия кунад саривақтӣ медонад.

"Шодовар аст, ки дар Русия, Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол мазҳаби ҳанафӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои ташкили донишгоҳи муштарак заминаи аслӣ аллакай вуҷуд дорад. Вақту вазъият ҳам ҳаминро талаб дорад. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар масъалаи афзоиши хатари таъсири гурӯҳҳои радикалӣ ба минтақа, ҳамфикр ҳастанд. Ба ин хотир роҳеро, ки мо мехоҳем дар ин росто бисозем низ бояд умумӣ бошад", гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон расман 4 ҳазор масҷид номнавишт шудааст, ки аз ин миён 370-тояшон масҷидҳои ҷомеъ ҳастанд.

Дар Тоҷикистон як донишгоҳи исломӣ фаъолият мекунад, ки дар он камобеш 1400 донишҷӯй таълимоти динӣ мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0