Кӯдакони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Аз бозӣ то хондани Қуръон: муҳоҷирони тоҷик чигуна фарзанд тарбия кунанд?

248
(Таҷдидшуда 18:03 08.05.2018)
Равоншиносон, тарбиядиҳандагон ва омӯзгорон ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ машварат доданд, ки чигуна фарзандони худро дар шароити шаҳри бузург тарбия кунанд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik, Илона Ярош. Кӯчидан барои муҳоҷир доим мушкил аст. Иваз кардани макони зист ташвишу душвориҳои зиёде ба бор меорад ва ин гоҳо сабаб мешавад, ки сокини нави Маскав баъзе чизҳои муҳимро фаромуш кунад. 

Бисёр мушкил аст ва на ҳар муҳоҷир аз Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба осонӣ дар Маскав одат кунад ва кӯдакашро бо шароити нав одат кунонад. Созмони байналмиллалии занон "Оиша" тасмим гирифтааст ба муҳоҷирони Тоҷикистону дигар кишварҳои ҳамсуд кумак кунад. Ин созмон дар Маскав мизи гирд ташкил кард, ки дар он занони мусалмон масалаи тарбия ва одат кардани кӯдакони муҳоҷирро баррасӣ карданд.   

Дар бораи дин фаромӯш накунед

Дар ин ҳамоиш даҳҳо зан ҷамъ омада буданд: равоншиносон, омӯзгорон, тарбядиҳандагон ва умуман ҳар зане, ки мехост ба суолҳои муҳими тарбияи кӯдак ҷавоб бигирад. Аксари занҳо бо кӯдакони худ омада буданд.

Мизи гирдро меҳмони муҳим — Одинахон Муҳаммад Юсуф духтари фақеҳи шинохтаи узбак шайх Муҳаммад Содиқ, ифтитоҳ кард.

Зимни суханронии худ ӯ дар бораи яке аз вазифаҳои муҳими зан дар ислом, яъне тарбияи фарзанд бар такия ба одату анъанаҳои исломӣ таъкид кард.

Ӯ ба иштирокчиёни маҷлис маслиҳат дод, ки новобаста аз тағйиротҳо дар зиндагӣ, ба монанди кӯчидан ба ҷойи зисти дигар, онҳо набояд вазифаи худро ҳамчун модар фаромуш кунанд. Вай ба иштирокчиён маслиҳат дод, ки ҳамеша ба дин такия кунанд, ва дар ёд дошта бошанд, ки ҷанбаи моддӣ дар зиндагии кӯдак муҳим нест.   

Илова бар ин, Одинахон Муҳаммад Юсуф даъват кард, ки бо гаджету технологияҳои муосир эҳтиёткорона рафтор кунанд. Инчунин ба гуфти вай маълумоте, ки аз интернет меояд бояд аз сӯи волидайн назорат шавад ва ба кӯдак иҷозат дода нашавад вақти зиёди худро бо бозии телефон масраф кунад.  

Гаджетҳоро канор гузоред

Мавзӯи гаджет дар ин рӯз чандин бор ишора шуд. Ин мавзӯъ на танҳо барои муҳоҷирони тоҷик, дарднок будааст, балки барои ҳар волидайне, ки фарзанди худро тарбия мекунад. 

Мутахассиси "Иттиҳоди равоншиносони исломӣ" Наталия Бариева ҷиддан тавсия медиҳад, ки телефонҳоро ҳадди ақал он замоне, ки волидайн  дар назди фарзанди худ ҳаст, канор гузоранд, ва ин лаҳзаро ба фарзанди худ гузаронанд.   

"Ман ҳафтае як бор бо духтарам вомехӯраму сайругашт мекунам. ҳангоми сайругашт мо аз телефоне, ки моро нороҳат мекунад, истифода намекунем. Мо суҳбат мекунем ва хабарҳои муҳими якдигарро мешунавем. Дар миён набояд шахси севум набошад" — мегуяд равоншинос.

Маълум аст, ки технология пеш меравад ва кӯдаконро комилан аз телефону гаджет "ҷудо кардан" ғайри имкон аст. Ғайр аз мисоли худ (вақти суҳбат бо фарзанди худ аз телефон истифода намекунед), равоншиносони тамоми дунё чанд маҳдудияти дигарро тавсия медиҳанд:

—  Ҷудо кардани вақти муайян барои истифодаи компютер, телефон ё планшет. Фаҳмондан ба кӯдак, ки дар як рӯз чанд соат метавонад аз гаджет истифода кунад ва ба ӯ қатъиян "на" гуфтан.

—  Насб кардани рамзи махфӣ дар барномаҳое, ки ба кӯдак зарар мерасонад. Дар ҳамин ҳол дар гаджет метавон танҳо барномаҳои омӯзишӣ насб карду халос.  

Дину илмро бо бозӣ фаҳмонед

Мутахассисони "Иттиҳодияи равоншиносони исломӣ" дар баробари канор гузоштани телефон машварат медиҳанд, ки волидайн бояд он вақтро ба суди фарзанд гузаронад.

Ҳангоми сайру гашт бо фарзанд, метавон ӯро бо падидаҳои табиӣ ошно сохт. Метавонед ба ӯ дар бораи пайдоиши замин ва гирду атрофи мо маълумот дод. Ҳамин тавр шумо ба кӯдаки худ шавқ ба илмомӯзиро бедор мекунед. 

"Мо ҳама вақт ба фарзандони худ мегӯем "ту бояд инро биомӯзӣ!". Албатта замоне мешавад, ки ӯ метавонад ба шумо ҷавоб бидиҳад: "Ман ҳеҷ ӯҳдадор нестам, ман намехоҳам". Ман тарафдори афкори интиқодӣ ва рушди фаҳмиш мебошам. Мо имрӯз ба кӯдак ҷаҳономӯзӣ намекунем", —мегӯяд Бариева.

Ба гуфти мутахассис, ҳоло кӯдакон суҳбату рафиқ шуданро фаромуш кардаанд. Баъзан онҳо дар як мактаб таҳсил мекунанд, вале ба ҳамдигар ва атроф аҳҳамият намедаҳнд. 

"Мо бояд аз хурдӣ ба кӯдакон фаҳмонем, ки хуб чӣ асту бад чӣ. Бо сабаби кам гап задан аксари кӯдакон қоидаи-ман мебинам — ман метавонам арзёбӣ кунам" — ро фаромӯш кардаанд, шарҳ медиҳад равоншинос.

Бо кӯдакон бихонед

Ҳар фарди мусалмон мехоҳад, ки фарзандаш китоби Қуръонро хонда тавонад. Муҳим он аст ки ин раванд ба таври механикӣ сурат нагираду бо дарки амиқи маъно бошад.

Наталия Бариева мегуяд, ки фаҳмиши Қуръон бидуни таҳкурсии зарурӣ ба монанди адабиёти классикӣ ва илмӣ, комилан ғайри имкон аст. Кӯдакро бояд аз хурдӣ ба хондани китоб одат кунонд. Онҳоро ба хондани китоб метавон масалан бо роҳи мусобиқа шавқманд кард.   

"Бидуни таҳкурсӣ кӯдак наметавонад Қуръонро фаҳмад ва таҳлил кунад. Ман духтарамро ба хондани китоб чунин ҳавасманд кардам: ӯ китоби дилхоҳашро меоварду онро бо овози  баланд мехонд, лаҳзае мешуд, ки ман китобро аз дасташ гирифта давомашро мехондам. Мо шом мусобиқа мекардем, кӣ бештар мехонад" — пешниҳод мекунад мутахассисис.

Равоншинос таъкид мекунад, ки ҳамин гуна метавон бо як тир ду нахчирро шикор кард: муҳаббати китобхони дар дили онҳо абадан мемонад ва мавзӯи муштарак барои суҳбат байни кӯдаку волидайн низ пайдо мешавад. Эҳтимол ҳатто ҷойи дустдоштаи фарзанди шумо, дӯкони китобфурушӣ шавад.

Меҳнат карданро ба онҳо омӯзед    

Равоншиносони исломӣ ба иштибоҳҳои хоси волидайн таъкид мекунанд: ҷазо додани кӯдак ва маҷбур кардани онҳо барои анҷом додани корҳои хона.

"Вақте, кӯдаки шумо гуноҳ мекунад шумо ба ӯ чӣ мегӯед: бирав зарфҳоро бишуй ё партовҳоро парто. Шумо фикр мекунед, кӯдакро ба кор ҳавасманд мекунед ё баръакс?" — суол медиҳад равоншинос.

Вай ба волидайн машварат медиҳад, ки назарашонро дар ин масъала дигар кунанд ва корро ҳамчун ҷазои кӯдак набинанд. Кор бояд хушӣ биёрад.

"Шумо медонед барои чӣ фарзандонатонро таваллуд кардед? Чанд сабаб аст: Барои он ки чунин шуд; давом додани насл; то соҳиби ҷоизаи Нобел гардад. Шумо тассавур мекунед, ки фарзанди худро баъди 20 сол чӣ гуна мебинед. Дар ёд бигиред танҳо волидайн роҳбалади фарзандон то натиҷаи охир мешаванд" — афзуд Бариева. 

Аз ӯҳдааш баромадӣ —ба дигарон кӯмак кун

Мутахассисон бори дигар аз мушкили одат кардани муҳоҷир ҳангоми кӯчидан ба шаҳри бузург ёдрас мешаванд. 

Вақте, ки муҳоҷир ба фазои фарҳангии нав ворид мешавад, ӯ аввал аз имкониятҳои нав хурсанд мешвад. Баъд рӯҳияаш пасту рӯҳафтода мешавад. Сипас ба нуқтаи охир, шоки фарҳангӣ мерасад. Равоншиносон мавҷуд будани чанд намуди шокро шарҳ медиҳанд: ба худ эътимод надоштан, ҳасрати ватан хурдан, хоҳиши танҳо будан, мондагӣ, майли кор надоштан.     

Курсҳои махсус ва одамони таълимгирифта имрӯз омода ҳастанд ба муҳоҷирони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо барои одат кардани онҳо дар ҷойи нав зист кумак расонанд. Ҳамоиш нишон дод, ки муҳоҷирон худашон барои гирифтани маълумот дар ҷойи нав кушиш мекунанд. Муҳим он аст, ки ба як дигар кӯмак расонем. Инҷо сухан на танҳо дар бораи кӯдакон меравад…

248
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия