Боевики Джебхад ан-Нустра, архивное фото

Исломгароӣ дар Осиёи Марказӣ: хаёле хом ё нерӯе созанда

144
Sputnik Тоҷикистон кӯшиш карда, ки дар ин мухтасар решаҳои исломгароии сиёсиро бозҷӯӣ кунад ва посухе ба ин пурсишҳо пайдо кунад, ки чаро он наметавонад мусулмонҳоро муттаҳид кунад ва оё ояндае дар Осиёи Марказӣ дорад ё на

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз замоне, ки “Давлати исломӣ” кишварситонии худро дар Ироқу Сурия оғоз карда буд, истилоҳи “исломгароӣ” ё “исломи сиёсӣ”, ки пеш аз он ҳам ҳудаву беҳуда дар расонаҳо ба кор мерафт, хӯсае гашт, ки ҷаҳониёнро ба он тарсондан гирифтанд. Камтар касе медонад, ки исломи сиёсӣ ё исломгароӣ чист, вале ҳама аз он метарсанд.

Боре, бисёре аз ҷунбишҳои сиёсиву созмонҳои иҷтимоъиро, ки дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ нақши муҳиме доранд, бегумон метавон исломгаро шумурд. Он ҷунбишу созмонҳо дар кишварҳояшон қонунан ва расман шинохта шудаанд ва афзун бар он талош доранд қудратро ба даст бигиранд.

Дар он кишварҳо гоҳе рухдодҳои шигифтангезе рӯй медиҳанд. Чунончи, пушти як миз метавонанд ҳам сиёсатмадорони муътадиле ҷой гиранд, ки аз давлат риояти бархе аз аҳкоми шариатро талаб мекунанд ва ҳам авомгароёни тундраве, ки суханҳояшон камтарин тафовутро бо ақоиди мубаллиғини ДОИШ доранд.

Sputnik Тоҷикистон аз исломшинос, дуктури улуми торих, профессор Алексей Малашенко пурсид, ки исломгароӣ дар ҷаҳони имрӯз чӣ намуде дорад ва чашмандозаш дар кишварҳои Осиёи марказӣ чигуна аст?

Пеш аз он ки аз нақши сиёсии ислом сухан бигӯем, бояд тасаввуре аз теъдоди мусулмонон дар ҷаҳон дошта бошем. Омори дақиқе аз ин теъдод дар даст нест, аммо бино бар бархе аз додаҳо, ҳамакнун дар ҷаҳон 1,2 то 2 милёрд мусулмон зиндагӣ ба сар мебарад. Чуноне, ки дида мешавад, ихтилоф дар ин омор басе бузург аст.

Душвортар аз он шумориши теъдоди мусулмонҳо дар кишварҳое чун Русия аст, ки намояндагони чандин қавму пайравони чандин дин дар онҳо зиндагӣ мекунанд.

“Агар ҳама додаҳо аз шумори мусулмонон дар Русияро дар як парванда ҷамъ кунем, ихтилофашон аз 8 то 32 милюн кас мешавад. Аммо маъмулан ин рақамро 20 милюн кас мегӯянд ва давлат низ ҳамин рақамро расман ба кор гирифтааст. Вале бахши бузурге аз мусулмонҳои Русия шаҳрвандони ин кишвар нестанд, балки муҳоҷирони корӣ ҳастанд”, — мегӯяд Алексей Малашенко.

Агар ҷамъият дар кишварҳои исломӣ ҳамингуна рушд кунад, ки то кунун дошта, дар соли 2025 камубеш 30 дарсад аз ҷаҳониёнро мусулмонон ташкил хоҳанд дод. Бархе аз мубаллиғини исломӣ мегӯянд, ки ин рақам ба 40 дарсад ҳам хоҳад расид.

Ин теъдоди бузурги мусулмонон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи даромад дар онҳо ноҳамгун аст. Ин ноҳамгунӣ ва нобаробарӣ ногузир андешаи бозсозии давлати ҷаҳонии исломиро дар зеҳнҳо зинда мекунад, ки онро ҳазрати Муҳаммад (с) бунёд гузошта буд.

Ҷунбишҳои исломгаро дар торихи навин пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифтаанд. Он замон бисёре аз мустаъмараҳо дар Африко ва Осиё аз кишварҳои урупоӣ ҷудо шудан гирифтанд ва бисёре аз муборизон барои истиқлоли кишварҳояшон зери парчами ислом бо истеъморгарон мубориза мебурданд ва мардумро фаро мехонданд, ки “кофарон”-ро аз сарзаминашон берун кунанд.

Алҷазоир, Марокаш, Индонезия ва Покистон намунае аз он кишварҳо ҳастанд. Ҳамон замон буд, ки созмонҳое чун “Ихвону-л-муслимин” дар он кишварҳо нуфузи сиёсӣ касб карданд.

Ин кишварҳои тозабунёд дар дуроҳие монданд, ки кадом сӯ бираванд? Оё бояд дар пайравӣ аз кишварҳои истеъморгар ва бо таваҷҷуҳ ба модели ғарбӣ давлати дунявӣ бисозанд? Ё ин ки бо ёриву пуштибонии Иттиҳоди Шуравӣ ё Чин дар кишварашон сосиёлизм барпо кунанд?

Гузинаи дигаре ҳам буд, ки давлати миллии ҷудогонае ташкил кунанд ва бино бар зарурат ё Ғарбро муттаҳид бигиранд ва ё Иттиҳоди Шуравиро ва ё ин ки роҳи худро пеш гиранд. Аммо дар поёни солҳои 1970-ум рӯшан шуд, ки на сусиёлизм, на моделҳои ғарбии кишвардорӣ ва на роҳи миллӣ комилан ҷавобгӯ нестанд.

Қудратро ҳар аз гоҳе раҳбарони худкомаву худхоҳе ба даст мегирифтанд ва аз баробарии иҷтимоъӣ дар он кишварҳо бӯе набуд. Сатҳи зиндагии мардум дар он кишварҳо ҳамчунон бисёр поин буд ва мардум дар бенавоӣ, тангдастӣ ва тиҳидастӣ, ки фақри мутлақ аст, рӯз мегузаронд. Дар чунин шароите ягона гузина ё алтернативи дастрас усули дин буд.

Дар чунин шароите исломгароӣ – равияи диние падид омад, ки идеулужии он бунёди кишвару давлат бар асоси шариати исломиро дар назар дорад.

“Ин идея бисёр таъсиргузор аст ва наметавон онро дар шумор наовард. Бино ба натоиҷи назарсанҷии ҷомеашиносон, аз 40 то 70 дарсад аз мусулмонон хостори бунёди давлатдорӣ бар пояи шариат ҳастанд. Ин хостаашон ҳеч шигифтие надорад! Баробарии иҷтимоъӣ, ҳокими одил, ёрирасонӣ ба ниёзмандону бенавоён – шариат ин ҳамаро дорад”, — тавзеҳ медиҳад Малашенко.

Ба гуфти вай, хосторони кунунии ҳукумати исломӣ, инкор мекунанд, ки ҷорӣ кардани аҳкоми ислом ба ҷои қонуни асосӣ ногузир ҷорӣ шудани муҷозоти сахту бераҳмонае чун буридани дасту пову сангсор карданро дар пай хоҳад дошт. онҳо иддиъо мекунанд, ки ин муҷозот дар садаҳои миёна мондаанд ва онҳо аз аҳкоми ислом танҳо онро хоҳанд ба кор гирифт, ки созанда бошад. Афзун бар ин, онҳо низоми мардумсолории интихобии воқеъиро ба тарафдоронашон ваъда медиҳанд, на “онеро, ки дар Амрико ҳаст”.

Аз парламентаризм то эъдомҳои дастаҷамъӣ

Идеяи баробарии ҳамагонӣ зуд ҳамаро фаро мегирад ва мардумписанд мешавад. дар ин замина ҷунбишҳои иҷтимоъие падид меоянд ва талабгори ислоҳот дар давлат мешаванд. Дар ин марҳила бисёр муҳим аст, ки кадом касе ин ҷунбишро раҳбарӣ хоҳад кард.

Ин раҳбарон метавонанд сиёсатмадорони миёнараве бошанд, ки хостори созиш додани қавонину муқаррароти дунявӣ ва аҳкоми ислом аз роҳи қонунӣ бошанд.

Аммо кунишгарони бунёдгаро бар ин боваранд, ки роҳи парлумонии рушд бисёр дарозу пур аз созишҳои беҳудаву нимкора аст. Аз ин рӯ, бояд равандҳоро шитоб дод, ҳатто агар он бархӯрди мусаллаҳона бо ҳукумат ва хунрезиро ҳам дар пай дошта бошад. Аммо ингуна тундравон маъмулан зуд даст ба силоҳ намебаранд.

Вале исломгароён гурӯҳи севуме низ доранд, ки онҳо дар бунёдгароиву тундравӣ ифрот мекунанд ва мехоҳанд, ки низоми исломии кишвардорӣ бедиранг ҳаминрӯз ва ҳаминҷо комилан ҷорӣ шавад. Касоне, ки ин хостаро напазиранд, бечуну чаро душманони ислому муслимин ҳастанд ва бояд кушта шаванд. Нахустин касоне, ки ба дасти ингуна “созандагони” хилофати ҷаҳонӣ кушта мешаванд, ҳамақидаҳоешон ҳастанд, ки ифротгаро нестанд. Ифротгароён ин ҳамақидаҳояшон ва дигар мусулмонҳои “нодуруст” – суфиён, шиъаён ва исмоилиёнро мунофиқу кофир эълом мекунанд ва сарнавишташон аз пеш маълум аст.

Намунааш ҳамин “Давлати исломии Ироқу Шом” аст (ДОИШ, ки дар Русия мамнуъ аст), ки кушторҳои дастаҷамъӣ дар он ягона бархӯрд бо пайравони дигар дину мазҳабҳо буд.

Бо чунин бархӯрде, ба назари Малашенко, исломгароӣ чун ҷунбиши сиёсии ҷаҳонӣ чандон ояндае надорад, ҳатто агар ҳама ҷаҳониён ҳамзамон мусулмон шаванд.

“Ҳечгуна давлати исломие наметавонад вуҷуд дошта бошад. Он ҳарфҳо ҳама утопия ё ормоншаҳре чун коммунизм ҳастанд. Барои ташкили давлати исломӣ мебояд ҳама равияҳову ақидаҳои мухолиф бо якдигарро, ки аз ислом реша гирифтаанд, бо ҳамдигар оштӣ бидиҳанд, ки корест имконнопазир ва аз замони паёмбар Муҳаммад то кунун натавонистаанд онро анҷом бидиҳанд”, — мегӯяд Малашенко.

Исломгароёни “муътадил” низ худро дар рухдодҳои “баҳори араб” ба хубӣ нишон доданд, ки аз ошӯбгарон ва тазоҳургарон пуштибонӣ мекарданд.

Ин “муътадилҳо” тавнистанд дар бархе аз кишварҳо мавзеъашонро устувор кунанд ва ё ба қудрат бирасанд. Вале дар дигар кишварҳо пирӯзияшон шикасти сиёсиро дар пай дошт. Чунончи, “Ихвону-л-муслимин” дар Миср созмони теруристӣ шинохта шуд, дастнишондаашон раисҷумҳур Муҳаммад Мурсиро низомиён бар канор карданд ва чанде аз раҳбарону фаъолонашон ҳам эъдом шуданд.

Қонунан танҳо дар Бишкек

Агар аз Ховари Наздик бигзарему ба Осиёи Марказӣ нигоҳ кунем, инҷо ҳам дурнамои исломи сиёсӣ меғолуд аст.

Дар Қазоқистон, ки камобеш сарватмандтар аз дигар ҳамсояҳояш аст, давлат ниҳодҳои иқтисодии исломиро густариш медиҳад ва чандон коре бо зиндагии хусусии муъминон надорад, аммо ҳиҷобу ришу дигар нишонаҳои диндориро ба сахтӣ ислоҳ мекунад. Таблиғоти исломгароён дар ин кишвар камтарин асару таъсир дорад.

Аммо дар Туркманистон давлат ҳаргуна нишонаҳои дигарандеширо, хоҳ маданӣ бошад ва хоҳ динӣ, решакан мекунад.

Дар Узбакистон бисёре аз исломгароёни фаъол, аз ҷумла тарафдорони “Ҳизбу-т-таҳрир” дар поёни солҳои 1990-ум зиндонӣ карда шуда буданд. Шавкат Мирзиёев ҳам умури кишварашро ба назму низом овардаву иқтисодро рушд медиҳад, ки исломгароёнро аз баҳонаву заминаҳои пуштибонии мардум маҳрум мекунанд.

Аммо дар Қирғизистон давлат бо ҳаргуна ҷунбишу равияҳои динӣ бархӯрде либералӣ дорад. Ҳатто созмоне чун “Ҷамоати таблиғ”, ки дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд мамнуъ шуда, дар Қирғизистон фаъолият дорад. Раҳбарони исломгаро дар ин кишвар метавонанд нақши мухолифони созандаро иҷро кунанд.

Вале дар Тоҷикистон давлат аз замони ҷанги солҳои 1992 – 1997 аз исломгароён нигарон буд. Нерӯмандтарин созмони мухолифи давлати Тоҷикистон – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳ теруристӣ эълом шуд ва раҳбараш муттаҳам ба ошӯби мусаллаҳона шудааст.

Аммо давлати Тоҷикистон ҳануз ҳам далеле барои нигарониҳояш дорад. Яке аз онҳо сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Нерӯи ошӯбнишони ВКД ҶТ аст, ки бо ДОИШ байъат карду ба Сурия гурехт ва ба симати “вазири ҷанг” мансуб шуда буд.

144
Мавзуъ
Даҳ кас дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт шуданд
Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст
Расонаҳо: Гулбиддин Ҳикматёр ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба Афғонистон мебарад