Эмомалӣ Раҳмон дар Роғун. Акс аз бойгонӣ

Роғун, таваррум, муҳоҷирон: соли 2019 иқтисоди Тоҷикистон чигуна мешавад

497
(Таҷдидшуда 12:25 19.05.2018)
Пас аз як сол иқтисоди Тоҷикистон бо мушкилоти куҳна вале шартҳои нав рӯ ба рӯ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik, Рубен Гарсия. Ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун ва интиқоли пулии муҳоҷирон ба хазинаи Тоҷикистон дар соли 2019 кумак хоҳад кард. Дар баробари ин зиёдшавии сатҳи таваррум ва қарзҳои берунаи Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар хатари зиёд дорад.  

Чунин хулосаро мутахассисони Бонки осиёии рушд (БОР), дар ҳисоботи интишоршуда дар бораи дурнамои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ  кардаанд.

Миёни ҳодисаҳои мусбати Тоҷикистон дар соли гузашта, мутахасисони БОР рушди андаки иқтисод, камшудани воридоту зиёдшавии содиротро номбар кардаанд.

Дар баробари ин, коршиносон ба бо суръат беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон аҳамияти хос медиҳанд. Бо вуҷуди сиёсати пулию қарзии сахт аз соли 2016 то 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз 6,1% ба 6,7% зиёд шудааст.

Пас аз он нархи маводи ғизоӣ (7,7%), маҳсулоти истеъмоли ҳаррӯза (4,4%) ва хизматрасониҳо (7,5%) боло рафтанд.

Барои поин овардани сатҳи таваррум Бонки милии Тоҷикистон назорати асъори хориҷиро сахт кард. Ҳамин тавр Бонки миллӣ талаб кард, ки интиқоли пулӣ бо рубли русӣ ба сомонӣ мубодила шавад.

Инчунин, моҳи феврали соли 2017 Бонки миллӣ, эълон карда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ бояд суратҳисобҳои хориҷии худро қайд намоянд.

Вале дар баробари "қамчин" яъне сахт кардани сиёсати пулӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар бораи кулчақанд низ фаромӯш накард. Бонки миллӣ дар дохили кишвар хариду фурӯши тиллоро сабуктар кард. Ин иқдом натиҷаҳои хуб нишон дод. Қурби мубодилавӣ устувор шуд ва ҳиссаи амонатҳо бо асъори хориҷӣ кам шуд. 

Мушкилоти дигар барои ҳукумати Тоҷикистон қарзи беруна будааст. Аз як тараф, ҷойгир намудани евробондҳо ба маблағи 500 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон имкони воридшавии сармояро дод. Аз сӯи дигар қарзи берунаи Тоҷикистон дар як сол аз 32 то 40% афзоиш ёфт. 

Дар ҳамин ҳол, коршиносони Бонки Осиёии рушд таъкид мекунанд, соли 2019 иқтисоди Тоҷикистон беҳбудиҳо нишон хоҳад дод. 

Ин бевосита ба барномаи инфрасохтории муҳим-НБО Роғун вобастагӣ дорад.

Агар сохтмони Роғун тибқи нақша идома ёбад, нирӯгоҳ то охири сол ба кор шурӯъ хоҳад кард. Сохтмони Роғун ба ҳукумат имконият медиҳад на танҳо мардуми худро бо барқи арзон таъмин намояд, балки хазинаи давлатро аз рӯи содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя пур намояд.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун. акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ифтитоҳи лулаи газ Туркаманистону Чин дар қисмати Тоҷикистон маблағи иловагӣ ба буҷет ворид хоҳад кард.

Ҳамчунин БОР рушди андаки иқтисод дар соли 2019-ро аз ҳисоби даромади тавлидот ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва зиёдшавии интиқолҳои пулӣ, пешгӯӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ сиёсати пулии Тоҷикистон ба поин овардани сатҳи таваррум ва рушди иқтисод равона хоҳад шуд.

Интиқолҳои пулии муҳоҷирон, Тоҷикистонро ба мушкилоти дигар ба монанди рафтани аҳолии коргар ба хориҷ аз кишвар рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Дар ҳисоботи БОР таъкид шудааст, ки бино бар рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон дар 20 соли ахир, дар ин кишвар ҷойҳои кории кофӣ ташкил нашудааст. Солона аҳолии коргари Тоҷикистон 3% зиёд мешаваду аммо теъдоди ҷойҳои корӣ ҳамаги 0.7%.

Тавлидоти саноатиро танҳо мутахассисони ҷавон метавонанд рушд бидиҳанд, аммо онҳо солҳои сол аст, ки ба фоидаи иқтисоди дигар кишвар кор мекунанд, чунки дар Тоҷикистон барои онҳо кор пайдо намешавад.

Бадӣ дар он аст, ки Тоҷикистон автоматӣ аз беҳбудии молиявии кишварҳои ҳамсоя вобаста мешавад. Фарз кардем агар дар Русия ё Қазоқистон поинравии иқтисод мушоҳида шавад, муҳоҷирон низ пули кам кор мекунанду ба ватанашон пули кам равон мекунанд. Ҳамин тариқ муҳоҷирони меҳнатӣ ММД Тоҷикистонро, ки 30% аз интиқоли пулӣ вобастааст, кам хоҳанд кард. 

Чунин ҳолат ҳангоми бӯҳрони молиявии Русия солҳои 2008 ва 2014 мушоҳида шуда буд. Ин ҳолат ба сабаби ворид намудани таҳримҳои Амрико зидди Русия метавонад такрор шавад.

Ғайр аз ҳал намудани мушкилотҳои мавҷуда — рушди саноат ва савдои байналмилалӣ мутахассисони БОР тавсеа медиҳанд, ки Стратегияи милли рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро риоя намояд. Дар стратегияи мазкур таъмини аҳолӣ бо кор, яке аз мақсадҳои асосии давлат дониста мешавад ва ҳама сола теъдоди ҷойҳои корӣ бояд то 100 000 зиёд шавад.

497
Барчаспҳо:
иқтисод, Бонки миллии Қазоқистон, СБП, Тоҷикистон
Главный корпус больницы Истиклол

Поёнравӣ ё оромии қабл аз тӯфон: дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ хабар аст?

1690
(Таҷдидшуда 02:25 25.05.2020)
Маҷмӯаи иттилооти дасти аввал аз шифохонаҳо нишон медиҳад, ки шуюъи “вируси корона” дар Тоҷикистон сайри нузулӣ дорад. Аммо мутахассисин мегӯянд, барои кафкӯбӣ кардан ҳанӯз вақт ҳаст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Масъулини дасти кам 10 шифохонаи шаҳру навоҳӣ ва вилоят ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки теъдоди маризон рӯ ба коҳиш оварда, утоқҳои табобатӣ холӣ мешаванд.

Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, 23 май, вазири тандурустӣ ба вилояти Хатлон сафар дошт, то бо вазъ дар маҳалҳо ошно шавад.

Вай афзуд, бино ба иттилое, ки сардухтурон дар ихтиёри вазир гузоштанд, тайи рӯзҳои ахир теъдоди назарраси маризон шифо ёфта, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

“Масалан, дар шифохонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ чор мариз бистарӣ буданд. Ҳамин гуна вазъ дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар, маркази вилоят низ мушоҳида шуд. Дар умум аз садҳо нафаре, ки тайи 20 рӯзи ахир дар шифохонаҳои ин вилоят таҳти тадовии табибон буданд, ҳудуди 200 нафар боқӣ мондаанд. Инҳо ҳам ба зудӣ рухсат хоҳанд шуд”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустӣ, дирӯз аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе дар умум 500 нафар, ки бо маризиҳои мухталиф, аз ҷумла “вируси корона” ва “пневмония” бистарӣ буданд, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар корпуси 2 – и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон - "Шифобахш", маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, ҳамагӣ 4 мариз бистарӣ буданд ва дар корпусҳои 4, 6, 8 ва кардиологияи ин марказ, ки тақрибан 500 нафар табобат мегирифтанд, се рӯз ба ин сӯ касе бистарӣ нашуда, теъдоди онҳое, ки таҳти назоратанд, аз 100 поён шудааст.

Бино ба манобеъи мо, бештари маризон ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” муроҷиат мекунанд ва он ҷо низ теъдоди муроҷеин аз садҳо нафари даҳаҳои аввалу дуюми моҳи равон ба 20 – 30 нафар коҳиш ёфта, рӯзщои ахир то 30 - 40 нафар аз шифохона рухсат мешаванд.

Омори мудҳиш: шумори гирифторини COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Вазъи ҳамсон дар Шифохонаи маризиҳои сироятӣ ва ҳам Маркази гастроэнтрологияи Душанбе низ мушоҳида мешавад. Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳуриро низ рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ кард.

“Хушбахтона, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қиёс бо дигар вилоёт садамаи камтар расида, ҳоло теъдоди маризон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Иттилое, ки аз Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар ихтиёри мо гузошта мешавад, низ аз поёни омадани мавориди сироят ва фавт ривоят мекунад”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Ду – се рӯз пас

Вилояти Суғд, ки дар баробари пойтахт – Душанбе дуввумин нуқтаи доғи шуюъи “вируси корона” ба ҳисоб мерафт, низ ҳоло шоҳиди беҳбуди вазъ аст.

Ҳанӯз 20 май хабаргузории “Ховар” аз коҳиши муроҷиати маризон ва тадриҷан холӣ шудани шифохонаҳо дар ин вилоят хабар дода буд. Яке аз минтақаҳои доғ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, дирӯз 24 май, охирин гирифторонро рухсат намудааст.

Вазъ дар Хуҷанду Истаравшан, шаҳрҳое, ки мавориди бештари гирифторӣ ба “вируси корона” ва “пневмония” – ро таҷриба кардаанд, низ аз ҳамин қарор аст.

Як манбаъ дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, ки бори аслии табобати маризони вазнинро мекашид, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, то чанд рӯзи дигар ин шифохона холӣ хоҳад шуд.

Нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд: сабаби марги раиси Тоҷикобод муйаян шуд

Нигора Наимҷонова, муовини раиси Истаравшан як рӯзи қабл, 24 май, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Шифохонаи марказии шаҳр ҳудуди 30 нафар табобат мегиранд.

“Муроҷеъин кам шудаанд ва умедворем, ки то ду – се рӯзи дигар тамоми маризон рухсат шаванд. Аз сӯи дигар, онҳоеро, ки ҳолати сабуку миёна доранд, тариқи гаштҳои хонагӣ ошкор намуда, духтуронро масъули нигоҳубини онҳо кардаем”, - гуфт Нигора Наимҷонова.

Иттилоъе аз ин қабилро дар Шифохонаи марказӣ ва Маркази физиотерпевтии воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шоҳиди аввалин мавориди расонаишудаи маргумирҳо аз “пневмония” буданд, низ дар ихтиёри мо гузоштанд. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 18 ноҳияи вилоят ҳудуди 400 нафар таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

“Ҳолати аксарияти кул рӯ ба беҳбудӣ оварда, мавориди вазнин хеле кам шудаанд. Теъдоди фавт низ сахт коҳиш ёфта, ин умедворӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба ҳамин қарибӣ вилоят аз ин вабо озод шавад”, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

“Мавҷи дуюм”

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо коҳиши муроҷиати маризон ба шифохонаҳои Тоҷикистонро ҳанӯз анҷоми ин набарди пур аз талафот бо “вируси корона” намебинанд.

Ба қавли онҳо, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки сайри нузулӣ ё коҳиши мавориди гирифторӣ ҳанӯз комилан аз миён рафтани “вируси корона” буда наметавонад. “Эҳтимол дорад, ки ба истилоҳ, “мавҷи дуюм” моро дар пеш бошад.

Аз ин хотир, мардум набояд фирефтаи ахбори хуш шаванд, балки ҳамоно аз эҳтиёт кор гиранд, пойбанди қавонини беҳдоштиву гигиенаи шахсӣ ва дар хона бимонанд.

Агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, тақрибан 20 рӯзи дигар зарур аст, то бигӯем, ки кор тамом шуд ва итминони хотир пайдо кунем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, оморе, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24 май нашр кард, ҳикоят аз коҳиши ками мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” мекунад.

Роҳандозии озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хуҷанд барои муайян кардани коронавирус

Бино ба ин манбаъ, аз соати 17 – и рӯзи 22 ба ҳамин соати 23 май дар кишвар 191 (рӯзи қабл 187) ҳолати нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда, теъдоди умумии ибтило ба 2929 маврид расидааст. Масъулин мегӯянд, ин натиҷаи санҷиш ё тестҳоест, ки як ҳафтаи қабл гирифта, ҳоло таъйид шудаанд ва ин бозгӯи вазъи рӯзҳои ахир нест.

1690
Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани

Верхотуров: Созиши Ғанӣ ва Абдуллоҳ мавқеи тоҷиконро дар Афғонистон заиф хоҳад кард

578
(Таҷдидшуда 02:43 19.05.2020)
Дмитрий Верхотуров, сиёсатшинос, шарқшинос, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир гуфт, ки созишномаи байни Ғанӣ ва Абдуллоҳ ба мавқеи Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Собиқ раҳбари ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Президент Ашраф Ғанӣ созишномаи тақсими қудратро имзо карданд.

Шартнома вазифаҳои иҷроияи Абдуллоҳ Абдуллоро дарбар мегирад. Инчунин, собиқ раҳбари ҳукумати иҷроия Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро роҳбарӣ мекунад.

"Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ на аз номи худ, балки ӯ ҳамчун як намояндаи қавми бонуфузи тоҷикон дар ҷомеаи афғонистон сухан мекунад. Ин созишнома на танҳо байни Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҳамчун сиёсатмадор, балки созишномаи миёни ҷамоаҳо аст",- гуфт Верхотуров ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, лаҳзаҳое муноқиша рух дод, ки Абдуллоҳ воқеан қудрати худро аз даст дод, аммо акнун онҳо зоҳиран ба мувофиқа расиданд.

"Музокироти Афғонистон ҳамеша мураккаб ва бисёрсатҳа аст. Ҳангоми ба миён омадани муноқиша ҳамеша миёнаравони эътимодноке ҳастанд, ки ҷараёни мубодилаи афкорро ташкил мекунанд",- қайд кард, шарқшинос. 

Ба ақидаи ӯ, Афғонистон паштунитар мешавад, ҳарчанд аз нуқтаи назари сохтори худи Афғонистон, ин чандон хуб нест, зеро мавқеи тоҷикон дар мақомоти давлатӣ эҳтимол заифтар шавад.

Коршинос қайд кард, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ сиёсатмадори хеле ботаҷриба аст ва ӯ танҳо яке аз асосгузорони низоми муосири сиёсии Афғонистон аст ва аз ин рӯ хуб медонад, ки он чӣ гуна ташкил карда шудааст.

"Вай тавонист як хатти музокиротро бунёд кунад ва мақоми олии шоистаро ба даст орад. Мавқеи раиси Шӯрои олии сулҳ салоҳият ва вазофии дақиқро пешбинӣ намекунад, аммо ин вазифаи ифтихорӣ аст",- илова кард Верхотуров.

Ба гуфтаи коршинос, Абдуллоҳ бо гурӯҳҳои мухталиф на танҳо бо пешвоёни воломақоми Толибон, балки бо фармондеҳони саҳроӣ низ мулоқот хоҳад кард.

578
Барчаспҳо:
сулҳ, созишнома, Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ
Город Вахдат. Архивное фото

Даргузашти 14 нафар дар Ваҳдат ва вазъи аз "корона" вазнинтари муҳоҷирини афғонистонӣ

0
14 муҳоҷири афғонистонӣ аз илтиҳоби шуш ва дигар маризиҳо дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар замони шуюъи "вируси корона" 14 муҳоҷире, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, бо ташхисҳои мухталиф ҷонҳои худро аз даст доданд.

"Синни поёнтарини онҳо 55 ва болотаринашон 78 буд. Ба қавли пизишкон, аксари онҳо аз илтиҳоби шуш ва қисме ҳам маризиҳои дилу қанд фавт кардаанд. Намефаҳмам, ки ба "вируси корона" чӣ рабте доштанд. Вабо аст дигар, худиву бегонаро намешиносад. Ҳамаи онҳо дар қабристони Теппаи Роҳатии канори роҳи Душанбе - Ромит дафн карда шуданд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Аммо мавсуф аз вазъи риққатбор, хароб ва душвори иқтисодие низ қисса мекунад, ки дар пайи буҳрони пешомада аз "вируси корона" ба сари муҳоҷирини афғонистонӣ омадааст.

"Муҳоҷирин кор надоранд, қарантина аст, мардум ҷое рафта наметавонад, кирои хона ва дигар мушкилот зиндагии моро аз "корона" бештар сангин сохтааст", - гуфт роҳбари ҷамъияти "Ориёно".

Ба қавли ӯ, дар қатори 250 шаҳрванди Афғонистон, ки ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон хориҷ шуданд, ҳудуди 10 хонаводаи муҳоҷирин аз вилоятҳои Балху Бағлон ва Форёб низ буданд.

"Корти муҳоҷираташонро таслими хадамоти муҳоҷират карданд. Сабти вазорати хориҷаву сафорати Афғонистон карда, визаи хуруҷӣ гирифтанд ва рафтанд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Теъдоди маризони коронавирус дар Афғонистон марзи 8 ҳазор нафарро убур кард

Тибқи иттилои ҷамъияти "Ориёно", муҳоҷирини афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат, бақия дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр кардаанд ва умдатан бо дӯкондорӣ, мардикорӣ, сохтмон, таъмири мошин, таксиронӣ ва дигар касбу кор машғуланд.

Аммо роҳбари ҷамъияти "Ориёно" мегӯяд, дар қиёс бо онҳое, ки дар Покистону Эрон муҳоҷир ҳастанд, вазъи шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон хеле беҳтару хубтар аст ва дар баробари онҳо аслан табъиз вуҷуд надорад.

"Қабл аз ҳама дар ду чиз: маориф ва тандурустӣ. Бачаҳои мо дар қатори бачаҳои маҳаллӣ озод мактаб мехонанд. Агар яке аз мо ҳам мариз шавад, шифохонаҳо бидуни мамониат моро қабул ва тадовӣ мекунанд. Ҳамин мардуми мо ҳам, ки фавт карданд, чанд рӯз дар шифохонаи Ваҳдат буданд ва бо онҳо ҳамон гуна бархӯрд сурат гирифт, ки бо мардуми бумӣ буд. Мардум ҳам моро як хориҷӣ намедонад", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Тайи 40 соли буҳрон дар Афғонистон як қисмати бузурге аз мардуми ин сарзамин ба кишварҳои хориҷ, бахусус, ҳамсоя паноҳ бурданд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 7 миллион шаҳрванди Афғонистон дар Покистону Эрон паноҳанда мебошанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дигари ҳамсоя аст, ки ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷирро аз Афғонистон паноҳ додааст.

0
Барчаспҳо:
Афғонистон, маризон, даргузашт, Ваҳдат
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон