Раисҷумҳури Чин, акс аз бойгонӣ

Сӣ Ҷинпин то ҷовидон: раҳбари Чин иқтисоди Осиёи Марказиро дигаргун мекунад

422
(Таҷдидшуда 14:21 13.03.2018)
Ислоҳи Қонуни асосӣ барои раҳбари Чин имкон фароҳам мекунад, ки боз 10 соли дигар тарҳҳои бузурги фаромиллие чун "Роҳи нави абрешим"-ро шахсан мудирият ва назорат кунад

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин акнун метавонад то замоне, ки тавонашро дорад, бар он кишвар раёсат кунад.

Чунин ҳаққеро Маҷлиси миллии халқи Чин бо аксарияти кулли раъйҳо ба Сӣ Ҷинпин дода, ки дар охирин нишсташ бандеро ислоҳ кард, ки раёсат бар Ҷумҳурии Халқи Чинро барои ҳар раисе дар ду давра маҳдуд мекард.

Акнун раёсати Сӣ Ҷинпин, ки давраи кунунияш дар соли 2023 ба поён мерасад, барои ҳаддақалл 5 сол ва шояд ҳам бештар тамдид карда мешавад.

Sputnik Тоҷикистон дар ин бора бо чиншинос профессор Александр Ломанов, корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи Ховари Дури Фарҳангистони улуми Русия, суҳбат кард ва аз вай пурсид, ки ин ислоҳот дар Қонуни асосии Чин чи далеле дошта ва чаро ҷомеъаи чинӣ ҳеч мухолифате бо ин тасмимгирӣ надорад ва он чӣ пайомадҳое барои ҳамсояҳои Чин хоҳад дошт?

Қудрат дар як даст

Боёд ёдоварӣ кард, ки симати Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин пешинае дерина надорад ва онро дар соли 1982 раҳбари ислоҳгари чинӣ Ден Сяопин бунёд гузошта, ки Чинро локомотиви иқтисоди ҷаҳонӣ гардонда буд. Дар оғоз ва то чанд замоне ин симат бештар ташрифотӣ буд то мудириятӣ. Чунончӣ, худ Ден Сияопин, ки сарнавишти Чинро сохтааст, ҳаргиз раисҷумҳури Чин набудааст.

"Вай ин симатро ба ҳамраҳону ҳамандешонаш, куҳансарбозони ҳизби комунист вогузор карда буд, ки вазифаашон бештар ташрифотӣ ва диплроматӣ буд, чунончӣ, аз кишвар дар хориҷа намояндагӣ кунанд ва ё бо меҳмонони хориҷӣ дидор кунанд", — мегӯяд Александр Ломанов.

Вай афзуд, ки ҷойгоҳи ин симат дар солҳои 1990-ум рӯ ба дигаргунӣ ниҳод, ки Ҷиян Земин бо таъйиди хомӯшонаи Ден Сяопин оғоз ба қабзи қудрат дар як даст кард ва дар як замон ҳам дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Чин ва ҳам раиси Шурои низомии КМ ҲКЧ шуд.

Ҳамӯ буд, ки консепти "се намояндагӣ"-ро ташакул дод, ки бино бар он, ҳизби комунист на танҳо бояд ба раъйи коргарону кишоварзон гӯш медод, балки дидгоҳи "табақаҳои гуногуни ҷомеъа", аз ҷумла намояндагони буржуозиро низ дар назар мегирифт.

Ҳу Ҷинтао аз Ҷиян Земин пайравӣ кард ва аҳамият ва қудрати раиси Ҷумҳурии Халқи Чинро бештар аз пеш кард.

Акнун Сӣ Ҷинпин, ки бар аҳамияти сиёии ин симат бештар аз пешиниён афзуда, бар ин назар аст, ки муддати раёсати худро барои 10 соли дигар тамдид кунад. Ягона монеъа бар сари роҳи вай ҳамон моддаи Қонуни асосӣ буд, ки онро ҳам ислоҳ карданд.

Аз Мао то Ҷинтао

Баррасии имкони ислоҳи он модда аз дидгоҳи идеулужӣ дар поёни соли гузашта, пас аз баргузории нахустин ҷаласаи Анҷумани Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Чин оғоз шуд.

Инҷо ин суол ба миён меояд, ки чаро ҷомеъаи чинӣ ҳеч мухолифате бо қабзи қудрат дар дасти як сиёсатмадор накарда ва намекунад?

Дар ин маврид худ истидлоли мантиқии ислоҳи Қонуни асосӣ муҳим аст.

Сӣ Ҷинпин таъкид мекунад, ки берун аз чорчӯби муқаррарот пой наниҳодааст. Расм бар ин буда, ки ҳар дабири кулл ва ё раисҷумҳуре, ки 10 сол бар Чин ҳукумат карда, пас аз худ мероси идеулужике боз гузоштааст.

Рӯшан аст, ки манзур аз ин мерос осори бунёдгузори Ҷумҳурии халқи Чин Мао Зедун, идеяҳои ислоҳгаронаи Ден Сяопин, консепти "сн намояндагии" Ҷиян Земин, идеяҳои рушди илмии Ҳу Ҷинтао ва саранҷом андешаҳои Сӣ Ҷинпин аст.

Ин мерос дар Ойинномаи Ҳизби комунисти Чин сабт шуда ва бино бар расме, ки дар Чин ҷорӣ аст, бояд аз он дар Қонуни асосӣ ворид карда мешуд. Вале Қонуни асосии Чин аз замони ҳу Ҷинтао то кунун ислоҳ нашуда буд ва ҳамин маврид баҳонае шуд, ки Сӣ Ҷинпин на танҳо андешаҳои раҳбари пешинро, балки дидгоҳҳои худро низ дар Қонуни асосии кишвар бигунҷонад.

Ин жести намодин ҷойгоҳи Ҷинпинро устувортар кард ва, ба гуфти бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон, ӯро дар як рада бо Мао Зедун гузошт. Боре, ташбеҳи Сӣ Ҷинпин ба Мао Зедун дар воқеъ муболиғае беш нест.

"Ҳануз зуд аст ӯро бо Мао баробар кардан. Ман бар инам, ки вай дар торихи навини Чин севумин раҳбар – пас аз Мао Зедун ва ден Сяопин, аст, ки обрӯву эътибораш бисёр бузург аст", — мегӯяд Ломанов.

Ӯ мегӯяд, ки сиёсати раҳбари Чин дар даҳ соли гузашта ба андозае муваффақона буда, ки аксарияти ҷамъитяи Чин аз тамдиди муддати замони раёсати вай тарафдорӣ кунад.

Аз як сӯ, бархе аз чиниҳо дар интернет ба шӯхӣ ё ба ҷидд мегӯянд, ки Чин ба даврони имперотурӣ пас мегардад. Вале дар хориҷ аз кишвар бисёре аз мухолифин ва мудофеъони ҳуқуқи башар безорияшон аз тамдиди муддати раёсати Сӣ Ҷинпинро эълом мекунанд.

Аз дигар сӯ, Ҷинпин воқеъан ҷомеъаи Чинро бар асоси омехтае аз идеяҳои сусиёлизми нав ва меҳандӯстии чинӣ муттаҳид карда, ки ҳамеша муаассир будааст.

Ҷинпин дар кишвараш ҳамчун муборизи беамон бо фасод ва пуштибони адолати иҷтимоъӣ маъруф аст. Дар замони раёсати ӯ буд, ки раҳбарони ҳизбиро водор карданд зиндагии хоксоронатареро пеш гиранд. Акнун масъулини давлатӣ дигар "худ шоҳу табъаш вазир" нест, ки аз додгоҳу додгустарӣ дар амон бошад. Агар масъуле дуздӣ кунад ва ё ришва бистонад, ҳатман ба додгоҳ кашида ва шадидан муҷозот карда мешавад. Бисёре аз масъулини дузду фосид дар Чин эъдом шудаву мешаванд.

Афзун бар ин дастовардҳо, Сӣ Ҷинпин ба мардуми Чин ваъда дода, ки дар наздиктарин солҳо кишвараш дар миёни пешрафтарин кишварҳо низ пештоз хоҳад шуд. Аз чунин сиёсатҳо аст, ки раҳбари Чин дар дохил амалан мухолифе дар миёни тӯдаҳо надорад.

Роҳи нави абрешим

Тамдиди муддати раёсати Сӣ Ҷинпин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, бисёр муҳим аст. Танҳо ба ин далел, ки раҳбари Чин тарҳи "Як камарбанд – як роҳ"-ро пеш ниҳода аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Сӣ Ҷинпин тарҳи "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва тарҳи "Роҳи дарёии абрешими садаи XXI"-ро дар соли 2013 матраҳ карда буд. Ин "камарбанд" бояд бештари сарзамини Уросиёиро "бипечонад" ва "иқтисодҳои нави" кишварҳои Осиёи Марказиро дар як паҳна муттаҳид кунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин тарҳ нақши роҳи транзит аз Чин ба Урупоро доранд.

Акнун раҳбарии Чин тасмим гирифта, ки ин роҳро то поён биравад.

"Соли гузашта дар анҷумани Ҳизби комунисти Чин консепти "Як камарбанд – як роҳ"-ро дар ойинномаи ҲКЧ ворид карданд. Агар раҳбарони сиёсии Чин ин тарҳро чандон муҳим намешумурданд, ҳаргиз даст ба ин иқдом намезаданд. Аммо акнун иҷрои ин тарҳ яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар кадоме аз 80 милюн узви Ҳизби комунисти Чин шудааст", — тавзеҳ дод профессор Ломанов ба Sputnik Тоҷикистон.

Сӣ Ҷинпин барои иҷрои ин тарҳи бузург, ки саросари Уросиёро дар бар мегирад, 10 – 12 солро кам дошт, ки акнун ин фурсатро низ барояш фароҳам карданд.

422
Барчаспҳо:
раёсати якумра, парлумон, раисҷумҳур, Сӣ Ҷинпин, Тоҷикистон, Дар ҷаҳон
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль

Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

1715
(Таҷдидшуда 15:56 27.06.2020)
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аз ҳамон айём ба ин сӯ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Аммо бо гузашти 23 сол аз он тавофуқи таърихӣ ин интиқодҳо, бахусус аз сӯи ворисони мухолифини собиқ, садо медиҳанд, ки он созишнома амалӣ нашуда, ваҳдати миллӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, балки баръакс, ҳукумати Тоҷикистон мухолифини худро мағлуб карда, аҳдшиканӣ кардааст.

Оё дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст? Оё Созишномаи сулҳ пурра иҷро шуда буд? Муҳимтарин сабақи ҷанги дохилӣ чӣ буд? Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ва дигар суолҳоро Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшинос, яке аз шоҳидон ва муҳаққиқони раванди сулҳи тоҷикон Абдуллоҳи Раҳнамо ба миён гузошт.

- Биёед, аз саволи аз ҳама ҳассос сар кунем. Ба назари Шумо, имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст?

- Ҳаст. Ваҳдат, сулҳ, амният, субот ҳама ҳаст. Имрӯз ваҳдат ҳолати фарогир дорад. Инро дар ҳар хонадон ва дар хиёбони ҳар шаҳри кишвар дидан мумкин аст.

Дар бораи даъвои мухолифин оид ба шикасти аҳд

- Пас чаро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки аҳду ваҳдат шикаста шудааст? 

- Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст.

- Ба ҳар сурат, магар пояи ваҳдате, ки дар борааш имрӯз мегӯем, ҳамон Созишномаи сулҳ нест?

- Созишномаи сулҳ бисёр муҳим аст. Президент онро бисёр дақиқ бо худи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробар дониста, санади наҷоти дубораи кишвар хондаанд. Он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост ва нақши беназири таърихии худро дошт.

Аммо имрӯз чорчӯби фарогирии ваҳдат ва раванди таърихии миллатсозӣ Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумимиллист. Масалан, насле, ки ҳоло 40-сола аст, вақти имзои Созишномаи соли 1997 ҳамагӣ 17-сола буд, 30-солаҳо он вақт 7-сола буданд, 20-солаҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд. Яъне инҳо он вақт дар ҳеҷ тарафи ин ҷанг ё созишнома набуданд. Ё дар ин 23 сол даҳҳо ҳизбу ҳаркату ташкилоту мавқеъҳо ба вуҷуд омаданд, ки он вақт умуман вуҷуд надоштанд. Агар ҳоло ҳам дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нав ва ин нерӯҳои нав дар раванди ваҳдат дар куҷост? Чунин фаҳмиши шахшудаи ваҳдат аксарияти ҷомеаи имрӯзаро аз мафҳуми ваҳдат хориҷ нигоҳ медоранд. Ин амалгароёна ва воқеъбинона нест. Бинобар ин, ваҳдат акнун басе фаротар аз он чорчӯбҳост.

Умуман, то ҳоло ба қолабҳои он давра фикр кардан, дар банди ҳамон тақсимот мондан, худро яке аз тарафҳои ҷанг ё сулҳ тасаввур кардан дидгоҳест, ки ҳаргиз ба ваҳдати воқеӣ намебарад.

- Чун 27-уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳ аст, ин назарҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ин санад то охир иҷро нашудааст. Назари Шумо чист?

- Созишномаи сулҳ моҳиятан пурра дар амал татбиқ шудааст. Ҳамин сулҳу оромишу ваҳдате, ки имрӯз мебинем, мароми ниҳоии созишнома буд. Ахиран яке аз иштирокдорони тамоми раванди музокирот ва сулҳсозӣ, шахсияти муътадилу огоҳ устод Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи созишномаи сулҳ фармуданд, ки он дар амал пурра татбиқ шуд. Аммо агар ба таври мушаххас гӯем, созишномаи сулҳ ё умуман сулҳи тоҷикон аз чор бахши асосӣ иборат буд: масъалаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин.

Бахши ҳуқуқии созишнома пурра иҷро шуд ва соли 1999 матни нави конститутсия, ки бо иштироки ду тараф дар Комиссияи оштии миллӣ таҳия шуда буд, қабул гашт. Қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонуни ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Комиссияи оштии миллӣ аз нав таҳия шуд.

Бахши низомии созишнома низ амалан иҷро шуд. Ҳазорон нафар аз нерӯҳои низомии мухолифин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интергратсия шуданд ва ё ба ҳаёти мулкӣ гузаштанд. Бархе ҳоло ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукуматӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе ислоҳоти қонунгузорӣ ва ё бархӯрдҳои сиёсию низомӣ, ки даҳ-понздаҳ сол пас аз татбиқи созишнома рӯй доданд, омилҳои дигар дошта, ба масъалаи созишнома ва сулҳ марбут нестанд.

Бахши сеюми созишнома, яъне масъалаҳои муҳоҷирин бошад, аз ҳама беҳтар иҷро шуд. Ҳама оворагон ба ватан бозгардонда шуданд. Бо барномаҳои махсуси давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ хонаву дару деҳаҳояшон бозсозӣ шуд ва ғ.

Бахши сиёсӣ, ки асосан тақсими қудратро дар бар мегирифт, низ моҳиятан амалӣ шуд. Аммо маҳз ҳамин бахш бинобар сабабҳои объективӣ байни мухолифин баҳснок боқӣ монд.

Ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд.

- Воқеан, Шумо он замон дар Комиссияи оштии миллӣ будед ва мустақим таҳаввулотро назорат мекардед. Чаро мухолифин то имрӯз аз ин масъала гила доранд? Оё дар ҳаққашон воқеан ҷабр шудааст?

- Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд. Аммо барои таърих ва муҳаққиқон мешавад рӯшанӣ андохт, ки дар ҳақиқат масъалаи ба намояндагони ИНОТ вогузор намудани 30% аз вазифаҳои давлатӣ ҳассостарин баҳси он замон буд. Ба мушоҳидаи онвақтаи банда аз дохили раванд, се омил боис шуд, ки ин мавзӯъ баҳснок бимонад:

Сабаби якум, худи созишнома як санади бузурги сиёсӣ буд, аммо аз назари амалия баъзе пешбиниҳои хушбинона дошт. Масалан, дар он "давраи гузариш", яъне амалан давраи татбиқи созишнома, 18 моҳ аз рӯзи имзои созишнома пешбинӣ мешуд. Дар поёни он бояд интихоботи парлумонӣ доир мегашту аз назари ҳуқуқӣ вазъият оддӣ мешуд. Баъд аз он ҳеҷ меъёре пешбинӣ намешуд, ки намояндагони собиқ мухолифин дар вазифаҳо бимонанд. Яъне пас аз ин марҳилаи гузариш ва интихобот, ҳукумат аз назари созишнома ва қонунӣ вазифадор набуд, ки онҳоро дар вазифаҳо ҳифз кунад. Механизм дуруст буд, аммо шояд аз хушбинӣ барои татбиқи чунин раванди мураккаб чунин давраи кӯтоҳ пешбинӣ шуда буд.

Ёд дорам, ки баъзе роҳбарони мухолифин, аз ҷумла раиси ҳайати музокиротии ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пешниҳод доштанд, ки "давраи гузариш" фақат пас аз пурра таъйин шудани намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои давлатӣ оғоз шавад. Аммо ин вариант нагузашта буд. 

Дуюм, дар масъалаи интихоби номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ байни худи мухолифин ихтилофи бисёр сахт пеш омад. Хусусан дар заминаи маҳалгароӣ ва зурозмоии қумондонҳо. Онҳо барои тақсими вазифаҳо моҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд ва билохира, "давраи гузариш" тамом шуду шояд бахше аз ин тақсимот дар сатҳҳои миёна ва ё поин боқӣ монд. Илова бар ин, баъзе номзадҳои пешниҳодии мухолифин салоҳияти ин вазифаҳоро надоштанд ва гаштаву баргашта иваз мешуданд.

Сеюм, дар айни замон, он вақт қабули онҳо дар таркиби ҳукумат кори содда набуд. Президенти кишвар борҳо ишора намуданд, ки қонеъ намудани баъзе ҳамсафон ба чунин ҷасорати сиёсӣ осон набуд. Дар он марҳила барои кафилони асосии байналхалқӣ низ худи хатми ҷанг, барқарории сулҳ ва минтақавӣ нашудани буҳрон муҳимтар буд, на баҳсҳои баъдии дарунтоҷикӣ барои тақсими вазифаҳо.

Ин буд, ки ҳамин бахши "тақсими вазифаҳо" дар муҳити мухолифин то охир баҳснок монд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто пас аз тамом шудани "давраи гузариш" низ аксари намояндагони таъйиншудаи мухолифин то солҳои зиёд, баъзеашон ҳатто то 6-7 соли дигар дар вазифаҳои давлатӣ боқӣ монданд. Ин дигар талаботи созишномаи сулҳ набуд, балки фаротар аз созишнома, назари ваҳдатсози худи роҳбари давлат буд.

Аммо тавре гуфтам, ин як шарҳ барои таърих буд. Зеро баҳси "тақсими вазифаҳо" дар муқоиса бо куллияти созишномаи сулҳ мавзӯи асосӣ набуд. Илова бар ин, дар маҷмуи санадҳои Созишномаи сулҳ пойбандии ҷонибҳо ба як силсила ормонҳо ва арзишҳои олии ахлоқию миллию сиёсию давлатдорӣ таъкид мешуд, ки ёдоварии он хеле муҳимтар аз масъалаҳои мушаххаси ҷузъӣ мебуд.

Пас, агар аз диди манфиатҳои давлату миллат баҳо диҳем, созишомаи сулҳ иҷро шуд, сулҳ ба воқеият табдил гашт, он имрӯз ҳам чун воқеияти инкорнашаванда ҷараён дорад. Ваҳдат низ чун раванди фарогири аксарият дар ҷараён аст. Аз ин рӯ, аз инсоф нест, агар касе бигӯяд, ки чун имрӯз ман дар ин раванд нестам, ваҳдат ҳам нест. Меъёр аксарият аст, миллат аст, воқеият аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст?

- Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.

Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ.

Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд…

- Сулҳи тоҷикон натиҷаи чор соли музокира ва ду соли кори КОМ буд. Дар бораи арзиши ин музокирот имрӯз чӣ нуктаи муҳим гуфтан мумкин аст?

- Музокироти сулҳи тоҷикон як мактаби бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ буд. Дар он тамоми минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳм дошт. Ҳар касе, ки дар раванди ҷанг саҳим буд, дар раванди сулҳ ҳам шомил буд. Албатта, он ҷо пинҳонӣ ва ин ҷо ошкоро. Ин музокирот саҳнаи соиши манфиатҳои гуногун буд.

Аммо дар муносибати байни худи тоҷикон дипломатия ва бозӣ бисёр набуд. Дар он рӯҳияи тоҷикӣ бештар таъсиргузор буд. Шухӣ ҳам буд, латифа, шеър, мавъиза, мусобиқа, қаҳр, дашном, киноя, гузашт, ҳамтабақӣ, оғӯш ҳама чиз буд. Дар музокироти байни тоҷикон умумиятҳои тоҷикӣ ва дарки ин умумиятҳо аз сӯи тарафҳо бар ихтилофи сиёсӣ ғалаба кард. Бунёди сулҳи тоҷикон ҳамин дарк буд. Ҳама дарёфтанд, ки як чизанд, одаманд, тоҷиканд. Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд.

Муносибати сарвари давлат бо роҳбари мухолифин ба як дустӣ табдил шуда буд. Президент ҳатто дар вақти бемории ӯ ба хонааш хабаргирӣ омада, табобати ӯро дар хориҷа супориш карда буд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мо бояд ҳамеша умумиятҳои инсонӣ, имонӣ ва миллии тоҷикии худро ҳифз кунем. Ин хатти сурх аст, нуктаи пайванд аст, модари муштарак аст, умумияти наҷотбахш аст.

- Аммо фикр намекунед, ки солҳои охир таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон камранг шудааст?

- Бале. Бисёр муҳим аст, ки ин таҷриба дар сатҳи шоиста омӯхта шавад. Он  ҳатто метавонист яке аз ифтихорҳои ва брендҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис гардад, ки ҳам омӯхтан ва ба назария табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҳам нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро анҷом диҳад. Шахсан банда ба ин мавзӯъ ба ҳадде аҳаммият қоилам, ки орзу дорам, чунин марказ таъсис дода, тамоми умрамро ба омӯзишу таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ сарф намоям.

- Дар ниҳоят, баназари Шумо, пас аз ин қадар солҳо, муҳимтарин дарси ҷанги дохилӣ чи буд?

- Сабақҳо бисёранд. Аммо муҳимтарин сабақи ҷанги дохилии мо ин аст, ки ҳеҷ идея, ҳеҷ манфиат, дидгоҳ, ҳизб ё идеология арзиши онро надорад, ки суботро бишканем, ватанро вайрон кунем, миллатро пароканда кунем ва давлатро аз даст диҳем. Ҳама чиз, ҳама тарҳу ормон фақат дар фазои давлат, ваҳдат ва амният маъно пайдо мекунад. Бинобар ин,  имрӯз, бо пеши рӯй доштани он сабақи бузург, ҳама гуна даъват ба бесуботӣ ва низоъ бемсаъулиятӣ дар баробари ин кишвар ва ин мардуми ранҷдида мебуд. Пас бояд дигар ҳаргиз ба фитнаву тафриқа дода нашавем. Сабақи асосӣ ҳамин аст.

1715
Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷанги шаҳрвандӣ, Русия, Созишномаи сулҳ, оппозитсиюни тоҷик, Ҳукумат, ҲНИТ, ИНОТ, "Ваҳдат", Тоҷикистон
Андрей Казанцев

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

884
(Таҷдидшуда 09:01 27.06.2020)
Директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Казантсев пешниҳоди роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба гуфти Андрей Казантсев,  як қатор сабабҳои барқарор шудани парвозҳо байни Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ ҳангоми пандемия вуҷуд доранд.

"Аввал-робитаҳои наздики муҳоҷират, инчунин робитаҳои оилавии одамони зиёд. Дуюм- вазъи эпидемикӣ, ки дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳам наздик аст. Сабаби саввум робитаҳои таърихӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Казантсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, кишварҳои ИДМ омодаанд, ки робитаҳои ҳавоӣ бо Русияро боз кунанд. Аммо, тавре ки коршинос қайд кард, вазъ дуҷониба аст.

"Афзоиши гардиши ҳавоӣ ба паҳншавии сироят мусоидат мекунад, аммо аз тарафи дигар зарари иқтисодӣ ба ҳадди ақалл кам хоҳад шуд", - хулоса кард коршинос.

Қаблан роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ба ҳукумати Русия нақшаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалиро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ, он бояд аз кишварҳои ИДМ оғоз ёбад.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Тавсия дода мешавад, ки парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи дур, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар алоҳидагӣ барқарор карда шаванд.

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Гуфта мешавад, мактуби дахлдор ба Роспотребнадзор ва инчунин ба дафтари муовини сарвазир Татяна Голикова фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ баррасӣ шуда истодааст, аммо қарорҳои ниҳоӣ бо назардошти мувофиқа бо дигар давлатҳо қабул хоҳанд шуд.

884
День 13 июля

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 12.07.2020)
Рӯзи сенздаҳуми июл дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ мебошад

Рӯзи 13 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА  ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулло Субҳон (1955)- шоир.

Басир Расо (1931-2011) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мўсо Вализода (1937)- шоир.

Қаро Зокиров (1929)- рассом, ҳайкалтарош.

Амонулло Каромов (1970)- актёри театр.

Фотима Куинова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бақо Содиқов (1941) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Собир Хоҷаев (1928 – 2009) – мутарҷим.

Самеъҷон Шодиев (1919-1994)- арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти ТоҷикистонАзиз Эргашев (1922- 1997)- арбоби ҷамиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ямилов (1934) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)- сароянда.

Равшан Баротов (1972)- оҳангсоз.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон